Тромп мунтазири тамоси эрониҳост
Ахбори байналмилал
Дунолд Тромп гуфт, мунтазири тамоси эрониҳост
Дунолд Тромп иддао кард, сафари ҳайати омрикоӣ ба Покистонро ба баҳонаи дурии масофат лағв кардааст.
Вай ҳамчунин муддаӣ шуд, ҳамаи кортҳои бозиро дар даст дорад ва барои ҳамин мунтазири тамоси Эрон аст.
Ӯ дар ин паём навишт:
“Ман ҳамин алъон сафари намояндагонам ба Исломободи Покистон барои мулоқот бо эрониҳоро лағв кардам.
Вақти зиёде барои сафар талаф шуд, кори зиёде! Илова бар ин, ихтилофот ва сардаргумии шадиде дар даруни “раҳбарӣ”-и онҳо вуҷуд дорад. Ҳеч кас, аз ҷумла худашон, намедонанд чӣ касе масъул аст.
Ҳамчунин, мо ҳамаи кортҳоро дорем, онҳо ҳеч корте надоранд! Агар мехоҳанд сӯҳбат кунанд, танҳо коре, ки бояд анҷом диҳанд ин аст, ки тамос бигиранд!”
Тоҷнек



















