Эрон: Ба тавофуқи ниҳоӣ бо Амрико нарасидаем
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Axios, ёддошти тафоҳуми Омрико ва Эрон, ки ба гуфтаи Тромп, ба зудӣ имзо хоҳад шуд, хостори кушодашавии тангаи Ҳурмуз ва лағви таҳримҳои Эрон аст.
Ин ёддошти тафоҳум, оташбасро ба муддати 60 рӯз, аз ҷумла дар Лубнон, тамдид мекунад ва дар ин муддат музокироти ҳастаӣ баргузор хоҳад шуд. Ин матн шомили чорчӯбе барои расидагӣ ба захоири ураниуми ғанишудаи Эрон аст, агарчӣ ҳар гуна иқдоме дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон, ба як тавофуқи дуввум ва дақиқтар бастагӣ дорад.
Бар асоси гузориши Axios, диплумоти яке аз кишварҳои миёнҷӣ, ки охирин матнро барои Axios шарҳ додааст, гуфт: Омрико ва Эрон бар сари матн ба тавофуқ расидаанд, аммо гуфт, ки ин тавофуқ ҳанӯз ба имзои ниҳоӣ ниёз дорад.
Бар асоси ин гузориш, ду манбаъи огоҳ гуфтанд, ки то асри панҷшанбе, ин тавофуқ дар сатҳҳои боло аз сӯйи тарафи эронӣ таъйид шуда буд, аммо тавассути раҳбари Эрон ҳанӯз таъйид нашудааст.
Axios ҳамчунин навишт: 4 ҳавопаймои C-17-и нерӯи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида рӯзи панҷшанбе ба Урупо парвоз карданд ва таҷҳизотеро барои сафари эҳтимолии муовини раисиҷумҳури Вэнс ба маросими имзо дар Женева дар рӯзҳои оянда мунтақил карданд.
Бино ба иддаои Axios, ба гуфтаи ду диплумот аз ду кишвари миёнҷӣ ва ду мақоми омрикоӣ, тавофуқи аввалия чаҳоршанбешаб пас аз соатҳо музокира байни Алӣ аз-Заводӣ, миёнҷии қатарӣ ва Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ҳосил шуд. Ду манбаъ гуфтанд, ки дар тӯли музокирот дар Теҳрон, Аз-Заводӣ чандин бор телефонӣ бо Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, фиристодагони Тромп, сӯҳбат кард.
Axios ҳамчунин навишт: ин тафоҳумнома хостори бозгушоии тангаи Ҳурмуз зарфи 30 рӯз аст. Дар иваз, муҳосираи Омрико низ лағв хоҳад шуд. Мақомоти омрикоӣ пеш аз ин ба Axios гуфта буданд, ки пас аз бозгушоии танга, ба Эрон муъофиятҳои муваққат аз таҳримҳо дода мешавад, то ба муддати 60 рӯз битавонад нафт бифурӯшад. Дар сурати пайбандии Эрон ба тавофуқи аввалия ва нишон додани “ҳусни ният” дар музокироти баъдӣ, коҳиши таҳримҳо афзоиш хоҳад ёфт.
Ин дар ҳоле аст, ки Эрон эълом карда ҳанӯз ба тавофуқи ниҳоӣ бо Омрико нарасидааст.
Тоҷнек



















