• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Имон ва ваҳдат

Як атеист вақте мегӯяд “Худо нест”, оё дурӯғ мегӯяд?

October 16, 2026
in Имон ва ваҳдат
0
Миҳан ва Ислом
0
SHARES
1
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Як атеист вақте мегӯяд “Худо нест”, оё дурӯғ мегӯяд?

Сайидюнус Истаравшанӣ

Вақте решаи афкор ва ақоиди инсонҳо (албатта, инсонҳои донишманд, ки амдан дурӯғ намегӯянд) дуруст воковӣ ва мавриди баррасии дақиқи фалсафӣ қарор бигирад, мебинед, бештари онҳо ҳарфи носаҳеҳе намегуфтаанд. Масалан, вақте як нафар атеисти донишманд ва содиқ (на дурӯғгӯ ва ҳуққабоз ва бесавод) мегӯяд, “Худо нест”, агар шумо дуруст ба манзури вай пай бибаред, мебинед, ҳарфаш комилан дуруст ва мантиқӣ будааст. Аммо мушкил ин ҷост, ки бештари мо инсонҳо ба манзури ҳақиқии ӯ пай намебарем.

Дар ин навиштори кӯтоҳ, мехоҳам ин муддаоро барои хонанда собит кунам. Аммо қабл аз баёни матлаб, се муқаддима пешкаш мекунам, ки барои фаҳми матлаб бисёр зарурист.

1. Муқаддимаи аввал он ки: ҳар гузора (proposition = суждение) аз се қисмат иборат аст: мавзӯъ, маҳмул, ҳукм. Масалан, вақте мегӯем: “Анҷир ширин аст”, дар ин гузора, “анҷир” мавзӯъ аст, “ширин будан” маҳмул аст ва аммо ҳамли ширинӣ бар анҷир як ҳукм аст, ки аз сӯйи мо анҷом мегирад. Ин гузора агар бо воқеъ мунтабиқ бошад (яъне агар дар олами воқеъ низ анҷир ширин бошад), гузораи содиқ аст ва ҳақиқат дорад. Ва бо ин фарз, агар гуфта шавад, “Анҷир ширин нест”, ин гузора дигар гузораи ботил аст яъне дурӯғ.

2. Муқаддимаи дуввум он ки: гузораҳо ду гуна ҳастанд: эҷобӣ ва салбӣ. Дар гузораи эҷобӣ, маҳмул бар мавзӯъ ҳамл мешавад мисли ҳамин мисоле, ки дар боло зикр гардид, яъне “ширин будан” бар “анҷир” ҳамл шуд ва гуфта шуд: “Анҷир ширин аст”. Ва аммо дар гузораи салбӣ, маҳмул аз мавзӯъ салб мешавад мисли он ҷо, ки гуфта шавад: “Анҷир ширин нест”. Дар ин мисол, “ширин будан” аз “анҷир” салб гардид.

3. Муқаддимаи севвум он ки: дар мавриди дуруст будан ё нодуруст будани як гузора, вақте ду нафар инсон (ду нафар инсони донишманд албатта) бо ҳам ихтилоф пайдо мекунанд ва яке он гузораро дуруст медонад ва дигарӣ онро нодуруст ва ҳар як ба навбаи худ бар муддаои худ далел ва бурҳон ҳам иқома мекунад, дар ин гуна маворид, мушкил бештар ношӣ аз ин нест, ки яке дурӯғ мегӯяд ва яке рост, балки умдаи мушкил дар он аст, ки тасаввури ду тараф аз ҳақиқати “мавзӯъ” ё “маҳмул” ва ё ҳар ду, комилан мутавофит аст. Яъне, яке аз он ду нафар, аз “мавзӯъ” ё “маҳмул” ва ё ҳар ду, тасаввуре дар зеҳн дорад, ки бо тасаввури дигарӣ аз онҳо комилан мутавофит аст.

Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ин баҳс як баҳси лафзӣ нест, балки баҳс дар маъно ва мафҳум аст. Масалан, фарз кунед, як нафар бигӯяд, “Мавлоно файласуф нест” ва як нафари дигар ба ӯ бигӯяд, на, ту иштибоҳ мекунӣ, “Мавлоно файласуф” аст. Ва бо ҳам шурӯъ бикунанд ба баҳсу ҷадал ва чӣ басо соатҳо бо ҳам кашмакаш бикунанд ва ба ҷойе ҳам нарасанд.

Аммо манзури аввалӣ аз вожаи “фалсафа” — вақте гуфта, “Мавлоно файласуф нест” — як равиши хосс аз фалсафа — масалан фалсафаи Машшоъ — бошад, вале манзури дуввумӣ аз вожаи “фалсафа”, маънои куллии он ки ҳар навъ тафаккур ва таъаммули ақлиро дарбар мегирад бошад.

Хуб, дар ин сурат, ҳар ду (бо тасаввуре, ки аз “маҳмул”-и ин гузора дар зеҳни худ доранд) рост гуфтаанд ва ҳеч як дурӯғ нагуфта. Зеро, Мавлоно воқеан файласуф ба маънои як файласуфи Машшоъ нест, балки бо ин равиши фалсафӣ мухолиф ҳам ҳаст, аммо дар айни ҳол, агар фалсафаро ба маънои куллии он дар назар бигирем, Мавлоно қатъан дорои андешаҳои фалсафӣ аст.

Пас, ин ду нафар инсон агар дар ҳамон оғози кор, ба манзури якдигар пай мебуранд, чӣ басо аслан бо ҳам баҳсу ҷадал намекарданд.

Ҳол, баргардем бар сари асли матлаб.

* * *

Вақте як атеисти ғарбӣ мегӯяд, “Худо нест”, тасаввури ӯ аз мавзӯи ин гузора (яъне аз “Худо”), ғолибан Худое аст, ки ойини масеҳият ба намоиш гузошта, яъне касе, ки ҳам Худост, ҳам писари Худо ва ҳам Руҳулқудс ва ё касе, ки бо як фиристодаи худаш яъне ҳазрати Яъқуб (а) куштӣ мегирад ва мағлуби ӯ мешавад (чунонки дар китоби муқаддас омада) ва ё касе аст, ки ҳазрати Одам (а)-ро аз хӯрдани дарахти “маърифат” манъ карда ва хостааст, ки Одам (а) ва фарзандонаш ҳамеша ҷоҳил ва кавдан бимонанд.

Хуб, бо ин ҳол, ӯ ҳақ дорад бигӯяд, “Худо нест”. Воқеан, инчунин Худое вуҷуд надорад. Асосан, маҳол аст Худо якчунин зоте бошад.

Ва ин дар ҳолест, ки ӯ фикр мекунад, Худо дар ҳамаи адён, аз ҷумла ислом, аз ҳамин қарор аст. Пас, ӯ рост гуфта вақте гуфта, “Худо нест”.

Ва ё на, фарз кунем, тасаввураш аз мавзӯъ (Худо) дуруст аст, вале тасаввури вай аз маҳмул (яъне вожаи “мавҷуд” он ҷо, ки гуфта, “Худо мавҷуд нест”) як тасаввури хатост. Зеро тасаввури атеистҳои ғарбӣ аз “вуҷуд” (ғолиби онҳо албатта, на ҳамаашон) чизе аст, ки қобили эҳсос бошад; чаро ки онҳо “вуҷуд” (ҳастӣ)-ро мунҳасир дар моддиёт медонанд. Аз назари онҳо, “вуҷуд” мусовӣ аст бо “модда”. Яъне, ҳар чи ҳаст (мавҷуд), бояд ба эҳсоси инсон дарояд ва ё мавриди озмоиши таҷрубӣ қарор бигирад, вагарна вуҷуд надорад.

Хуб, бо ин ҳисоб, ӯ рост мегӯяд вақте мегӯяд, “Худо нест”. Зеро, агар қарор бошад, “вуҷуд” (ҳастӣ) мусовӣ бо “модда” ва қобили эҳсос бошад, мо инчунин Худое надорем. Худои моддӣ, ки қобили эҳсос ва ё мавриди озмоиш қарор бигирад, воқеан нест. Аслан, Худо наметавонад моддӣ бошад.

Ин вазъи як нафар атеисти ғарбӣ аст. Ва аммо вазъи атеисти шарқӣ.

Вазъи як атеисти шарқӣ (мусалмонзода) ҳам дар ин замина, аз вазъи як атеисти ғарбӣ чандон фарқ намекунад. Зеро, тасаввури онҳо аз мавзӯъ (Худо), ғолибан Худоест, ки ё аз забони донишмандони ғарбӣ ба гӯшашон хӯрда ва ё дар беҳтарин ҳолат, Худоест, ки аз пиразанҳо ва ё достонҳои хурофаомез хондаанд, ки дар ин сурат, бале, Худое инчунинӣ вуҷуд надорад, чунон ки дар боло ёдовар шудам.

Ва дар ноҳияи маҳмул (он ҷо ки мегӯянд, “Худо мавҷуд нест”) ҳам, вазъ аз ҳамин қарор аст. Зеро тасаввури ин азизон аз “мавҷуд”, дуруст ҳамон аст, ки атеистҳои ғарбӣ ироа кардаанд. Дар назари инон низ, “вуҷуд” мусовӣ аст бо “модда”. Яъне ҳар чи ҳаст, бояд ба эҳсос дарояд, вагарна нест. Ин ҷо ҳам дуруст мегӯянд вақте мегӯянд, “Худо нест”, чунонки дар боло зикр гардид. Зеро мо Худои моддӣ ва Худое, ки мавриди озмоиш қарор бигирад надорем.

Бинобар ин, агар тасаввури инон аз мавзӯъ (Худо) ва маҳмул (вуҷуд) он бошад, ки дар манобеи исломӣ (Қуръон ва суннат) ё дар калимоти фалосифаи исломӣ (мисли Форобӣ, Бӯалӣ Сино, Носири Хисрав ва ғайра…) ворид омадааст, он вақт баъид ба назар мерасад, ки бигӯянд, “Худо нест”. Зеро Худое, ки Қуръони Карим муаррифӣ мекунад, аз замин то ба осмон бо Худое, ки соири адён ба тасвир мекашанд, фарқ мекунад. Худое, ки Қуръон муаррифӣ мекунад ва дар осори исломӣ тасвир шуда, бад-ин шарҳ аст:

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ. قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ. اللَّهُ الصَّمَدُ. لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ. وَلَمْ يَكُن لَّهُ كُفُوًا أَحَدٌ

“Ба номи Худованди Раҳматгари Меҳрубон. Бигӯ: Ӯст Худои ягона. Худои самад (собит, мутаъолӣ, бениёз). (Касеро) назода ва зода нашудааст. Ва ҳеч кас ӯро ҳамто нест.” (Сураи Ихлос)

لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ وَهُوَ السَّمِيعُ البَصِيرُ

“Чизе монанди Ӯ нест ва Ӯст шунавои бино”. (Сураи Шӯро, ояти 11)

هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

“Ӯст аввал ва охир ва зоҳир ва ботин, ва Ӯ ба ҳар чизе доност”. (Сураи Ҳадид, ояти 3)

وَهُوَ مَعَكُمْ أَيْنَ مَا كُنتُمْ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

“Ва ҳар куҷо бошед, Ӯ бо шумост, ва Худо ба ҳар чӣ мекунед, биност”. (Сураи Ҳадид, ояти 4)

فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللّهِ إِنَّ اللّهَ وَاسِعٌ عَلِيمٌ

“Пас, ба ҳар сӯ рӯ кунед, он ҷо рӯй (ба) Худост. Оре, Худо гушоишгари доност”. (Сураи Бақара, ояти 115)

لا يزول أبدا ولم يزل، اول قبل الاشياء بلا أولية، وآخر بعد الاشياء بلا نهاية

“Ҳеч гоҳ завол напазирад ва ҳамвора будааст; пеш аз ҳама чиз буда бе он ки Ӯро оғозе бошад, ва пас аз ҳама чиз ҳаст бе он ки ниҳоят ва поёне дошта бошад”. (Имом Алӣ, Наҳҷул-балоға)

انك انت الله الذى لم تتناه فى العقول، فتكون فى مَهبّ فكرها مُكيّفا، ولا فى رَويّات خواطرها فتكون محدودا مصرّفا

“Ҳамоно, он Худое ҳастӣ, ки дар ақлҳо туро ниҳояте нест, то дар ҷараёни андешидани онҳо дорои кайфият бошӣ, ва дар таъаммули андешаҳо туро поёне нест, то дар натиҷа маҳдуд ва мутағаййир бошӣ”. (Имом Алӣ, Наҳҷул-балоға)

الظاهر فلا شىء فوقَه، والباطن فلا شىء دونَه

“Ошкор аст ва чизе ошкортар аз Ӯ нест, ва ниҳон аст ва чизе ниҳонтар аз Ӯ нест”. (Имом Алӣ, Наҳҷул-балоға)

.. ва ғайра, ки агар бихоҳем, ҳамаи оёт ва ривоёт ва осорро биёварем, худ китобе мустақил ва қатуре мешавад.

Ва ҳамчунин мафҳуми “вуҷуд” низ вақте як мусалмон мегӯяд, “Худо мавҷуд аст”, манзураш аз он, модда нест. Худое, ки мусалмон ба он мӯътақид аст, моддӣ нест, то ба эҳсос дарояд ва ё мавриди озмоиш қарор бигирад. Балки вуҷуд аз назари як мусалмон, ба ду қисм аст: вуҷуди моддӣ, вуҷуди муҷаррад (яъне ғайри моддӣ), ки барои он далоил ва бароҳини ақлии фаровоне иқома кардаанд, ки дар ҷойи худаш мастур аст ва инҷо маҷоли баёни онҳо нест.

* * *

Пас, бинобар ин, вақте як нафар атеист бигӯяд, “Худо нест”, пеш аз ҳама ва дар навбати аввал, бояд аз ӯ пурсид, манзури ӯ аз Худо чист ва сипас манзураш аз “вуҷуд” кадом аст. Ва то замоне ки ин ду мафҳум возеҳ нашавад, баҳсу ҷадал бо вай бемаънист.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Tags: оё дурӯғ мегӯяд?Як атеист вақте мегӯяд "Худо нест"
Previous Post

Михаил Ходорковский – самый богатый заключенный России

Related Posts

Ҳақ ва адолат дар ҷаҳон ҳумфармост ё зулм ва ботил?
Имон ва ваҳдат

Ҳақ ва адолат дар ҷаҳон ҳумфармост ё зулм ва ботил?

October 13, 2026
Муҳаммад
Имон ва ваҳдат

Аъробӣ ва Расули Акрам (с)

October 12, 2026
Миҳан ва Ислом
Имон ва ваҳдат

Ваҳдати вуҷуд ба забони содда

October 5, 2026
Оё мусалмон будан, тақлид аз фарҳанги араб аст?
Имон ва ваҳдат

Оё мусалмон будан, тақлид аз фарҳанги араб аст?

September 12, 2026
Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)
Имон ва ваҳдат

Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

August 30, 2026
Шафоат чист?
Имон ва ваҳдат

Шафоат чист?

June 21, 2026

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Миҳан ва Ислом

Як атеист вақте мегӯяд “Худо нест”, оё дурӯғ мегӯяд?

October 16, 2026
Михаил Ходорковский - самый богатый заключенный России

Михаил Ходорковский – самый богатый заключенный России

October 16, 2026
Асирии Ахсикатӣ

Асирии Ахсикатӣ

October 13, 2026
Фармондеҳи Сипоҳ: Амрико ба қочоқчии нафт табдил шудааст

Фармондеҳи Сипоҳ: Амрико ба қочоқчии нафт табдил шудааст

October 13, 2026

Recent News

Миҳан ва Ислом

Як атеист вақте мегӯяд “Худо нест”, оё дурӯғ мегӯяд?

October 16, 2026
Михаил Ходорковский - самый богатый заключенный России

Михаил Ходорковский – самый богатый заключенный России

October 16, 2026
Асирии Ахсикатӣ

Асирии Ахсикатӣ

October 13, 2026
Фармондеҳи Сипоҳ: Амрико ба қочоқчии нафт табдил шудааст

Фармондеҳи Сипоҳ: Амрико ба қочоқчии нафт табдил шудааст

October 13, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Миҳан ва Ислом

Як атеист вақте мегӯяд “Худо нест”, оё дурӯғ мегӯяд?

October 16, 2026
Михаил Ходорковский - самый богатый заключенный России

Михаил Ходорковский – самый богатый заключенный России

October 16, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved