Яке аз аҳдофи аслии режими саҳюнистии Исроил дар густариши равобит бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки аз замони фурӯпошии Шӯравӣ то кунун идома дошта, мамониат аз густариши нуфузи Эрон дар ҷумҳуриҳои минтақаи Қафқози ҷанубӣ ва албатта Осиёи Миёна будааст. Ин сиёсати стротегии Исроил дар минтақа дар ҷиҳати пешбурди аҳдоф ва манофеи сиёсати хориҷии худ мебошад.
Давлати Исроил ҳамвора барои раҳоӣ аз қайду бандҳои инзивои минтақаӣ ва байналмилалӣ талош мекунад то бо кишварҳои бештаре шарокат кунад.
Исроилиҳо бо дарки комил аз маҳдудиятҳои сохтории худ, мекӯшанд то бо нуфуз дар бархе манотиқ, боби доду ситад бо кишварҳоеро боз кунанд, ки метавонанд мазиятҳои фаровонеро барои онҳо фароҳам оваранд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, минтақаи Қафқози ҷанубӣ ва се кишвари мустақилли он аз ҷумла маконҳое ҳастанд, Тел-Авив ба дунболи нуфуз дар онҳо мебошад.
Дар ин миён, кишвари мусалмони Озарбойҷон ба далоиле чанд, беш аз ду кишвари Арманистон ва Гурҷистон тавонистааст барои Тел-Авив ҷаззобият дошта бошад. Ҳол ин ки чӣ илал ва авомиле боис шудааст то исроилиҳо дар роҳи боло бурдани сатҳи равобит бо Боку кӯшиши бештаре аз худ нишон диҳанд, пурсиши муҳиммест, ки матраҳ мешавад. Ба иборати дигар, бояд ин саволро баён кард, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон дорои чӣ аҳамияте барои Исроил дар идомаи тавсиаи муносибот аст?
Бидуни тардид, дар посух ба ин пурсиш, авомили мухталифе нақшофаринӣ мекунад.
Яке аз муҳимтарин нукот дар ин замина, ки аз қазо камтар дар расонаҳо матраҳ шудааст, баҳси мусалмон будани кишвари Озарбойҷон аст.
Ба далели заминаҳои нафрате, ки ҳамвора аз сӯи мусалмонон нисбат ба режими саҳюнистии Исроил (ба далели баҳси Фаластин) вуҷуд доштааст, Исроил мекӯшад то бо бархе аз кишварҳои мусалмон, ки замина барои беҳбуди равобити Тел-Авив бо онҳо вуҷуд дорад, боби муровида ва гуфтугӯро фароҳам созад. Сиёсатгузорони исроилӣ ҳамвора кӯшидаанд то бо барқарории равобит бо кишварҳое, ки ҷамъияти умдаи мусалмон доранд, ин истинботро, ки “Исроил режими зиддиисломӣ аст”, аз байн баранд.
Чунончи гуфта шуд, дар миёни се кишвари минтақаи Қафқози Ҷанубӣ, танҳо Озарбойҷон аст, ки аксарияти ҷамъияти ин кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд ва Исроил низ дар тӯли солҳои ахир, талоши густардае кардааст, то равобити иқтисодии худро бо Боку ба соири заминаҳо низ сироят диҳад.
Мавзӯи муҳимми дигарро бояд ба Эрон муртабит донист, чунки Эрон доиман хоре дар чашми сарони режими саҳюнистии Исроил будааст ва онҳо талош кардаанд то бо истифода аз бархе кишварҳои наздик ба Эрон (ҳам аз лиҳози ҷуғрофиёӣ ва ҳам аз лиҳози пайвандҳои торихӣ, фарҳангӣ ва мазаҳбӣ) Ҷумҳурии Исломии Эронро дар тангно ва фишор қарор диҳанд.
Бидуни тардид, яке аз аҳдофи аслии Исроил дар густариши равобит бо Озарбойҷон, ки аз замони фурӯпошии Шӯравӣ то кунун идома дорад, мамониат аз густариши нуфузи Эрон дар ҷумҳуриҳои минтақаи Қафқози ҷанубӣ ва албатта Осиёи Миёна будааст.
Ин сиёсати стротегии Исроил дар минтақа дар ҷиҳати пешбурди аҳдоф ва манофеи сиёсати хориҷии худ мебошад. Нуфуз дар баданаи иттилоотии Ҷумҳурии Озарбойҷон тавассути саҳюнистҳо ҷиҳати зарба задан ба манофеи Эрон, нуктаи амниятие аст, ки набояд аҳамияти онро нодида гирифт.
Тӯли солҳои ахир, чандин бор ин ҳақиқат ошкор шуд, ки саҳюнистҳо талош кардаанд то аз тариқи Озарбойҷон осебҳои амниятиро ба Эрон ворид созанд. Дар ҳар ҳол, дур аз зеҳн нест, ки ҳузур дар марзҳои шимолии Эрон, яке аз муҳимтарин аҳдофи Исроил дар равобит бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аст.
Бархурдории Озарбойҷон аз манобеи ғании энержӣ, яке дигар аз мавзӯот ва масоилест, ки аҳамияти Озарбойҷонро барои режими саҳюнистии Исроил боло бурдааст. Озарбойҷон ҳам ба далеи мавқеияти жеополитикии худ ин таворо дорад, то ба кишварҳои мухталиф энержӣ содир кунад ва баъид нест, ин амр барои Исроил, ки шадидан ниёзманди нафт аст, амре зарурӣ ба шумор равад.
Албатта саҳюнистҳо нигоҳи дигаре низ дар ин робита доранд ва он ин ки ин режим бо огоҳӣ аз потенсиалҳои мавҷуди байни Эрон ва Озарбойҷон ва Русия талош мекунад то монеи шаклгирӣ ва эҷоди ҳамкориҳои муштараки минтақаӣ дар ҳавзаи энержӣ байни ин се кишвар шавад.