• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Ҳаҷ ва ҳимоят аз ормони Фаластин

June 9, 2023
in Uncategorized, Имон ва ваҳдат
0
ҳимоят аз фаластин
0
SHARES
13
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

 

 

Яке аз муҳимтарин масоили ибодӣ-сиёсии оини муқаддаси ислом, фаризаи ҳаҷ аст, ки ҳамасола аз сӯи ҳазорон инсони муштоқ, аз саросари ҷаҳон, бо миллиятҳо, нажодҳо, рангҳо ва забонҳои мухталиф, дар сарзамини ваҳй анҷом мегирад.

Дар миёни фароиз ва дастуроти дин, камтар фаризае монанди ҳаҷ, мавриди таваҷҷуҳ ва суфориш қарор гирифтааст. Ба сурате ки таъкиди Қуръони Карим ва тавсияҳои пай дар пай ва бисёр шадиди авлиёи дин дар ин замина, васфнашуданист.

Баракоти бисёре дар партави амал ба маносики ҳаҷ насиби ҷомеаи исломӣ мегардад, ки вифоқ, ҳамдилӣ, иттиҳод ва ухуввату бародарии пайравони мазоҳиби исломӣ, аз муҳимтарини онҳост.[1]

Мавсими ҳаҷ зарфияти фавқулоддаеро дар худ ҷой додааст, ки ҳарсола метавон аз ин зарфият барои таҳаққуқи аҳдофи тарсимшудаи дини ислом баҳра бурд.

Аз зарфияти ҳаҷ метавон барои наздик кардан ва иттиҳоди миллатҳои мусалмон бахусус, дар робита бо озодии Фаластин ва Қудси Шариф истифода кард.[2]

Собиқа ва таҷрибаҳои торихӣ исбот мекунад, ки моҳияти ишғолгар ва тавсиаталаби режими саҳюнистии Исроил, бо сабот, амният ва сулҳ дар минтақа носозгор аст ва ин режим роҳбурди ҳифзи амният ва бақои худро дар талоши мустамар ва музиёна барои нуфуз, ихтилофафканӣ, эҷоди душманӣ, низоъ ва ҷанг миёни кишварҳои исломӣ таъриф кардааст, ба ҳамин ҷиҳат, аз он ҷо ки мавсими ҳаҷ худ бузургтарин гирдиҳамоии мусалмонон дар Масҷидулҳаром аст, мусалмонон дар ин ҳамоиши бузург метавонанд дар баробари тавтиаи бузурги ҳазфи Фаластин ва Масҷидулақсо ва ҳамчунин дар баробари тавтиа алайҳи кишварҳои мусалмон, хусусан меҳвари муқовимат биистанд.[3]

Аҳамияти истифода аз зарфияти ҳаҷ барои ҳимоят аз ормони Фаластин боис шудааст, то раҳбари Эрон ҳамвора нисбат ба ин мавзӯъ нигоҳи вижае дошта бошад. Эшон чанде пеш, дар дидори масъулон, коргузорон ва ҷамъе аз зоирони Байтуллоҳ-ил-Ҳаром, нигоҳи саҳеҳ ба ҳаҷ ва фаҳми аҳамияти ин фаризаро бисёр муҳим хонда ва таъкид намуданд: Ҳаҷ, масъалаи ҷаҳонӣ ва тамаддунӣ аст, ки ҳадафи он, иртиқои уммати исломӣ, наздикии дилҳои мусалмонон ва иттиҳоди уммати исломӣ дар муқобили куфру зулм ва истикбору бутҳои башарӣ ва ғайрибашарист.[4]

Раҳбари Эрон соли гузашта низ дар дидор бо коргузорони ҳаҷ изҳор дошт:

Ҳаҷ яке аз таҷаммуоти истисноӣ, на танҳо дар ҷаҳони ислом, балки дар кулли иҷтимои имрӯзии башарӣ аст. Ин таҷаммӯъ фурсате барои ироаи виҷҳаи мутафовит аз ончи мутаассир аз фазои расонаӣ дар азҳони дигар мардуми кишварҳои арабӣ ва исломист, мебошад, фурсате, ки бо таваҷҷуҳ ба ҷамъияти болои эрониҳо дар миёни ҳоҷиён, агар дуруст баҳрабардорӣ шавад, беназир аст. Яке аз иқдомот ва фурсатҳое, ки дар мавриди ҳаҷ метавон анҷом дод, пайванди он бо як масъалаи муштарак дар миёни уммати исломӣ, яъне масъалаи Фаластин аст.[5]

Эшон ҳамчунин дар хилоли баҳси худ, дар мавриди иқдоме, ки бояд барои ҳаҷ анҷом дод, фармуд: Як масъала, масъалаи саҳюнистҳост; яъне имрӯз балои саҳюнизм барои дунёи ислом, балои нақд ва фаврӣ ва ҳатмист. Ҳамеша бало буда, ҳатто пеш аз ташкили давлати сохтагии саҳюнистӣ; он вақт ҳам сармоядорҳои саҳюнистии дунё бало барои ҷони ҳама буданд, аммо алъон ҳам бахусус барои дунёи ислом балост. Инро бояд ифшо кард, бояд гуфт; ҳоло ба ҳар шакле, ки баладед, ба ҳар шакле, ки метавонед.

Раҳбари Эрон пештар низ дар ҷараёни дидорашон бо масъулини ҳаҷ, дар соли 1396 (шамсӣ) гуфта буд: Алъон қазияи Масҷидулақсо матраҳ аст; саҳюнистҳо ҷарӣ ва густох шудаанд ва ба худ ҳақ додаанд, ки ба соҳибони Масҷидулақсо сахт бигиранд ва монеи онон шаванд.

Уммати исломӣ куҷо беҳтар метавонад пайдо кунад, ки дар бораи Масҷидулақсо изҳори назар кунад? Изҳори мавзеъ дар бораи ҳузури шароратомези Амрико дар минтақа ҷояш куҷост? Ҳаҷ беҳтарин ҷост.[6]

Бо таваҷҷуҳ ба баёноти раҳбари Эрон метавон аз фурсати азими ҳаҷ ба лиҳози вазъияти вижаи ҳаҷ ва фазои маънавӣ ва мавқеияти замонӣ ва маконӣ ва иртибототи мардумӣ ва шароити мусоиди равонии он, таблиғ ва паёмрасонӣ дар мавсими ҳаҷро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод ва аз ин фурсат ба хусус, барои дифоъ аз ормони Фаластин истифода кард. Чаро ки ҳаҷ муносибтарин маҷмаи байналмилалист, ки заминаи ҳар навъ фаъолиятеро ба нафъи ислом фароҳам меоварад ва метавон унвони “Васоили иртиботи ҷамъии ҷаҳоншумул”-ро барои он баргузид.

 

 

 

 

 

 

Previous Post

Ироқ дар масири тавсиа

Next Post

Забони форсӣ ва ҳамсоягони мо :

Related Posts

Саволи як донишҷӯ
Имон ва ваҳдат

Ёр то ёр аст

June 14, 2025
Бандаи шукргузоре бошам
Имон ва ваҳдат

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҳаркиро завқи дин падид ояд...
Имон ва ваҳдат

Ҳар киро завқи дин падид ояд…

June 10, 2025
Саволи як донишҷӯ
Имон ва ваҳдат

Пурсишу посухҳои маърифатӣ

June 4, 2025
Оятуллоҳ Хоманаӣ
Имон ва ваҳдат

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Олам маҳзари Худост
Имон ва ваҳдат

Олам маҳзари Худост

May 30, 2025
Next Post
забони форсӣ

Забони форсӣ ва ҳамсоягони мо :

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Аҳмад Таййиб ҳамалоти Исроилро башиддат маҳкум кард

Аҳмад Таййиб ҳамалоти Исроилро башиддат маҳкум кард

June 21, 2025
Шукӯҳи зиндагӣ

Фарёд ва сукути бемавқеъ

June 21, 2025
Эрдуғон: Пирӯзӣ ба вуҷуд хоҳад омад

Эрдуғон: Пирӯзӣ ба вуҷуд хоҳад омад

June 21, 2025
Содироти нафти Эрон афзоиш ёфтааст

Содироти нафти Эрон афзоиш ёфтааст

June 21, 2025

Recent News

Аҳмад Таййиб ҳамалоти Исроилро башиддат маҳкум кард

Аҳмад Таййиб ҳамалоти Исроилро башиддат маҳкум кард

June 21, 2025
Шукӯҳи зиндагӣ

Фарёд ва сукути бемавқеъ

June 21, 2025
Эрдуғон: Пирӯзӣ ба вуҷуд хоҳад омад

Эрдуғон: Пирӯзӣ ба вуҷуд хоҳад омад

June 21, 2025
Содироти нафти Эрон афзоиш ёфтааст

Содироти нафти Эрон афзоиш ёфтааст

June 21, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Аҳмад Таййиб ҳамалоти Исроилро башиддат маҳкум кард

Аҳмад Таййиб ҳамалоти Исроилро башиддат маҳкум кард

June 21, 2025
Шукӯҳи зиндагӣ

Фарёд ва сукути бемавқеъ

June 21, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved