• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Нақши дарёчаҳо дар саноати барқии Осиёи Миёна

July 26, 2023
in Uncategorized, Мавзӯоти доғ
0
Тоҷикистон
0
SHARES
4
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар солҳои ахир, кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна бо камбуди барқ ва дар тобистон бо камбуди об рӯбарӯ мешаванд.

Яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкил, сохти ниругоҳҳои обии кучак ва мутавассит мебошад, ки истифода аз потенсиали рудхонаҳои кучакро имкон медиҳад.

Қазоқистон ва Қирғизистон ба тозагӣ баҳс дар бораи пружаҳои муштарак барои сохти ниругоҳҳои барқии обии кучакро оғоз карданд.

Узбекистон қасд дорад, то 50 ниругоҳи барқии обӣ дар солҳои оянда бисозад, аммо ба сармоягузорӣ ниёз дорад.

Ду кишвари Узбекистон ва Тоҷикистон қаблан дар ин маврид тивофуқ кардаанд ва марҳилаи аввали сохти ниругоҳро рӯи дарёи Зарафшон, ниругоҳи “Ёвон” бо зарфияти 140 меговот бо маблағи 282 миллион доллар ва дигаре ниругоҳи Фондарё бо зарфияти 135 меговот ва бо маблағи ҳудуди 270 миллион доллар оғоз кардаанд.

Далер Ҷумъа – вазири энержӣ ва манобеи обии Тоҷикистон  гуфт: Дар ибтидо кори иктишоф ва баррасиҳои заминшиносӣ анҷом хоҳад шуд.

Марҳилаи дуввум, имконсанҷии пружа хоҳад буд, ки ҳудуди шаш моҳ тӯл мекашад. Дар ин марҳила маблағи ниҳоии пружа муҳосиба мешавад.

Сохти ин ниругоҳҳо аввалин пружаи бузург дар ҳамкориҳои энержии байни Тоҷикистон ва Узбекистон аст. Қарордоди сохти ниругоҳи барқии обӣ дар соли 2021 дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон имзо шудааст.

Андрей Захватов – муҳандиси гидравлик ва коршиноси Осиёи Миёна гуфт: Дар сатҳи ҷаҳонӣ ин ду ниругоҳи барқӣ мушкилеро ҳал намекунад.

Ба гуфтаи вай, кишварҳои ин минтақа аз зарфияти ниругоҳҳои обие, ки насб кардаанд, аз потенсиали комили он истифода намекунанд.

Ба таври хос, Тоҷикистон аз назари потенсиали обӣ дар  рутбаи ҳаштуми ҷаҳонӣ қарор дорад ва аз назари потенсиали сарона, дар рутбаи аввал ва дуввум қарор дорад.

Дар рӯи рудхонаҳо ва дарёчаҳои ин кишвар метавон даҳҳо ниругоҳҳои кучак ва мутавассит сохт.

Беш аз дусад ниругоҳи барқ дар Қирғизистон метавон сохт, ки шомили даҳҳо ниругоҳи кучак мешавад.

Бо ин вуҷуд, пас аз фурупошии Иттиҳоди Шуравӣ ва аз байн рафтани ҳалқаи энержии он ва пас аз роҳандозии теъдоде аз ниругоҳҳои барқии обии ҷадид, потенсиали рудхонаҳо ва дарёҳо андаке афзоиш ёфт.

Захватов афзуд: Дар Қирғизистон, дар соли 2022 сохти бузургтарин ниругоҳи “Қанбарота-1” оғоз шуд, аммо ин кишвар бидуни сармоягузор қодир ба такмили он нахоҳад буд.

Ин коршинос аз ҷумла далелеро, ки монеи эҳдоси ниругоҳҳои барқи обии кучак дар ин кишварҳо мешавад, рушди ҷамъият, камоб будани дарёҳо дар фасли зимистон ва камбуди будҷа ва мутахассис ном бурд.

Алма Жукенова – муовини Идораи манобеи энержии таҷдидпазири Вазорати энержии Қазоқистон эълом кард: Дар ин кишвар потенсиали ниругоҳҳои обии кучак дар оянда ҳудуди 50 дарсад аз ҳаҷми масрафи барқ дар Қазоқистонро пӯшиш хоҳад дод.

Ба гуфтаи Жукенова, се минтақаи ғанӣ аз манобеи энержии обӣ дар ин кишвар монанди ҳавзаи дарёи Иртиш бо ниругоҳҳои обии бузург, ниругоҳи Бухтарма, Шулбинская, Уст-Каменогорск, ҳавзаи дарёи Или, Копшогой, Муйнок, Сирдарё, Ҳавзаи дарёи Толос ва Чу вуҷуд дорад.

Жукенова ишора кард, ки навад дарсад аз тамоми рудхонаҳои (дарёҳои) Қазоқистон кучак ҳастанд, тӯли онҳо камтар аз сад километр аст. Сохти ниругоҳҳои обии кучак дар ин кишвар судовар аст.

Қазоқистон барои дастёбӣ ба аҳдофи худ, дар назар дорад, қарордод бо Қирғизистон ва Узбекистон дар мавриди истифода аз манобеи ҳавзаи рудхонаи Сирдаёро бознигарӣ кунанд. Ин қарордод аз соли 1998 лозимулиҷро аст ва истифода аз манобеи Сирдарё дар обёрӣ ва энержиро танзим мекунад.

Дар шароити феълӣ, барқи изофа аз ниругоҳҳои обӣ ба Қазоқистон ва Узбекистон меравад, дар муқобил, Қирғизистон аз ҳамсоягони худ хадамоти энержӣ, молӣ ва тиҷорӣ дарёфт мекунад.

Previous Post

Вазъият дар сарҳади Тоҷикистогн ва Қирғизистон

Next Post

Баргузории нишасти 5+1C Кишварҳои Осиёи марказӣ ва Амрико дарбораи масъалаи Афғонистон

Related Posts

Тарсондан – зулми бузург
Мавзӯоти доғ

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт
Мавзӯоти доғ

Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт

January 4, 2026
Захват Мадуро
Мавзӯоти доғ

Захват Мадуро

January 4, 2026
Раиси Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ
Мавзӯоти доғ

Раиси Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ: Рабудани раиси ҷумҳури Венесуэла ҷинояти ҷангӣ аст

January 4, 2026
Пешбинии Ҳуго Човез
Мавзӯоти доғ

Пешбинии Ҳуго Човез

January 4, 2026
Тазоҳурот дар Ҳинд дар эътироз ба ҳамлаи Амрико ба Венесуэла
Мавзӯоти доғ

Тазоҳурот дар Ҳинд дар эътироз ба ҳамлаи Амрико ба Венесуэла

January 4, 2026
Next Post
нишасти 5+1 C

Баргузории нишасти 5+1C Кишварҳои Осиёи марказӣ ва Амрико дарбораи масъалаи Афғонистон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved