Амалиёти Тӯфони Ақсо
Наздикии субҳи рӯзи шанбе, 7-октябри 2023 (15-меҳрмоҳи 1402-и шамсӣ), гурӯҳҳои муқовимат, амалиётеро таҳти унвони “Туфон-ул-Ақсо” дар умқи хоки Исроил роҳандозӣ намуданд. Дар ин амалиёт, нируҳои муқовимат, беш аз панҷ ҳазор мушакро аз Навори Ғазза ба самти Исроил партоб карданд ва ҳамзамон пиёданизоми гурӯҳҳои муқовимат низ ба шаҳракҳо ва манотиқе, ки тавассути режими саҳюнистии Исроил ишғол гардида буданд, ҳамла намуданд.
Амалиёти Тӯфони Ақсо яке аз муваффақонатарин ҷангҳои гурӯҳи муқовимат дар байни тамоми ҷангҳоест, ки дар тӯли беш аз ҳафтод сол бо режими саҳюнистӣ сурат гирифтааст. Ин ҷанг чунон ғофилгиркунанда ва ҳисобшуда сурат гирифт, ки ҳатто душманони мардуми Фаластин низ ба муваффақият ва комёбии он, эътироф карданд.
Чунон чи вазири хориҷаи Англия дар твитте навиштааст, ки: аз иқдомоти нируҳои муқовимат шок ва ваҳшатзада шудааст.
Аз тарафи дигар, амалиёти Тӯфони Ақсо чунон кӯбанда ва фарогир буд, ки режими саҳюнистии Исроилро амалан дар ҳавзаҳои иттилоотӣ ва низомӣ комилан бо шикаст рӯбарӯ сохт. Бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои мунҳасир ба фард ва хосси амалиёти Тӯфони Ақсо, лозим аст, ки далоил ва авомили онро колбудшикофӣ намоем.
Заминаҳо ва авомили амалиёти Тӯфони Ақсо
Исроил баъд аз он ки дар соли 2005 аз Ғазза ақибнишинӣ намуд, ин минтақаро ба бузургтарин зиндон табдил кард ва ду вижагие, ки исроилиҳо дар бархурд бо Ғазза, бо он тавсиф мешаванд, хашму ваҳшигарӣ алайҳи ғайринизомиён аст. Исроил дар торихи 27-декабри соли 2008 амалиёти “Сурби гудохта”-ро алайҳи Ғазза ба роҳ андохт ва Навори Ғаззаро аз замин, ҳаво ва дарё барои муддати 22 рӯз бомбаборон кард.
Ин ҷанг набуд, балки куштори якҷониба буд, ки дар он танҳо 13 исроилӣ кушта шуданд ва 1417 нафар ғаззаӣ кушта шуданд, ки аз ҷумлаи онҳо, 313 нафар кӯдакон буданд.
Беш аз 5500 тан низ захмӣ шуданд. Бар асоси оморҳо 83 дарсади қурбониён ғайринизомӣ буданд ва Исроил дар он замон муддаӣ шуда буд, ки барои дифоъ аз шаҳрвандонаш дар муқобили мушакҳои Ҳамос ин ҷангро ба роҳ андохтааст. Аммо аснод нишон медиҳад, ки ин ҷанги мутаҷовизонаи амдӣ буд.
Дар тавофуқи оташбас, ки дар соли 2008 таҳти назорати Миср, миёни Ҳамос ва Исроил сурат гирифт, қарор шуд, ки Исроил муҳосираи Ғаззаро поён диҳад. Аммо Исроил дар чаҳоруми ноябр ин тавофуқро нақз кард ва бо юриш ба Ғазза шаш тан аз раҳбарони Ҳамосро ба қатл расонд. Шӯрои ҳуқуқи башари СММ баъд аз ин ҷанг, ки 18-июни соли 2009 ба поён расид, кумитаи ҳақиқатёберо бо раёсати Ричард Голдстун фиристод. Вай ва тимаш ба ин натиҷа расиданд, ки нируҳои исроилӣ муртакиби нақзи қавонини ҷангӣ шудаанд.
Ин ҳайат ба ин натиҷа расид, ки ҷанге, ки дар тӯли се ҳафта дар авохири соли 2008 то авоили 2009 рух дод, ҳамлаи амдӣ барои муҷозот ва тавҳин ва тарсондани сокинон ва аз байн бурдани иқтисоди маҳаллии Ғазза будааст. Ҳадаф аз ин ҷанг тарсондани ғайринизомиён буд. Терроризм истифода аз зӯр алайҳи ғайринизомиён барои аҳдофи сиёсӣ аст ва бар асоси ин таъриф, амалиёти Сурби гудохта як иқдоми террористӣ ба шумор меравад; ҳадафи сиёсӣ, маҷбур кардани сокинон ба мухолифат бо Ҳамосе буд, ки дар интихоботи 2006 пирӯз шуда буд.
Амалиёти Сурби гудохта намоди ҳар масъалаи иштибоҳе дар равиши Исроил нисбат ба Ғазза аст. Даргирии Исроил ва Фаластин як даргирии сиёсӣ аст, ки наметавон бо равиши низомӣ онро ҳал кард, аммо Исроил равишҳои диплумотикро нодида мегирад ва ба эъмоли зӯри шадид мепардозад. Ин амалиёт яке аз ҷангҳои кучак алайҳи Ғазза буд, ки ба дунболи он амалиёти “Бозгашти пажвок” дар соли 2012 ва амалиёти “Сахраи сахт” дар соли 2014 рух дод. Ин асомии мутаҳаййиркунанда сирфан бо ҳадафи ҳилаварзӣ ва сарпӯш гузоштан бар ҳамла ба ғайринизомиён ва зерсохтҳои шаҳрӣ ба исми дифоъ аз худ интихоб шудаанд.
Женеролҳои исроилӣ дар бораи нуфуз ва ҳамла ба Ғазза ин гуна сӯҳбат мекунанд, ки ин ҷангҳо амалиёти “чидани ҳашиш дар боғ” аст. Ин киноя ба маънои ин аст, ки чунин амалиётҳое ба сурати муназзам ва бепоён анҷом мешаванд ва ин ба амалиёти қатли ғайринизомиён ва мунҳадим кардани зерсохтҳо ишора дорад. Ин киноя нишон медиҳад, ҳадафи амиқтаре пушти нодида гирифтани равишҳои диплумотик ва истифодаи мудовим аз зӯр вуҷуд дорад ва бар асоси ин воқеияти талх, ҳеч асли доимие вуҷуд надорад, чаро ки чанги оянда танҳо ба гузари замон бастагӣ дорад.
Ҳаҷме аз хушунатҳо ва ваҳшигариҳое, ки артиши Исроил дар манотиқи Ғазза ва ҳамҷавори он аз солҳои 2008 то ҳамин авохир муртакиб шудаанд, аз тасаввури инсон хориҷ аст. Одамӣ сирф ба далели ин ки инсон аст, наметавонад ҳатто он ҳаҷм аз барбарият ва ваҳшатро тасаввур кунад, чӣ расад, ки дар амал даст ба он хушунатҳо бибарад.
Саранҷом ҳаҷми азиме аз хушунатҳои норавои исроилиён, гурӯҳи муқовиматро ночор сохт, то иқдом ба як дифои ҷонона намоянд. Ба ҳамин хотир наздикиҳои субҳи ҳафтӯми октябри 2023, нируҳои муқовимат бо рокетпароканӣ ва ҳамла ба заминҳое, ки исроилиён дар тӯли солҳои гузашта ба ишғол дароварда буданд ва дар он манотиқ тамоман аъзои артиши Исроил сокин буданд, амалиёти бузургеро ба роҳ андохтанд.
Вижагиҳои хосси амалиёти Тӯфони Ақсо
Дар тӯли беш аз ҳафтод сол, тамоми ҷангҳое, ки миёни гурӯҳҳои муқовимат ва Исроил сурат гирифтаанд, дар тамоми он ҷангҳо, гурӯҳҳои муқовимат ва мардуми мазлуми Фаластин бештар аз исроилиён талафот ва қурбонӣ додаанд. Аммо амалиёти Тӯфони Ақсо, раванди ғамангези гузаштаро баръакс кард ва ин бор мусибати сахтеро ба сари Исроил ва артиши ин кишвар овард.
Ҳарчанд исроилиён дар тӯли торих, ҳамеша ғайринизомиёнро ҳадаф қарор додаанд ва ба ҳамин далел бештарин хасорат ва ҷиноятро дар ҳаққи мардуми мазлуми Фаластин ворид кардаанд, аммо амалиёти Тӯфони Ақсо афзун бар ин ки тамоми мавозин ва қавонини ҷангро риоят кардаанд, фақат марокизи низомиро ба сурати ҳисобшуда ва дақиқ ҳадаф қарор додаанд, ки муваффақияти беназире низ ба даст овардаанд.
Созмони Мусоди Исроил ва СИА-и Амрико, солҳост, ки ба худашон меболиданд ва дар сар то сари минтақа ва ҷаҳон ҷавлон медиҳанд, то кунун ҳеч кишваре ва ҳеч гурӯҳе натавониста буд, ки қудрати иттилоотии ин ду созмони махуфро ба чолиш бикашад ва онҳоро бо мушкил дучор гардонад, аммо амалиёти Тӯфони Ақсо, ба сурати хеле возеҳ ва рӯшан аз назари иттилоотӣ ин ду созмонро шикаст дод ва беобрӯ сохт.
Исроил дар тӯли солҳои ахир мудом ба Гунбади оҳанин ва қудрати дифоии артишаш меболид. Амалиёти Тӯфони Ақсо, чунон кӯбанда ва густарда қудрати дифоии Исроилро бо шикаст рӯбарӯ сохт, ки ҳатто дӯстони Исроил, эътироф мекунанд, ки он ҳама таблиғот дар системаи дифоии ин кишвар муболиғае беш набудааст.
Масъулияти ҷаҳони ислом дар баробари амалиёти Тӯфони Ақсо
Гурӯҳҳои муқовимат муваффақона амалиёти Тӯфони Ақсоро ба самар расонданд. Онҳо масъулият ва рисолаташонро ба таври аҳсан анҷом доданд. Ба далели ин ки бисёре аз кишварҳо ва давлатҳо бар ҷиноятҳо ва хушунатҳо ва ваҳшигариҳои Исроил дар солҳои гузашта сарпӯш гузошта буданд, амалиёти Тӯфони Ақсо боис шуд, ки Исроил то кунун нусхаи ҷадиде аз дарандагиашро дар Ғазза ба намоиш гузорад.
Бинобар ин кишварҳо ва гурӯҳҳое, ки дар паи эҷоди равобити оддӣ бо режими саҳюнистии Исроил буданд, акнун масъуланд, ки ба ҷиноятҳои беҳадду ҳасре, ки артиши Исроил дар Ғазза муртакиб мешаванд, нигоҳ кунанд ва сипас тасмим ба эҷоди равобити оддӣ бо ин кишвари ғосиб бигиранд. Аз тарафи дигар, ҷаҳони ислом ва бавижа созмонҳои ҳамкориҳои исломӣ дар шароити кунунӣ масъулият доранд, ки аз Ғазза ва мардуми мазлуми Фаластин дифоъ кунанд.
Агар Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар ҳоли ҳозир натавонад, ки аз инфиол дарбиёяд ва иқдоми амалӣ дар дифоъ аз мардуми мазлуми Фаластин анҷом диҳад, беҳтар аст, ки ин созмон мулғо гардад ва барои ҳамеша ба торих бипайвандад. Зеро аз замоне ки ин созмон таъсис ёфт, то кунун фаъолияти назаррас ва маҳсусе анҷом надодааст ва бар хилофи иттиҳодияҳое, ки дар Аврупо ва Амрико ва дигар нуқоти ҷаҳон фаъоланд ва дар шароити лозим ба масоили калон вуруд мекунанд ва таъсироти қобили мулоҳизае бар вазъият мегузоранд, Созмони ҳамкориҳои кишварҳои исломӣ то ҳануз ҳеч коре накарда ва натавонистааст.
Аз ин рӯ, шароити мардуми Фаластин дар ҳоли ҳозир, маҳак ва озмуни хубе барои короии созмонҳои ҳамкории кишварҳои исломӣ аст.
Афзун бар Созмони ҳамкориҳои кишварҳои исломӣ, Иттиҳодияи араб ва дар кул тамоми кишварҳои исломӣ (ҷаҳони ислом) муваззаф ва масъуланд, ки пеши роҳи қатли омми беравияи мардуми мусалмон ва мазлуми Фаластинро бигиранд. Агар ҷаҳони ислом, имрӯз аз мардуми мазлуми Фаластин ҳимоят накунад ва режими саҳюнистӣ зери сояи ҳимоятҳои Амрико ва ғарб, мусалмонони музлуми Ғазза ва Фаластинро қатли ом кунад, дер ё зуд ин вазъият домангири аксарияти ҷавомеи исломӣ хоҳад шуд. Вазъияти кунунии Ғазза ва Фаластин охирин ҳушдорест, ки ба ҷаҳони ислом дода мешавад.