• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Намоиш дар Маскав

November 11, 2023
in Uncategorized, Инсон ва инсоният, Мавзӯоти доғ, Ниёгони гузаштаи мо
0
москав
0
SHARES
2
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кишварҳои узви Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ усулан баданае буданд, ки фармонҳои содиршуда аз Маскавро бояд бидуни баррасӣ ва пурсиш таъйид ва иҷро мекарданд. Дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ низ ихтиёр ва иҷозати тасмимгирӣ надоштанд ва иродаи миллӣ ва мардумии мушаххасе низ чандон дар ин умур аз худ нишон намедоданд.

Бархе кишварҳои бузургтари ҳамсояи вобаста ба ин иттиҳод (истилоҳан кишварҳои моҳвораӣ) низ, чанд бор иқдомотеро дар ҷиҳати хилофи мавҷҳо ва вазиши боди Маскав анҷом доданд, ки мушти оҳанини Маскав посухи ин ҷасоратҳо буд. Олмони Шарқӣ, Лаҳистон (Полша), Маҷористон ва Чехословакияи собиқ, ҷумлагӣ; ҳаракатҳои сиёсӣ дар ин кишварҳои узви Паймони Варшава ҳеч гоҳ ба наҳзат мубаддал нашуд ва ҳосили муносиб ва матлубе барои мардуми он кишварҳо ба ҷуз гирифтории бештар дар калофи дарднок ва дардҳои иҷтимоии дигар бавуҷуд наовард; ихтиёроти маҳдуде дар ин кишварҳои вобаста (кишварҳои ҳамсояи вобаста ба Шӯравӣ) вуҷуд дошт, монанди тадриси забони миллӣ, интишори китоб ва расона ва машғулиятҳои ҳунарӣ ва варзишӣ, аммо дар тамоми ин маворид низ ҳадду ҳудуде дар тасвири зеҳни шаҳрвандон бавуҷуд оварда буданд, ки мизони озодии амал ва марзҳои номаръии онро ба таври табиӣ муроот мекаранд, бо ин ҳол, дар ҷараёноти пушти пардаи Кремл ва Политбюро, агар ҷадале рух медод, таъсири он бар ҷумлаи кишварҳои моҳвораии Шӯравӣ асар мегузошт.

Бо суқут ва зуҳури низоми раҳбарӣ дар Маскав, ки дар воқеъ ҷобаҷоии ҳамон низоми пешин дар либоси дигарест, бисёре аз кишваҳои моҳвораии (вобастаи) собиқ пиндоштанд, ки озодиро бо иродаи миллӣ ва мардумӣ ба даст овардаанд ва дар ин бовари норостин барои худ либоси сиёсӣ дӯхтанд ва эҳсосоти миллӣ ҷои мантиқи сиёсиро гирифт ва дар қолаби давлат бар ҳамон саккуи пешин бо зерсохтори мавҷуд ба созаи рӯсохторӣ пардохтанд, ки решаи он дар низом ва сиёсати иқтисод то ба имрӯз калидаш дар Маскав мебошад, бо ин тавсифи кутоҳ ба даврони ҳамон резиши козиб мерасем, ки Елсин ва Горбачев дар баробари ҳам қарор гирифтанд, девори Берлин фурӯ рехт, аммо гуле, ки аз резиши низоми пешини Маскав рӯид, решааш иваз нашуд, то ин ки навбати тими Путин расид. Ин бор низоми Маскав мустақим ва бевосита дар дасти созмони иттилоот ва амнияти Шӯравӣ (КГБ) қарор гирифт ва давлатмардон ва низомиён, ду гурӯҳи ҳомии ин бадана шуданд.

Душмании миллати арман ва турк решаи тӯлонӣ дорад ва чандон ниёзе ба ёдоварии торихии он нест, ҳамин бас, ки ишора кунем, ин кина то ҳадде буд, ки кор ба наслкушӣ анҷомид. Бо фурӯпошии (зоҳирии) Шӯравӣ, кишварҳои моҳвораӣ (кишварҳои вобастаи Шӯравӣ) ночор эъломи истиқлол карданд, лекин ин ҷудоии зоҳирӣ аз баданаи Маскав чандон ҳам “ҷудоӣ” набуд, беш аз ҳафтод сол ба шакли вобаста ва пайваста гаронигоҳ ва иттикои ақмори Шӯравӣ (кишварҳои вобаста) ба Макав ин ҷудоиро наметавоист бипазирад, албатта шоҳиди эҳсосот ва мастӣ аз вожаи истиқлол ба шакли муҷаррад ва муфрад бисёр зебо буд, аммо амалан имкон надошт, ихтиёрот ва раванд ва равишу риволи умури муҳим дар калофи калони Маскав қарор дошт, бо ин ҳол, таниш ва кинаи захмҳои бемарҳами куҳан дубора дар ҷумҳуриҳо ҳаёти сиёсӣ ва миллӣ пайдо кард, аз ҷумла ҷанги номубораке буд, ки байни Озарбойҷон ва Арманистон оғоз шуд ва чанд соле ба тӯл анҷомид, сивои кушта шудани ҳазорон нафар аз ду тараф ва хасорати молӣ, ниҳоятан ҷанг ба нафъи Арманистон ба поён расид ва натиҷаи пешбининашудаи ҳосил аз ҷанг, Ҷумҳурии Худмухтори Артсах (Қаробоғ) буд. Даргириҳои марзӣ дар даврони сулҳи козиб ҳамеша идома дошт ва ҳар бор оташе кушода мешуд, ду тараф ҳамдигарро муттаҳам мекарданд. Ҷумҳурии Озарбойҷон имтиёзи нафт ва ҳампайвандӣ ва ҳампешагӣ бо Туркия ва дигар кишварҳои туркнажод ва туркзабонро дорад ва чанд солест, ки ҳимояти низомӣ ва мусташории Исроил низ вориди муодилаи чандмаҷҳулаи минтақа шудааст.

Арманистон баданаи танҳоест, ки имтиёзи аввалияи он минтақаи зарбахур (Buffer Zone)-и торихӣ мебошад ва эҳтимоли дуввум ин ки ба таври суннатӣ русҳо тамоюли чандоне надоштанд то кишварҳои туркнажод ва туркзабон зери як парчам қарор гиранд.

Имрӯз Туркия аз кампи созмони НАТО амалан дар ҳоли хуруҷ мебошад ва бо душмани суннатӣ ва торихии худ – Русия ҳамкориҳои минтақаӣ анҷом медиҳад; аз ҷумла дахолат дар умури Қафқоз ва ширкати мустақим дар ҷанги 44 рӯзаи Арманистон ва Озарбойҷон метавонад намунаи рӯшане аз ин навъ дахолатҳо бошад, аммо чун ҳамзамон Туркия харидори мушакҳои падофанд аз навъи С-300 мебошад ва тавофуқи хариди чандин реактори атомӣ аз русҳоро имзо кардааст, лизо ҳузури сиёсӣ ва низомии Туркия дар Қафқоз, барои русҳо қобили таҳаммул мегардад. Давлати Арманистон низ таваҷҷуҳи чандоне ба сарнавишт ва ояндаи кишвари Арманистон надорад, барои низоми ҳоким, ҳифзи манофеи гурӯҳӣ ва синфӣ муҳимтар аст, бинобар ин давлатмардони кишвари Арманистон нақши торихии худро дар таъзим ва курниш ба нируҳои қавитари минтақа медонанд ва баҳои онро бо ҷону руҳи миллати арман мепардозанд.

Аммо гуфтугӯҳо ва дидорҳои намоишӣ ва баҳсу ҳадис дар мавриди натиҷа ва паёмади ин намоишҳо ва сенориюҳои пешнавиштаи Маскав, танҳо барои хариди вақт кофист, ки ба шакли зарраӣ мардумро беш аз ин масх ва қонеъ кунад, ки давлате дар Арманистон вуҷуд дорад, ки дар умури ҷаҳонӣ ва барои сулҳу осоиши мардум фаъолият мекунад, дар ин байн шоҳид ҳастем, ки давлати имрӯза ранҷи миллати арманро дармоннопазир мекунад ва кобуси нобудии миллат ва кишвари Арманистонро ба роҳатӣ аз мавонеи мавҷуд, ки ҷумлагӣ сусту осебпазир ҳастанд, убур дода ва ба нуқтаи поёнӣ мерасонад.

Роберт Бамбан (Robert Bamban)

Previous Post

Довуд ва бевазан

Next Post

Қораи Офриқо ба асри бедорӣ ва раҳоӣ аз истеъмор наздиктар мешавад

Related Posts

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт
Инсон ва инсоният

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум
Ниёгони гузаштаи мо

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам
Инсон ва инсоният

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон
Инсон ва инсоният

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025
муваффақият
Инсон ва инсоният

Пул ё ҳадаф

April 26, 2025
Рақобат ё ҳамкорӣ
Инсон ва инсоният

Рақобат ё ҳамкорӣ

April 26, 2025
Next Post
офриқо

Қораи Офриқо ба асри бедорӣ ва раҳоӣ аз истеъмор наздиктар мешавад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved