• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Насли нав, насли интернет ва насли иртиботҳои нав

February 3, 2024
in Uncategorized, Инсон ва инсоният
0
Насли нав, насли интернет ва насли иртиботҳои нав
0
SHARES
6
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

НАСЛИ ТИКТОК: Зиндагӣ иборат аз фурсатҳо ва таҳдидҳост. Бой ҳастӣ ё камбағал, солим ҳастӣ ё бемор, зан ё мард, пир ё ҷавон? Дар бунёди ҳар зиндагӣ Худо фурсатҳо ва таҳдидҳои бешуморро ҷо додааст.

Нафаре танҳоиро ғанимат шумурда, вақти худро дар мутолиаи зиёд гузаронида, олим мешавад. Нафари дигар дар танҳоӣ хиёлотӣ ва девона мешавад. Танҳоӣ фурсатҳо ва таҳдидҳо дорад. Пул фурсатҳо ва таҳдидҳо дорад. Фақр фурсатҳо ва таҳдидҳо дорад. Саломатӣ фурсатҳо ва таҳдидҳо дорад. Беморӣ фурсатҳо ва таҳдидҳо дорад.

Ба ҳамин тариқ, Худованд ҳар наслро низ бо фурсатҳо ва таҳдидҳои фаровон рӯ ба рӯ кардааст.

Дар асри иттилоот таҳдиди асри нав барои насли нав ИТТИЛООТ аст. Селаи иттилооте, ки изтиробу парешонии инсонҳоро зиёд карда, ба афзоиши бемориҳои равонӣ дар ҳоли ҳозир мусоидат намудааст. Агар Абӯ Алӣ ибни Сино дар асри хеш бо таассуби зиёдаравонаи мардум, бо душвории дастрасӣ ба ин ё он маълумот рӯ ба рӯ буд, насли нав зери фишори маҷрои иттилоот мондааст. Роҳи худсозиро насли имрӯз бояд зери тирборони иттилооти аксаран нолозим тай кунад.

Наврас субҳи барвақт вориди телефони мобилии худ мешавад. Телефони ӯ баробари рӯшан шудан селаи иттилоотро ба косаи мағзи ӯ мерезад. Лентаи инстаграм лентаи иттилоот аст. Лентаи фейсбук лентаи иттилоот аст. Каналҳои телеграм даъвои иттилорасонӣ мекунанд. Тикток тасвирҳои навбанавро вориди лавҳи хотираи тамошобин мегардонад.

ХУЛОСА: НАСЛИ НАВ СУБҲ ТО ШОМ БА ИСТЕЪМОЛИ ИТТИЛООТИ НАВ БА НАВ Ё ТАКРОРӢ МАШҒУЛ АСТ.

Фаромӯш накун, ки ҳар як хабар, ҳар як паём, ҳар як навор, ҳар як савт эҳсосеро дар вуҷуди инсон зинда мекунад. Аҳволи инсоне, ки дар инстаграм ба тамошои наворҳои кӯтоҳ машғул аст, дар муддати фақат 10 дақиқа зиёда аз 20 маротиба тағйир меёбад: механдад, мегиряд, асабӣ мешавад, ҳасодат меварзад, ба фикр фурӯ меравад, ҳасрат мехӯрад ва ғайра.

Истилоҳи ҷангҳои иттилоотиро ҳатман шунидаед? Дар асри иттилоот сипар ҳам иттилоот аст ва силоҳ ҳам иттилоот аст. Агар бо маълумоти лозим муҷаҳҳаз гардида бошӣ, зери тирборони иттилоот ҷон ба саломат мебарӣ. Агар зиреҳи қавии маърифатӣ дар тан надорӣ, тӯъмаи иттилоот мешавӣ.

Хондан ва ҳазм кардани ахбори зиёд одатан боиси қавӣ шудани равандҳои таҳлилӣ дар мағзи инсон мешавад. Таҳдиди асри нав ин аст, ки аз сабаби зиёд будани маълумоти нолозим ва зарарнок, аз сабаби ин ки инсонҳо ба истеъмолгарони беиродаи маълумот мубаддал шудаанд, аз сабаби ин ки инсон дар даруни селаи маълумот ғуттавар шуда, талош мекунад, ки аз дигарон дида, маълумоти бештар истеъмол кунад, дигар мағзи инсон фурсат барои таҳлили додаҳои истеъмолшударо намеёбад.

Дар натиҷа истеъмолкунандаи ахбор худ ба пойгоҳи додаҳои хом мубаддал мешавад. Ҳама чиро медонад ва дар айни ҳол ҳичӣ намедонад. Ҳама чиро мебинад ва дар айни ҳол ҳичӣ наметавонад.

Дар муносибат бо якдигар низ табодули ахбор ба муҳимтарин навъи муошират миёни инсонҳо мубаддал шудааст. Бо нафароне менишинам, ки иттилооти бештар доранд. Мухлиси нафароне ҳастам, ки ҳайратовартарин маълумотро пешниҳод мекунанд. Илми инсон муҳим нест, балки маълумоти ӯ муҳим аст. Ният ва ахлоқи инсон муҳим не, балки дастовардҳои моддӣ ва шукӯҳи зоҳирии ӯ аҳамият дорад.

Ин вазъият боиси шахшавии фикри пӯё ва дар натиҷа боиси шахшавии муносибатҳои инсонӣ гардидааст. Шикоят мекунанд, ки “духтаронро ҳама ҷанг асту ҷадал бо модар, писаронро ҳама бадхоҳи падарҳо дидаанд, ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад, ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мондааст”. Магар намедонӣ, ки маърифат ва андеша аст, ки одамро ба одамгарӣ мерасонад. Маърифат ва андеша аст, ки камари ҳайвони даруни инсонро мешиканад ва истеъмоли беисти иттилоот, қобилият ва фурсати таҳлилу андешаро аз инсон мегирад. Решаи асосии бераҳмӣ дар хонаводаҳо ва дар ҷомеа ҷаҳолату нодонист.

Previous Post

МАЗАММАТИ ДАШНОМ АЗ ДИДГОҲИ ДИН

Next Post

Ҳаким Абурайҳони Берунӣ, аз бузургони Тоҷик

Related Posts

Муҳаммад
Инсон ва инсоният

Обид ва сиддиқ

February 26, 2026
Сарлашкари хушахлоқ
Инсон ва инсоният

Сарлашкари хушахлоқ

February 24, 2026
Фарҳанги фарзонагӣ
Инсон ва инсоният

Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким 

February 24, 2026
Иззати дунё...
Инсон ва инсоният

Фақир ва ғанӣ

February 24, 2026
Достонҳои омӯзанда
Инсон ва инсоният

Истгоҳи садоқат

February 24, 2026
Ахлоқи некӯ
Инсон ва инсоният

Неъмати бузург

February 24, 2026
Next Post
берун

Ҳаким Абурайҳони Берунӣ, аз бузургони Тоҷик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

March 3, 2026
Сураи Фотиҳа

Сураи муборакаи Фотиҳа

March 3, 2026

Recent News

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

March 3, 2026
Сураи Фотиҳа

Сураи муборакаи Фотиҳа

March 3, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved