ҶОЯШОН БИҲИШТ БОД, ОМИН!
Рӯҳонии маъруфи Исмоил Пирмуҳаммадзода 18 майи соли 2022 ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
Ӯ 1 июли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шуда буд.
Таҳсилоти олӣ дошт, Исмоил Пирмуҳаммадзода наттоқ ва ровии моҳир буд, садои шевои гӯшнавозаш дар хазинаи тиллоии радио сабт ёфтааст, дар радиои ҷумҳурӣ дар хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ», «Осори Мирзо Бедил», «Осори устод Рӯдакӣ», «Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз» наттоқӣ кардааст. Исмоил Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 имом-хатиби Маcҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад ба ҳисоб мерафт. Ӯ маслиҳатгар ва раҳнамои мардум буд, суханонашро бо аҳодис ва абёти бузургон тақвият бахшида, шунавандагонро ба хушсуханиву накӯкорӣ даъват мекард.
18 майи соли 2022 вафот намуд.
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008) , барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012),