Мужда эй дил
Бештари шоирони мо дар бораи зуҳури Имом Маҳдӣ (а), ки ҷаҳонро пас аз он ки аз зулму ҷавр пур шуда, аз адлу дод пур хоҳад кард сурудаанд, аммо ҳеч кас ба монанди Ҳофиз зебо насуруда, Ҳофиз мегӯяд:
Мужда, эй дил, ки масеҳонафасе меояд,
Ки зи анфоси хушаш бӯйи касе меояд.
Аз ғами ҳиҷр макун нолаву фарёд, ки дӯш
Задаам фолеву фарёдрасе меояд.
З-оташи водии Айман на манам хурраму бас,
Мӯсӣ он ҷо ба умеди қабасе меояд.
Ҳеч кас нест, ки дар кӯйи туаш коре нест,
Ҳар кас он ҷо ба тариқи ҳавасе меояд.
Кас надонист, ки манзилгаҳи маъшуқ куҷост,
Ин қадар ҳаст, ки бонги ҷарасе меояд.
Ҷуръае деҳ, ки ба майхонаи арбоби карам,
Ҳар ҳарифе зи пайи мултамасе меояд.
Дӯстро гар сари пурсидани бемори ғам аст,
Гӯ, биё хуш, ки ҳанӯзаш нафасе меояд.
Хабар аз булбули ин боғ бипурсед, ки ман
Нолае мешунавам, к-аз қафасе меояд.
Ёр дорад сари сайди дили Ҳофиз, ёрон,
Шоҳбозе ба шикори магасе меояд.




















