Шовинизми тоҷикӣ
Бознашр аз сафҳаи шахсии Саломиддин Мирзораҳматов
Ба як қавми дигар ҳисси бадбинӣ доштан ва ин бадбинии худро ба намоиш гузоштан, миллати худро аз дигар миллатҳо боло пиндоштан ва дигаронро паст задан – агар ба таври хеле мухтасар баршуморем, нишонаҳои шовинизм ҳамин аст. Байни шовинизм ва фашизм чанд қадам аст, чун фашизм аз шовинизм сарчашма мегирад.
ПЕШГУФТОР
Ба назар мерасад, ки солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ тоҷикҳои “милллатдӯст” як аксияи доманадорро бар зидди қавми рус ва туркнажод ба роҳ мондаанд ва нафрати худро нисбат ба русҳо ва туркнажодҳо ба намоиш мегузоранд, ҳар замон аз русгароии тоҷикон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аз навиштаҳову гуфтаҳои онҳо чунин хулоса бармеояд:
— Ба ҳама бадбахтиҳои тоҷик дар садсолаҳо ҳамин ду қавм гунаҳкоранд;
— Аз рӯи мантиқи онҳо касе ба қавми рус эҳтиром дошта бошаду аз нақши русҳо дар тараққиёти Тоҷикистони Шӯравӣ ҳарф занад, русгаро аст.
— Русбадбин бояд буд. Зеро қавми рус танҳо сазовори нафрат аст ва ба сари миллати мо мусибати зиёде овардааст.
— Мо қавми бостонием, мо таърихи шаш ҳазорсола дорем, мо дар тафовут аз турку рус ориёием ва мисли ин…
Ташвишовар ин аст, ки ҳама афроди рӯшанфикр ва бомаърифат навиштаҳои русбадбину туркбадбинҳоро мехонанд ва ба ғазаб ҳам меоянд ва эътироз ҳам мекунанд, вале ин шигифтҳо дар доираи маҳдуд ва маҳрамона буда, касе ҷуръат надорад, ки рӯшод ин масъаларо дар мазҳари ом гузорад.
Чунин бепарвоӣ, бетарафӣ паёмадҳои номатлуб дорад.
Агар пеши роҳи ин афроди мутаасиб, ҷоҳил, бемасъулият, ки чаҳонбиниашон аз сӯрохии сӯзан ҳам тангтар асту аз биниашон дуртар чизеро намебинанд, гирифта нашавад, ба як фоҷиаи дигар гирифтор шудани Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест.
Боиси таассуф ин аст, ки нигоштаҳои ин тоифаро, ки ғолибан ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфоти сирилик аст, каси дигаре, ҳатто ҳамзабонони форсзабони мо ба иллати балад набудан бо ин ҳуруфот намехонанд. Ин нигоштаҳои фейсбукӣ ба ҳайси манбаи кушоди иттилоотӣ танҳо аз ҷониби хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ, ки дар сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон фаъолият доранд, мавриди таҳлил ва истифода қарор мегирад. Итминон дошта бошед, ки ин андешаву афкор ба муносибатҳои байнидавлатӣ ва бархӯрдҳо нисбат ба миллати мо ҳатман таъсиргузор хоҳанд буд. Пас ин тоифа, ки аз “ватандорӣ” ҳарф мезананд, чаро огоҳона ба зарари давлати худ садо баланд мекунанд? Ё амали онҳо зери таъсири нерӯҳои манфиатдор сурат мегирад?
Таърих гувоҳ аст, ки паёмади барангехтани низоъи байни миллӣ ҳамеша фоҷиабор будааст, бахусуc вақте, ки дидаву дониста бо рақиби тавоно сару панҷа мезанӣ.
I
ИКТИБОСҲО АЗ НАВИШТАВУ ГУФТАҲОИ РУСБАДБИНҲО ВА ТУРКБАДБИНҲОИ ТОҶИК ДАР ИНТЕРНЕТ
“ДАР ЗЕРИ ДАМИ НАФАСИ РУСҲО ВА РУСПАРАСТҲО ИСТОДА НАМЕШАВАД!”
Ростӣ ба ин бадбахт дилам сӯхт! Чӣ қадар кинаву адоват дар дили як инсон меғунчидааст! Бечора шабу руз азият мекашад! Аз шикояташ маълум, ки нафаскашиаш мушкил шудааст! Шояд аз ғалабаи кинаву нафрат ба дарди астма гирифтор шуда бошад?
Агар танҳо дами нафаси русҳо мебуд, шояд камтар азоб мекашид! Тоҷикҳои “руспараст” (инсонҳоеро, ки ҷонибдори ҳамкорӣ бо Русия ҳастанд, чунин унвон кардаанд) бо ҳузурашон ранҷу заҳмати ин тоифаро зиёдтар мекунанд!
Худоё! Кинаву адоватро аз дили ин бандагони бузургманишат бардор, то ки охири умрашонро роҳат паси сар кунад!
“РУСҲО МО ТОҶИКҲОРО АЗ МИЛЛАТҲОИ ДИГАР ДИДА БЕШТАР БАД МЕБИНАНД.” “РУСҲО МО ТОҶИКОНРО ОДАМ ҲИСОБ НАМЕКУНАНД!”
Яъне русҳо ҳамаи миллатҳоро бад медидаанд, лекин ба ҳамин тоҷики бадбахт бештар нафрат доштаанд!
Баъди сар задани фоҷиаи соли 1992 садҳо ҳазор ҳамватанони мо дар сарзамини русҳо гуреза шуданд. Аз ҷумла онҳое ки дар майдонҳои Душанбе ба мубориза бар зидди “Империализм”-и Русия барҳоста буданд. Чаро русҳо онҳоро ба ватанашон роҳ доданд? Чаро нагуфтанд, ки “Тоҷикҳо! Гум шавед аз ватани мо! Мо русҳо шуморо аз миллатҳои дигар зиёдтар бад мебинем!”?
Ҳамон сол мо тоҷикҳо, ки худамонро башардуст вонамуд мекунем, нисбати русҳо чи кор кардем?!
Моҳи сентябри соли 1992 Мулло Абдуғаффор, ин ҷаллоди хунхор, яке аз саркардагони ҳизби наҳзат мактаби русиро дар Душанбе бо муаллиму хонандаҳояш гаравгон гирифт ва аз тариқи телевизион эълон кард, ки сарнавишти тамоми русзабонҳо чунин хоҳад буд!
Мардуми русзабони пойтахт ба ваҳм афтода ҳонаҳояшонро ба як нархи ночиз фурӯхта, саросемавор Тоҷикистонро тарк карданд.
Шояд миллати дигаре мебуд ин амали террористиро, ки дар саҳифаҳои таърихи миллати мо доғи нангинест ҳаргиз фаромӯш намекард!
“РУСИЯИ ШОВИНИСТӢ”, “РУСИЯИ ПУТИНӢ”
Аввали солҳои 90ум дар “Русияи шовинисти” тоҷикҳои гуреза кор пайдо карданд, бо гузашти солҳо муқимӣ шуданд, шаҳрвандии Русияро гирифтанд ва имрӯз зиндагии осуда доранд.
Ин раванд то имрӯз давом дорад. Аз рӯи омори соли 2021 ҳамарӯза 298 тоҷик шаҳрвандии Русияро гирифтааст. Яъне ҳамон сол зиёда аз сад ҳазор тоҷик шаҳрвандии Русияро дарьёфт кардаанд.
Даҳҳо ҳазор тоҷик имрӯз корти иқомат доранду интизори дарьёфти мақоми шаҳрвандӣ ҳастанд.
Дар байни онҳо олимҳои педагог, ки ҳоло дар донишгоҳҳои Русия муаллим шуда кор мекунанд. Олимони соҳаи тиб дар машхуртарин клиникаҳо, пажуишгохҳои илми номзад, доктори илм, профессор шудаанд.
Садҳо тоҷики миллионер (ба ҳисоби доллар) ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ дар Русия тиҷорат мекунанд.
Ҳамасола садҳо ҳазор тоҷик ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Ҳазорҳо оила дар Тоҷикистон дастнигари ҳамин мардикорҳо ҳастанд.
Гузашта аз ин ҳамин тоҷикони ба андеша Шумо “русгаро”, ки зина ба зина дар мақомоти давлатӣ ва Думаи давлатии Русия ба вазифаҳои масъул интихоб ва таъин шуда истодаанд, имкон дорад, ки дар оянда манфиатҳои миллии моро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳифз кунанд.
Дар “Русияи путинӣ” бошад чанд сол аст, ки “Барномаи муҳоҷират” (Программа переселения) амал мекунад. Дар заминаи ин барнома аз кишварҳои собиқ шӯрави барои иқомати доимӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳазорҳо оила ба Русия кӯч мебанданд. Бартарият ба онҳое дода мешавад, ки мутахассисанд — яъне духтур, муаллим, олим, мухандис, иқтисодчи – онҳое ки барои рушди соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти Русия саҳм мегузоранд.
Шояд ба як назар чунин намояд, ки Тоҷикистон мутахассисони ҳирфаиро аз даст медиҳад, вале ҳар шахси солимфикр ба умқи масъала назар андозад, ба дурустӣ дарк ҳоҳад кард, ки бештари онҳо нерӯи кории талабношуда буда, ҳароина дар хориҷ фаъолият карда, ба иқтисоди кишвар ва буҷаи оилаи худ манфиати бештаре меоранд.
Ба онҳо субсидия дода мешавад, ҳарчи роҳи онҳоро давлат чуброн мекунад. Ва онҳо бо соддаги шаҳрвандӣ мегиранд. Садҳо оилаи тоҷик аз руи ин барнома дар тамоми гӯшаву канори Русия аз Олтой то Хабаровск, аз рӯди Волга то рӯди Енисей муқими шудаанд.
“ПУТИН!!! ЧАНГОЛАТРО АЗ ГУЛУИ УКРАИН БАРДОР!!!”
Хондаму хеле хандидам! Фикр мекунам ҳолати рӯҳии ин одам номӯътадил аст ва шояд ӯ бовар дорад, ки баъди ин муроҷиати таҳдидомезаш Путин аз тарс артишашро аз Украина бармегардонад ва ба ҷанг хотима мебахшад!
На барои ин “сиёсатмадори варзида” (хонандаҳояш ба вай ҳамин гуна унвон додаанд), ки сиёсат барояш як ҷангали торик аст, балки барои афроди интеллектуал ва огоҳ аз вазъи чаҳони назарамро пешкаш менамоям. Ҷанг дар Украина ҷанги тамаддуни ғарб бо тамаддуни шарқ аст. Ин ҷанг садсолаҳо боз давом дорад ва ҳамон вақт ба охир мерасад, ки агар ин тамаддунҳо оштӣ кунанд ва ё яке аз инҳо таслим шавад.
Аксар таҳлилгарони сатҳи чаҳонӣ аз байн рафтани тамаддуни ғарбро пешгӯи мекунанд ва ба ин назаранд, ки асри бисту як асри тамаддуни шарқ аст.
Кишвари кӯчаки мо низ дар ҳавзаи тамаддуни шарқ қарор дорад.
Ҷанг дар Украина барои ин “сиёсатшинос” баҳонае шуд, ки бори дигар нафраташро ба қавми рус ва Русия ба намоиш гузорад. Доварии ҷанги Русия ва Украина, ки бо ангезаи гегемонҳо тарҳрезӣ шудааст кори “калламардон”-е мисли шумо ҷанобон нест, ки суханатон берун аз хонаатон асар надорад!
Мутассифона чавонҳои камдонише ки чаҳонбиниашон ташаккул наёфтааст, дар симои ана ҳамин гуна шахсони ба қавми дигар ҳисси бадбини дошта миллатдуст ва пуштибони миллатро мебинанд.
II
“ӮЗБЕКИСТОНИ ТЕМУРӢ”
Дар ду калима чӣ қадар ҳисси бадбини нисбати мардуми ӯзбектабор ва давлати Ӯзбекистон ниҳон аст! Гуё ки Амир Темур аз нав зинда шудаасту импературиашро барқарор намуда ин дафъа Тошкандро пойтахт кардааст! Ва имрӯз не фардо ба тоҷиккуши шуруъ мекунад!
Баъди пош хурдани СССР бисту панҷ сол Тоҷикистон дар бунбасти нақлиёти қарор дошт. Роҳбарияти пешини Ӯзбекистон барои расондани молу коло аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон монеа эҷод мекард. Рафту омад байни мардуми тоҷику ӯзбек бо сабаби ҷорӣ шудани раводид хеле мушкил буд.
Дар ин ҳол ҳам ӯзбекҳои Тоҷикистон ва ҳам тоҷикони Ӯзбекистон дар азоб буданд. Онҳо аксар вақт наметавонистанд ба тую маъракаҳои хешовандонашон ба кишвари ҳамсоя сафар кунанд. Гирифтани раводид ҳатто барои иштирок дар ҷанозаи хешовандон мушкил буд.
Баъд аз марги Ислом Каримов ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷанозаи ӯ барои нарм шудани муносибатҳои ду кишвар замина фароҳам омад. Шуруъ аз соли 2016 ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вазъиятро ба кулли тағйир дод.
Имрӯз робитаҳои иқтисоди, тиҷорати ва фарҳангии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон руз то руз густариш меёбад. Рафтуомади мардуми ду кишвар хеле осон шудааст. Азобу машаққати он солҳо дар ёдҳо мондаанду халос.
Лекин шовинистҳои тоҷик ва ӯзбек аз ин дигаргуниҳои барои харду кишвар фоидаовар хушҳол нестанд! Тафаккурашон ки қолабӣ ҳаст, танҳо ҳақиқати худро мепазиранд—яъне муносибати дӯстона, ҳамзистии осоиштаи қавмҳои форснажод ва туркнажод имкон надорад! Яъне танҳо як роҳ: ихтилоф ва хушунат, ки мутаассифона ба манфиати ҳар ду кишвар наҳоҳад буд!
Бале, ман даъвои баргардонидани Бухоро ва Самарқандро, ки ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл аз даст додаем, дар вазъи имрӯза бемантиқ ва беъманӣ мешуморам. Ин даъвоҳо метавонанд моҷаро ва мусибати наверо ба сари давлат ва миллати мо оранд. Вале ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳанг ва забони тоҷикони бумии ин кишварро дар сатҳи байналмилалӣ ва дар заминаи муносибатҳои байнидавлатӣ хеле муҳим арзёбӣ мекунам.
Ба онҳое, ки бо чанд сатри бемаънии шовинистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушт ба сари сина зада аз “миллатдӯст” будани худ дарак медиҳанд, махсус муроҷиат менамоям: Аз дӯғу даранги бепояи худ даст кашед! Бо даъвоҳои шовинистӣ дигаронро алайҳи мо таҳрик надиҳед, ба дасти душманони миллат об нарезед! Миллатдӯсти воқеӣ буданро аз олими таърихнигоре мисли Луқмон Бойматов биомӯзед, ки дар матлаби худ “Дурӯғ самари ғазаби бузурги лаҷомгусехтаи ахлоқӣ аст” чи гуна ба пантуркистони мутаассиб бо далелҳои раднопазир посухҳои дандоншикан медиҳад ва ё матлаби таҳлилии Бахтиёр Ҳамдамовро “Идеяи “Тӯрони бузург ” барои кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ паёмади наҳс дорад”, боре ҳам қироат кунед. Ҳарду матлаб бо забони русӣ нашр шудаанд ва ҳадди ақал дар ҳавзаи забони русӣ, ки миллонҳо нафар онро мехонанд, паҳн ва манфиатҳои миллии моро ҳифз намудаанд.
“АГАР ДАР САРҲАД ЯК ТОҶИК КУШТА ШАВАД, БА ИВАЗАШ БОЯД СЕ ҚИРҒИЗРО КУШТ!”
Вақте ки ин ҷумларо хондам, шок шудам! Дарҳол шаст ҳазор тоҷики муқими Қирғизистон ба ёдам омад. Агар аз руи даъвати ин аблаҳ барои як тоҷики шаҳид сари се қирғиз бурида шавад, ҳоли онҳо чи мешуда бошад?
Дар ду соли охир дар сарҳади қирғизу тоҷик се задухурди хунин ба амал омад. Садҳо нафар аз ду чониб курбон шуданд.
Дар ин мавзуъ Бахтиёр Ҳамдамов ва банда силсилаи мақолаҳо чоп карда будем. Аз сиёсати раҳбарияти Қирғизистон, ки бар зарари худи халқи қирғиз аст, интиқод кардем, аз низоъангезии хадамоти махсуси давлати ҳамсоя гуфтем. Дурӯғпарокании расонаҳои қирғизро фош кардем.
Дар ин замина даҳҳо нафар олимон сиёсатмадорони тоҷик, низ мақолаҳои арзишманди таҳлилӣ навиштанд.
Лекин мо қавми қирғизро дашном надодем, таҳқир накардем. Ва аз чониби қирғиз даъват кардем, ки ҳамсояем, дӯстона бояд ҳамзистии осоишта дошта бошем, мушкилоти пеш омадаро бо роҳи гуфтушунид барраси намоем.
Бале, мо бояд ба даъвоҳои бепоя ва беасоси қирғизҳо посухи сазовор диҳем, нагузорем, ки як ваҷаби хоки муқаддаси моро ба яғмо баранд. Вале на бо чунин бархӯрд ва чунин оҳанг.
Чунин даъватҳои ваҳшиёна, ки аз сари эҳсос гуфта мешаванд, ба андешаи банда домани ҷангу хушунатро бештар аланга мезананд. Ин даъвову даъватҳо, ки дар курсии роҳат нишаста эҷод мешаванд, ба ҷуз аксуламали ваҳшиёна аз ҷониби муқобил, ҳосили дигар намедиҳанд.
“РУСҲО МОРО ҒОРАТ КАРДАНД! ТИЛЛОҲОИ АМИРИ БУХОРОРО БА РУСИЯ БУРДАНД!”
Амир Саид Олимхон, ин ҷаллоди хунҳор хурҷинҳояшро аз тилло пур кард ва ба уштурҳояш бор заду бо худ ба Афғонистон бурд.
Чор вагон зару зевари боқимондаи Амирро қумандони Артиши сурх Михаил Фрунзе ба Маскав фиристод. Яъне на дороии мардум, балки хазинаи сулолаи манғитиҳоро!
Лекин баъд ба Тоҷикистон миллиардҳо рубл омад! Ва шояд ин миллиардҳо арзиши сад вагон тиллои Амири Бухороро дошта бошанд!
Аввали асри 20 Бухорои шарқӣ акибмондатарин минтақа дар Осиёи Миёна буд. Танҳо 1,61 дар сади аҳоли хату савод дошт.
Шуруъ аз солҳои 20ум ба Тоҷикистон фарҳанги созандагии рус омад. Садҳо ҳазор рус, украин, белорус, намояндагони дигар халқҳои шӯравӣ ихтиёри ва ичбори ба Тоҷикистон фиристода шуданд, то ки ба тоҷикҳо дар сохтмони сотсиализм ёри расонанд.
Дар асл ин як артиши бузурги созандаги буд – коргарони сохибтачриба, мутахассисони баландпоя, олимон, арбобони фарҳанг дар пахлуи падару бобоҳои мо тоҷикон бо сарварии Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдурахим Ҳочибоев, Махмадали Курбонов, Дмитрий Протопопов, Мунаввар Шогадоев дар кӯтоҳтарин фурсат (1924-1940) Бухорои шарқиро ба Ҷумҳурии агросаноатии Тоҷикистон табдил доданд.
Русҳо корҳонаҳои саноати, роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои обии барқӣ сохтанд.
Ҳамин русҳо шаҳри Душанбе буньёд карданд. Лоиҳаи шаҳри Душанберо архитекторҳои обруманди рус дар институтҳои лоиҳакашии Маскав ва Ленинград таҳия намуданд.
Ҳанӯз охири солҳои 30юм собиқ қишлоки Душанбе ба як маркази бузурги саноатӣ, маъмурӣ ва фарҳангии Осиёи миёна табдил ёфт.
Охири соли 1937 роҳбари Тоҷикистон фиристодаи Маскав Дмитрий Протопопов таъин шуд. Номи ин марди рус дар таърихи Тоҷикистони шӯравӣ бояд бо ҳарфҳои заррин навишта шавад! Дар се соли аввали раҳбарии вай (1938-1940) хачми махсулоти саноати дар Ҷумҳури 72 дар сад афзуд! Бо ташаббуси Протопопов танҳо дар шаҳри Душанбе то оғози Ҷанги Бузурги Ватани 30 корхонаи саноати сохта ба истифода дода шуд.
Бо ташаббуси Протопопов соли хониши 1939-1940 дар Душанбе се донишгох – омузгорӣ, кишоварзӣ ва тиббӣ дари худро ба рӯи донишҷӯён боз кард, ки дар он беш аз 7000 ҷавонон ба илмомӯзӣ шуруъ карданд. Бояд фаромӯш накунем, ки нахустин устодони ин донишгохҳо русҳо буданд.
Дар натиҷаи пофишории Протопопов аввали соли 1941 дар Душанбе филиали АИ СССР ба кор шуруъ кард, ки сарварии онро олими бузурги рус академик Евгений Павловский ба дӯш гирифт. Дар заминаи ҳамин филиал соли 1951 таҳкурсии Академияи улуми Тоҷикистон гузошта шуд.
Ҳамин Протопопов ташаббускори сохтмони театри опера ва балет дар Душанбе буд. Баъд аз як соли оғози сохтмон Ҷанги Бузурги Ватани сар зад. Протопопов аз Сталин барои давом додани сохтмони театр иҷозат пурсид. Сталин на танҳо иҷозат дод, балки амр кард, ки сохтмони театр дар кӯтоҳтарин мӯҳлат бояд ба анҷом расад.
Имрӯз театри опера ва балети ба номи Садриддин Айни сармояи миллии мо маҳсуб мешавад.
Ҳамин Протопопов буд, ки Бобочон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов, Маҳмадали Курбонов, Абдулаҳад Каҳҳоров, Назаршо Додхудоевро ба майдони сиёсат овард. Имрӯз ин номҳо ифтихори миллати моянд.
Дар давоми ҳамаги ду сол корманди қатории ЦК (инструктор) Бобочон Ғафуров ба дарачаи котиби ЦК оид ба пропаганда расид. Ғафурови ҳамон вақт 31 соларо Протопопов ба Сталин ҳамчун роҳбари ҷавони уммедбахш муаррифӣ кард.
Ҳамин Протопопов моҳи июни соли 1946 ба ҷои худаш Ғафурови 37 соларо ба вазифаи котиби якуми ЦК пешниҳод карду, ба Маскав баргашт.
III
Русҳо на танҳо дар рушди илму фарҳанг, индустрикунонии ҷумҳурӣ, балки обьёрии садҳо ҳазор гектар замини ташналаб саҳми бузург доранд.
Соли 1928 экспедицияи илмии олими ҳокшиноси рус Вячеслав Андреевич Стариков 90 ҳазор гектар замини ҳосилхезро дар водии Вахш кашф кард. Тадқиқоти ӯ нишон дод, ки ҳам замин ва ҳам иқлими ин водӣ барои парвариши пахтаи маҳиннах мувофиқ аст. Ин кашфиёт аҳамият ва нуфузи Тоҷикистони кучакро дар миқьёси умумииттифоқӣ баланд бардошт.
15 сентябри соли 1931 сохтмони Канали магистралии Вахш шуруъ шуд. Барои ин лоиҳаи тақдирсоз Хукумати шӯравӣ 155,7 миллион рубл ихтисос дод.
Тарроҳон ва мубтакирони сохтмони бузург инженерҳои рус буданд. Номҳои баъзеи онҳоро ёдовар мешавам:
— И.А ТОЛСТОПЯТОВ;
— МАРИНА СЕРГЕЕВНА ВЛАСОВА;
— АЛЕКСАНДР КАРТАШЕВСКИЙ;
— ЕФИМ АНДРЕЕВИЧ БАШИЛОВ;
— СЕМЁН КОНСТАНТИНОВИЧ КАЛИЖНЮК;
— СЕРГЕЙ СЫРОМЯТНИКОВ;
— ВАСИЛИЙ ГРИГОРЬЕВИЧ КОНЧКИН;
— СЕРГЕЙ МИРОШНИЧЕНКО.
11 сентябри соли 1933 ба дашти ташнаи водӣ об омад. Даҳҳо ҳазор оила аз водии Фарғона, минтақаи кӯҳистони чануб ва шимоли Тоҷикистон ба водии Вахш муҳоҷир шуданд. Бо гузашти солҳо водии Вахш дар заминаи ин ободкориҳо ба унвони “Дурдонаи Тоҷикистон” (Жемчужина Таджикистана) шӯҳрат ёфт.
Имрӯз системаи обьёрии Вахш боигарии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.
Асосгузорони пахтакорӣ, сердаромадтарин соҳаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ, олимони селексионери рус ба шумор мерафтанд.
Баҳори соли 1927 дар Саройкамар (ҳоло нохияи Панч) як гурӯҳ агрономҳо бо роҳбарии олими селексионери рус П.Г. Артёмов дар замини назди ҳавлигии Ҳочи Аҳмад 27 дона тухми пахтаро кишт карданд. Натиҷааш даҳ ниҳоли пахта буд. Ана дар ҳамин ҳавлӣ доир ба кашф кардани навъҳои серҳосили пахта тадқиқоти илмӣ шуруъ шуд.
Кори Артёмовро академик В.П. Красичков идома дод. Фаъолияти илмии зиёда чил соли ин олими бузург, Кахрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, дорандаи ҷоизаи давлатии СССР, асосгузори филиали Институти Илми-Тадқиқотии пахтакорӣ дар Вахш худ як корнамои аст. Вячеслав Прокофьевич кори сад солро дар чил сол анҷом дод. Навъҳои серҳосили пахтае, ки ӯ ихтироъ кард, Тоҷикистонро ба “Гаҳвораи пахтаи маҳиннахи шӯравӣ” табдил дод.(Ёдовар мешавам, ки нахи пахтаи махиннах аз нахи абрешим кам фарк дорад.)
Красичков як зумра олимони бо истеъдодро аз ҳисоби тоҷикон ба воя расонд, ки яке аз онҳо шодравон Академик Бобо Сангинов аст.
Таърихи рушди энергетика дар Тоҷикистон – таърихи қавмҳои славян, аз ҷумла таърихи халқи рус низ ҳаст. Ҳанӯз охири солҳои 20-ум аввалин экспедитсияи илмии Маскав захираҳои оби Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода буд. Дар асоси пешниҳоди ҳамин экспедитсия соли 1931 сохтмони маҷмааи НБО-ҳои Варзоб шуруъ шуд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат соли 1938 ба анҷом расид.
Соли 1959 НБО-и Кайроққум – ҳамон вақт бузургтарин нерӯгоҳи барқи дар Осиёи Миёна ба истифода дода шуд. Ҳамон солҳо аксаран коргарону мутахассисони ин нерӯгоҳ русҳо буданд. Онҳо аввал лоиҳа кашиданд, баъд сохтанд ва солҳои зиёд ин нерӯгоҳро идора мекарданд.
НБО-и Норак яке аз сахифаҳои дурахшони таърихи Тоҷикистони шӯравӣ аст. Дар сохтмони бузургтарин нерӯгоҳи Осиёи миёна тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок кардааст. Беҳтарин мутахассисон аз Маскав, Ленинград, Киев, Минск, Красноярск, Днепропетровск барои сохтмони нерӯгоҳ ба Тоҷикистон фиристода шуданд.
Сараввал моҳи сентябри соли 1963 гурӯҳи бузурги лоиҳакашҳо, геодезистҳо, геологҳои рус аз Маскав ба Душанбе омаданд. Таҳияи лоиҳаи бузург шаш сол давом кард.
Соли 1969 сохтмони НБО шуруъ шуд. Навад дар сади коргарону мутахассисони сохтмон русу украину белорус буданд. Нахустин сардори сохтмон инженери соҳибтаҷриба Константин Владимирович Севенард буд.
Баъдтар кори ӯро писараш Юрий Константинович Севенард идома дод. Соли 1979 НБО-и Норак ба истифода дода шуд.
Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи барқ ба мамлакатхои ҳамсоя табдил ёфт. Ба дашти Дангара об омад. Дар иҳотаи кӯҳҳо шаҳри нави замонави буньёд гардид…
“БОЛШЕВИКҲОИ РУС ШАҲРҲОИ ТОҶИК САМАРҚАНДУ БУХОРОРО БА ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНД!”
Аз он ки шаҳрҳои Самарқанду Бухоро Ӯзбекистони шуданд на болшевикҳои рус гунаҳгоранду на Ленину Сталин.
Ҳазор сол қабл баъд аз пош хӯрдани давлати Сомониён ин шаҳрҳо моли туркҳо шуданд. То Инқилоби октябр ҳазор сол ҳокимони Осиёи миёна туркҳо буданд.
Ҳанӯз дар асри XVII вақте ки бори аввал фиристодаҳои Русияи подшоҳӣ вориди Осиёи Миёна шуданд, бо ҳокимони турк муносибат баркарор намуданд. Ва бо ҳокимони турк робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба роҳ монданд. Марзҳои тоҷикнишин дар тасарруфи се давалати туркӣ- Аморати Бухоро, Хонигарии Ҳуқанд ва Хива қарор доштанд. Бахши азими ин марзҳо баъд аз фатҳ шудан ҳанӯз дар солҳои 1868 ба унвони Генерал губернатории Туркистон ба ҳайати Империяи Русия шомил шуданд.
Баъд аз истиқрори Ҳокимияти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна низ, нахуст дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Россия (РСФСР), Чумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (ТАССР) таъсис ёфта буд. Пантуркистон бо роҳбарии Файзулло Хоҷаев, Бек-Иванов, Абдулло Раҳимбоев бо мақсади таъсис додани Ҷумҳурии (ягонаи) туркӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ба Маскав даъво бурданд, вале хоҳиши онҳо аз ҷониби ҳукумати марказӣ рад карда шуд.
Зарур намешуморам дар ин мақола бори дигар таърихи ин давраро ёдовар шавам, чун ҳар нафаре, ки мехоҳад таърихи ин давраро биёмӯзад, имкон дорад ба даҳҳо санаду ҳуҷҷатҳо аз тариқи интернет ва ё дар китобхонаҳо дастрасӣ пайдо кунад. Танҳо бо ҳамин гуфта иктифо мекунам, ки бо вуҷуди хиёнати чанд тан аз ҳамватанони мо, ки балегӯи туркҳо буданд, Ҳукумати вақти Шӯравӣ имкон фароҳам овард, ки бигзор бо пурра риоя нагардидани ҳақиқати таърихӣ, тоҷикон бори нахуст баъд аз ҳазор сол боз соҳибдавлат шаванд.
Бори дигар мехоҳам ба ин нукта таъкид намоям. Дар таърих даҳҳо империяҳо бузург мисли мо будаанд, ки барҳам хӯрдаанд ва дигар барқарор кардани онҳо имкон надорад. Моҷарои марзӣ имрӯз на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ байни Олмону, Лаҳистону, Руминияву мисли ин ҷой дорад, ки баъд аз гузашти садсолаҳо ба ҳолати пешина баргардонидани он дигар имкон надорад.
Мо агар ватандору ватандӯстем, на бо чанд сатраки бемаънӣ, бузургманишӣ ва даъвоҳои амалинашаванда дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд аз худ дарак бидиҳем. Балки барои ҳифзи марзҳои имрӯзаи Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва таърихӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои тоҷикони бурунмарзӣ ва ниҳоят рушду пешравии Ватани азиз саҳмгузор бошем, то дигар миллатҳо моро эҳтиром кунанд. Танҳо бо ин роҳ метавон ватандору ватандӯст буд!
Манбаъ: Сафҳаи шахсии Саломиддин Мирзораҳматов дар Фейсбук
Тоҷнек



















