Шаҳид аз забони шаҳид
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Шаҳид Яҳё Синвор дар бораи шаҳид Қосим Сулаймонӣ мегӯяд:
“Қосим Сулаймонӣ пайваста бо фармондеҳони гурдонҳои Қассом ва ҳамчунин бо фармондеҳони Сароё ал-Қудс дар иртибот буд чунонки дар ахбор омада ва ин ахбор саҳеҳ аст. Аммо сипас расонаҳои саҳюнистӣ ва баъзе расонаҳои ҳомии саҳюнист ин иртибототро ба шакле нодуруст бозтоб доданд.
Бале, ин мард (Сулаймонӣ) тамос гирифт ва таъкид кард, ки Эрон ва Сипоҳи Посдорон ва нерӯи Қудс бо тамоми тавон, барои дифоъ аз Қудс ва ҳифзи Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти кишвари Фаластин, дар канори миллати мо ҳастанд.”
Шаҳид Синвор афзуд: “Сулаймонӣ ба шакли возеҳ гуфт: Тамоми тавон ва имконоти мо дар набарди дифоъ аз Қудс, дар ихтиёри шумост.”
Шаҳид Синвор идома дод: “Сулаймонӣ на дархосте кард ва на шарте бароямон гузошт ва на шакле хос аз муқовиматро бар мо таҳмил кард ва ман (Синвор) ба шумо мегӯям: Ман бо ин мард (Сулаймонӣ) дар соли 2012 дар сафарам ба Теҳрон дидор кардам. Бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар ин мард дидам, ӯ Фаластин ва Қудсро дӯст дорад ва ҳар чизе, ки боиси тақвияти муқовимати мардум ва хонаводаҳои мо бишавадро дӯст дорад.”
* * *
Инҷониб (С.И.) ба суханони шаҳид Синвор изофа мекунам:
На танҳо расонаҳои саҳюнистӣ ва ҳомии саҳюнистҳо дар он замон алайҳи ин мард сампошӣ ва суханони комилан хилофи воқеъ мегуфтанд, чунон ки шаҳид Синвор мегӯяд, балки имрӯз низ баъд аз шаҳодати он қаҳрамони шаҳид – ки аз Худо шафоати ӯро дар рӯзи қиёмат мехоҳам! – баъзеҳо хусусан пайравони Ибни Абдулваҳҳоб, алайҳи ин марди беназир сампошӣ мекунанд дуруст мисли саҳюнистҳо, яъне кори саҳюнистҳоро идома медиҳанд.
Ин суммун букмунҳо бидонанд, он чи шаҳид Синвор дар бораи шаҳид Сулаймонӣ мегӯяд, фақат ҳарф нест, балки раҳматӣ амалан кору талошҳои зиёде мекард, ки яке аз онҳо, ба гуфтаи қассомиҳо, сохтани тунелҳо дар Ғазза аст.
Албатта, коре, ки Сипоҳ дар ду соли ахир бо Исроил кард, аҳаде на танҳо накарда, ки ҷуръаташро надоранд.
Аммо дар робита бо Сурия: бале Сулаймонӣ меҷангид, аммо алайҳи ДОИШ ва теруристҳое амсоли Ҷулонӣ, ки имрӯз худро раиси Сурия медонад, меҷангид. Ин терурист, ки гузашти рӯзгор моҳияти ӯро имрӯз беҳтар нишон медиҳад; ниме аз кишвараш дар чанголи саҳюнистҳост, ҳар коре, ки саҳюнист дилаш мехоҳад дар Сурия мекунад, аммо ин одамак ҳатто алиф намегӯяд на ин ки коре карда бошад.
Ҳоло чанд соли дигар гузарад, вақте Сурия ба ғуломи ҳалқа бар дӯши Исроил табдил шавад ва мисли боқии кишварҳои залилмурдаи арабӣ гардад, он вақт мефаҳмед, ки ин одам чӣ касе будааст!
Ин ки Тромп, пайрави мактаби Эпштейн, шахсан терури он шаҳиди бузургворро ба ӯҳда мегирад ва ҳанӯз ба он меболад, худаш хеле ҳарф дорад, хусусан ба пайравони Ибни Абдулваҳҳоб ҳарф дорад!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Тоҷнек



















