Посухи Эрон ба иддаоҳои вазири хазонадории Амрико
Ахбори байналмилал
Қолибоф ба иддаоҳои вазири хазонадории Амрико посух дод: “Эй дурӯғгӯ!”
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Ҷ.И.Эрон, дар вокуниш ба изҳороти вазири хазонадории Амрико дар бораи Эрон, бо бознашри мақолае аз Пол Кругман, иқтисоддон ва барандаи ҷоизаи Нобели иқтисод, амалкарди Скотт Бессантро мавриди интиқод қарор дод.
Қолибоф бо ишора ба иддаои Бессант дар бораи убури 130 миллион бушка нафт аз тангаи Ҳурмуз тайи ду ҳафта, ин рақамро бо ду “130”-и дигар муқоиса кард: 130 миллиард доллар ҳазинаи ҷанг бо Эрон ва 130 миллион доллар зарари як ширкати фаъол дар бозорҳои коғазии нафт.
Қолибоф навишт: “Эй дурӯғгӯ! Ба боздиҳии авроқи хазонадории давлати Амрико нигоҳ кун, ки оташ гирифта ва дорад боло ва болотар меравад”.
Тоҷнек




















