• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Паёми Оятуллоҳи Узмо Сайидмуҷтабо Хоманаӣ ба уммати исломӣ

August 30, 2026
in Мавзӯоти доғ
0
Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ

Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ

0
SHARES
19
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Паёми Оятуллоҳи Узмо Сайидмуҷтабо Хоманаӣ ба уммати исломӣ

Раҳбари Ҷ.И.Эрон хитоб ба уммати исломӣ: “Душмани воқеии худро бишносед ва бо нақшаи он муқобила кунед”

Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати ҳафтаи ваҳдат хитоб ба уммати исломӣ таъкид карданд: “Ҳокимони ҷинояткори Омрико ва низоми ҷаълии саҳюнӣ душманони қасамхӯрдаи иттиҳоди исломӣ ва ҳамаи уммати ислом аз ҷумла миллатҳои ғарби Осиё ва шимоли Офриқо ҳастанд, бинобар ин душмани воқеии худро бишносед ва бо нақшаи он муқобила кунед.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, дар паёме ба муносибати ҳафтаи ваҳдат, бо табрики солрӯзи вилодати босаодати ҳазрати хатмимартибат Муҳаммади Мустафо (с) ва ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), барномаи бадхоҳон ва душманони исломро барҷастасозии ихтилофот барои тазъифи уммати исломӣ ва тасаллут бар он хонданд ва бо ишора ба фурӯ афтодани ниқобҳои фиребанда аз чеҳраи ҷинояткори Омрико, иттиҳоди уммати исломӣ ва дифоъ аз якдигар дар муқобили куфр ва ҳамафзоӣ дар масоили мухталифи моддӣ ва маънавиро зарурӣ баршумурданд ва хитоб ба ҳуккоми кишварҳои исломӣ таъкид карданд: “Ҳокимони ҷинояткори Омрико ва низоми ҷаълии саҳюнӣ душманони қасамхӯрдаи иттиҳоди исломӣ ва ҳамаи уммати ислом аз ҷумла миллатҳои ғарби Осиё ва шимоли Офриқо ҳастанд, бинобар ин душмани воқеии худро бишносед ва бо нақшаи он муқобила кунед.”

Эшон ҳамчунин бо ишора ба таҳаққуқи қобили қабули дарсҳои ваҳдатбахши мактаби исломӣ дар Эрони азиз, муҷаддадан ба оҳоди миллат тавсия карданд ба ҳеч ваҷҳ иҷозаи бурузи ҳеч ихтилоферо дар байни худ надиҳанд.

Матни паёми раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:

بسم ‌الله الرّحمن الرّحیم

مُحمّدٌ رَسولُ ‌الله وَالّذینَ مَعَهُ أَشِّداءُ عَلی الکُفّارِ رُحَماءُ بَیْنَهُم

Айёми вилодати вуҷуди мубораки найири аъзам, ашрафи халоиқ, сироҷи мунир, баргузидаи Худованд, шаҳри илм, ҳазрати раҳматун лилоламин, расули мукаррами ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва фарзанди пок ва покниҳодаш, ҳуҷҷати болиғаи илоҳия, ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқи салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳро ба миллати шарифи Эрон ва уммати бузурги ислом табрик мегӯям.

Аз он вақте, ки хуршеди вуҷуди ҳазрати хатмимартибат дар Маккаи Мукаррама тулӯъ намуд, чашмандози саодати башар, ки раҳини камоли бандагӣ ва итоат аз ҳазрати Ҳақ ҷалла ва ало аст, дурахшиши дигаре ёфт; арвоҳи анбиё ва малоикаи илоҳӣ ва қудсиён, ғарқ дар сурур гашта ва шаётини инсу ҷинн ангушти хашму ҳасрат ва ғам гузиданд. Зеро бартарин халқи Худованд дар ҳамаи аволими бешумори хилқат, по ба арсаи хокӣ мегузошт ва ба зудӣ бо хилъати нубувват ва хотамият ва бо дар даст доштани Қуръони азим ва маъмурияти ҳидояти ҳамаҷонибаи инсон мерафт, то ҳаракати корвони азими башариятро ба сӯйи убудият ва такомули илаллоҳ рақам занад.

Зиндагии он ҳазрат ва авсиёи маъсумини эшон тамоман дарси ҳидоят ва бандагӣ, дарси маърифат ва муҳаббат, дарси ақида ва ҷиҳод, дарси зиндагӣ ва ахлоқи ҳасанаи фардӣ ва иҷтимоӣ, дарси амонат ва садоқат, дарси иззат ва каромат, дарси илм ва амал, дарси раҳмат ва қотеият, дарси қист ва адолат ва дарси ваҳдат ва бародарӣ аст. Ин дарсҳо ҳар чи беҳтар фаро гирифта ва ба он амал шавад, расидан ба қуллаҳои саодат ва некбахтӣ барои абнои башар муяссартар мегардад.

Мо мӯътақидем, руҳи мутаҳҳари паёмбари раҳмат ва ҳамчунин арвоҳи тайибаи авсиё ва ҳуҷаҷи тоҳирин салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳи ва алайҳим аҷмаъин, ҳамвора муроқиб ва ҳидоятгар ва меҳрубон бар аҳволи мусалмонон ва ҷомеаи исломӣ ҳастанд. Он гоҳ ки хатое аз фарзандони ин падари меҳрубон ва бузургвор сар занад, хотири эшон ранҷида мешавад ва ҳар гоҳ ки муслимин ба дарсҳо ва дастуроти эшон амал намоянд, қалби муборакашон масрур мегардад.

Инак ислом ва аҳли он баъд аз гузар аз давронҳои сахт ва пурталотум ва тай кардани фарозу нишебҳои мутааддид аз садри аввал то кунун, ба марҳилае сарнавиштсоз ва таъйинкунанда расидааст. Имрӯз муслимин нақше бисёр муассир ва таърихсозро метавонанд ифо кунанд. Имрӯз рӯзе аст, ки чашмандози ғалабаи ниҳоии ҳақ бар ботил ва ислом бар куфр ба маротиб беш аз ҳамаи адвори гузашта ба айният наздик шудааст.

Шарти аввали ин муҳим, иттиҳоди калимаи муслимин аст. Ваҳдати муслимин дар муқобили куфри ҷаҳонӣ, роҳбурде қуръонӣ ва омӯзае асил аз исломи ноби муҳаммадӣ салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳи ва олиҳи аст ва на як масаълаи сатҳӣ ва гузаро.

Мақсуд аз ваҳдат он аст, ки дар сатҳи умумии ҷавомеи исломӣ, нуқоти муштарак байни ҳамагон, меҳвар ва асл қарор гирад. Албатта саъй мешавад, то ба пуштвонаи истидлол ва дар айни риояти ҳамаи шуъуни бародарӣ ва ҳамроҳӣ ва ба ҳамон гуна, ки аз омӯзаҳои қуръонӣ бармеояд, дар камоли сулҳу сафо нуқоти ифтироқ, табдил ба нуқоти муштарак гардад.

Он чи мусаллам аст, оҳоди муслимин дар ҷавомеи исломӣ бояд дар мувоҷеҳа бо куфри ҷаҳонӣ, асли қуръонии:

أَشِدّاءُ عَلی الکُفّار، رُحَماءُ بَیْنَهُم

— ро меҳвари фикр ва баён ва амали худ қарор диҳанд ва ин гуна аст, ки ваҳдат ва иттиҳоди исломӣ ба даст меояд. Ҳар гоҳ ҳар як аз ду бахши ин паёми осмонӣ, аз марҳилаи амали муслимин дур шавад, онон ҳам аз он ҷойгоҳи иззате, ки баҳақ дар Мадинатулислом воҷиди он шуда буданд дур хоҳанд гашт ва ин қоидае аст, ки тахаллуф надорад.

Ин қоида яке аз усул ва паёмҳои асосии инқилоби исломӣ аст. Замони баргузории аввалин ҳафтаи ваҳдат ба исфанди 1356 ҳиҷрии шамсӣ (феврали 1978) ва даврони мубориза бо дастгоҳи ситами паҳлавӣ бармегардад; он гоҳ ки раҳбари азимушшаъни шаҳиди аълаллоҳу мақомаҳуш шариф дар даврони табъиди худ дар Эроншаҳр, ин фикрро матраҳ намуда ва шиъа ва суннӣ аз он истиқбол ба амал оварданд. Ба зудӣ пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ, ба тадбири бунёнгузори Ҷумҳурии Исломӣ ҳазрати Имом Хумайнӣ қуддиса сирруҳуш шариф, “ҳафтаи ваҳдат” расмият ёфт.

Ба лутфи ҳазрати Борӣ Таъоло, масъалаи ваҳдат байни оҳоди миллати мусалмон, намунае муваффақ дар миёни миллати Эрон дорад ва дасисаҳои душманон таъсири зиёде дар ҷиҳати махдуш кардани он надоштааст.

Вале мусалламан бадхоҳон ҳамеша дар камини ин неъмати бузург ҳастанд. Он чи ононро умедвор месозад, барҷастасозии ихтилофот аст. Ихтилофоти ақидатӣ ва мазҳабӣ гарчӣ як ваҷҳи муҳим аз мақсуди душмани ислом ба шумор меравад ва ӯ ба истифода аз он бисёр дил бастааст, вале ба он басанда нахоҳад кард ва талош дорад, то анвои тафовутҳои нажодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофиёиро ба баҳонаҳое барои эҷоди ихтилоф байни мардуми мусалмон дар Эрон ва дар ҳар кишвари исломии дигаре табдил намояд, то аз ин манзар, пора-пора шудани уммати ислом ва таҳлил рафтани қувои онро ба наззора нишаста ва дар фурсати муносиб султаи худро бар онон эъмол намояд. Дастури Қуръони Карим дар ин маворид дар ояти каримаи:

وَلا تَنازَعُوا فَتَفْشَلوا وتَذْهَبَ رِیحُکُم

— зикр шудааст. Бинобар ин ҳар фарде дар ҳар ҷойгоҳе, ҳар кореро, ки ба тафриқа байни мусалмонон бианҷомад сурат диҳад ва дар ҷомеаи муслимин танозӯъ эҷод кунад, дониста ё нодониста ва хоста ё нохоста, мақсуди душманони исломро сомон додааст. Ва чӣ гуна дар ин рӯзгор касе метавонад чунин амалеро ба ҷаҳлу ғафлати худ нисбат диҳад дар ҳоле, ки инак тавоғити олам ва дар раъси онон Омрикои ҷинояткор ниқобҳои фиребанда ва пӯшолинро аз чеҳраи кареҳи аҳдофи истеъморӣ ва нақшаҳои истикборӣ ва султаҷӯёнаи худ канор зада ва дасткашҳои махмалини фиребгарро дароварда ва чанголи хунолуди худро ба ҳамаи дунё нишон додаанд?

Акнун вақти он аст, ки мусалмонон ба фикр фурӯ раванд ва ҳаводисро дақиқтар бингаранд. Оё агар муслимин яди воҳидае мебуданд, ки мушти худро бо истеҳком мефишурд, миллати Фаластин ин гуна бепаноҳ, мавриди зулму ҷинояти ишғолгарон қарор мегирифт? Ва оё агар миллатҳо ва давлатҳои сокин дар ҳошияи халиҷи Форс иттиҳоди худро дар зери алами ислом барқарор месохтанд, раҷҷолаҳои беҳувият ва фосид ҷуръат пайдо мекарданд, то аз ҳазорон километр дуртар ба сарзаминҳо ва дороиҳои эшон тамаъ варзанд?

Тавсияи муаккад ва мукаррари инҷониб ба ҳуккоми кишварҳои исломӣ хусусан кишварҳои минтақаи ғарби Осиё ва ҳошияи халиҷи Форс ин аст, ки душмани воқеии худро бишносед ва нақшаашро дарёфта, бо он муқобила намоед. Илоҷи мушкилоти уммати исломӣ, иттиҳоди калима, дӯстӣ ва таъовун дар масири хайр ва некӣ аст. Ҳокимони ҷинояткори Омрико ва низоми ҷаълии саҳюнӣ душманони қасамхӯрдаи ин иттиҳод ва дӯстӣ ҳастанд. Онон фақат душмани Ҷумҳурии Исломӣ ва миллати Эрон ва ҷабҳаи азими муқовимати исломӣ нестанд, балки бо ҳамаи уммати ислом ва аз ҷумла миллатҳои ғарби Осиё ва шимоли Офриқо душманӣ доранд ва дар ин амр ҳатто ҳуккоми ин кишварҳо, ки бисёре аз эшон ҳамкори онон маҳсуб мешаванд, аз ин амр мустасно намебошанд; ҳамчунон ки беэҳтиромии аланӣ ва ба кор бурдани таъобири зишт нисбат ба баъзе аз сарони кишварҳои исломӣ аз сӯйи руасои истикбор, дар ҳофизаи наздики шумо ва мо мавҷуд аст.

Дарси муҳимми иттиҳод ва адами танозӯъ, дарси аввали мактаби ислом дар мавриди навъи мувоҷеҳа бо душман ва дӯст аст. Аммо дарси дуввуми он, дифоъ аз якдигар дар муқобили куфр ва дарси севвум, анвоъи ҳамкориҳо ва ҳамафзоииҳо дар масоили мухталифи зиндагии моддӣ ва маънавии мусалмонон аз лиҳози сарват, амният, илм ва пешрафт аст, ки интиҳои ин масир, вусул ба тамаддуни навини исломӣ хоҳад буд.

Бинобар ин ваҳдат байни муслимин сангбинои аслӣ барои дастёбӣ ба тамаддуни исломии азиз ва ғолиб аст. Ин бастаи мафҳумӣ ва фикрӣ, ки орзуи мо барои олами ислом дар он нуҳуфтааст, ба навбаи худ то ҳадди қобили қабуле дар Эрони азиз, сурати таҳаққуқ ёфта. Ва боз тавсияи ин ходим ба оҳоди миллат он аст, ки ба ҳеч ваҷҳ иҷозаи бурузи ҳеч ихтилоферо дар байни худ надиҳанд.

Дар поён умедворам бо шафоатҳои расули мукаррам ва итрати тоҳирини эшон салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳи ва алайҳим, сояи пурраҳмат ва баракати лутфи илоҳӣ бар ҷавомеи исломӣ афканда шавад ва эшон рӯз ба рӯз дар сояи амал ба фаромини илоҳӣ пиллаҳои тараққӣ ва иззатро ҳар чи бештар аз пеш бипаймоянд.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу

Сайдмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ

8 шаҳривари 1405

17 рабиъулаввали 1448

(30 августи 2026)

Tags: Паёми Оятуллоҳи Узмо Сайидмуҷтабо Хоманаӣ ба уммати исломӣ
Previous Post

The Guardian: “Ҷанг алайҳи Эрон захираҳои муҳиммоти Омрикоро холӣ кардааст”

Next Post

Посухи Эрон ба иддаоҳои вазири хазонадории Амрико

Related Posts

Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил
Мавзӯоти доғ

Ироқчӣ: “Бархе аносири амрикоӣ бо дасткории бозори энержӣ, Тромпро гирифтори ҷанг кардаанд”

August 30, 2026
Қолибоф: Эрон ва Чин меҳвари блокҳои ҷадиди минтақаӣ хоҳанд буд
Мавзӯоти доғ

Посухи Эрон ба иддаоҳои вазири хазонадории Амрико

August 30, 2026
The Guardian: “Ҷанг алайҳи Эрон захираҳои муҳиммоти Омрикоро холӣ кардааст”
Мавзӯоти доғ

The Guardian: “Ҷанг алайҳи Эрон захираҳои муҳиммоти Омрикоро холӣ кардааст”

August 28, 2026
Маҳсо Тоҳирӣ
Мавзӯоти доғ

Маҳсо Тоҳирӣ кист?

August 20, 2026
Назарбаева лишили еще одного пожизненного права
Мавзӯоти доғ

Назарбаева лишили еще одного пожизненного права

August 20, 2026
Исмоил Қоонӣ
Мавзӯоти доғ

Исмоил Қоонӣ: “Ғосибони Фаластин дучор “саратони иҷтимоӣ” шудаанд”

August 20, 2026
Next Post
Қолибоф: Эрон ва Чин меҳвари блокҳои ҷадиди минтақаӣ хоҳанд буд

Посухи Эрон ба иддаоҳои вазири хазонадории Амрико

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Саломиддин Мирзораҳматов

Шовинизми тоҷикӣ

August 30, 2026
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: “Бархе аносири амрикоӣ бо дасткории бозори энержӣ, Тромпро гирифтори ҷанг кардаанд”

August 30, 2026
Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

August 30, 2026
Қолибоф: Эрон ва Чин меҳвари блокҳои ҷадиди минтақаӣ хоҳанд буд

Посухи Эрон ба иддаоҳои вазири хазонадории Амрико

August 30, 2026

Recent News

Саломиддин Мирзораҳматов

Шовинизми тоҷикӣ

August 30, 2026
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: “Бархе аносири амрикоӣ бо дасткории бозори энержӣ, Тромпро гирифтори ҷанг кардаанд”

August 30, 2026
Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

August 30, 2026
Қолибоф: Эрон ва Чин меҳвари блокҳои ҷадиди минтақаӣ хоҳанд буд

Посухи Эрон ба иддаоҳои вазири хазонадории Амрико

August 30, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Саломиддин Мирзораҳматов

Шовинизми тоҷикӣ

August 30, 2026
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: “Бархе аносири амрикоӣ бо дасткории бозори энержӣ, Тромпро гирифтори ҷанг кардаанд”

August 30, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved