Пандҳое аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с)
* * *
* Ҳар чи фарзанди Одам пиртар мешавад, ду сифат дар ӯ ҷавонтар мегардад: ҳирс ва орзу.
* Ду гурӯҳ аз уммати ман ҳастанд, ки агар салоҳ биёбанд, уммат салоҳ меёбад ва агар фосид шаванд, уммати ман фосид мешавад: уламо ва ҳукком.
* Наметавон ҳамаро ба мол розӣ кард, аммо ба ҳусни хулқ метавон.
* Нодорӣ балост, аз он бадтар бемории тан ва аз бемории тан душвортар, бемории дил.
* Мӯъмин ҳамвора дар ҷустуҷӯи ҳикмат аст.
* Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз дасту забони ӯ дар осойиш бошанд.
* Дар рафтор бо занон, аз Худо битарсед ва он чи дар бораи онон шояд, аз некӣ дареғ нанамоед.
* Парвардигори ҳама якест ва падари ҳама яке, ҳама фарзанди одамизод ва Одам аз хок аст. Гиромитарини шумо назди Худо, парҳезкортарини шумост.
* Аз лаҷоҷат бипарҳезед, ки ангезаи он, нодонӣ ва ҳосили он, пушаймонӣ аст.
* Бадтарини мардум касе аст, ки гуноҳро набахшад ва аз лағзиш чашм напӯшад ва боз аз ӯ бадтар касе аст, ки мардум аз газанди ӯ дар амон ва ба некии ӯ умедвор набошанд.
* Чун туро ситойиш кунанд, бигӯ: эй Худо! Маро беҳтар аз он чи гумон доранд бисоз ва он чиро аз ман намедонанд, бар ман бибахш ва маро масъули он чи мегӯянд, қарор мадеҳ!
* Субҳу шоме бар мӯъмин намегузарад, магар он ки бар худ гумони хато бибарад.
* Диловартарини мардум он аст, ки бар ҳавои нафс ғолиб ояд.