ДОСТОНИ МАРДИ СОЛЕҲ ВА ОҲАНГАР
Ҳикоят кардаанд, ки марде аз солеҳон шунид, ки дар фалон шаҳр оҳангарест, ки даст ба оташ мегирад ва ӯро осебе намерасад. Он марди солеҳ қасди он шаҳр кард ва аз оҳангар ҷӯён шуд, ӯро ба оҳангар далолат карданд. Он мард пеш омада салом дод ва бо ӯ гуфт: “Мехоҳам, ки имшаб меҳмони ту шавам”.
Оҳангар ӯро ба сӯйи манзили хеш бурд. Дар он шаб аз ӯ ибодате мушоҳида накард ва бо худ гуфт: шояд ибодати худро аз ман пинҳон дошт. Шаби дуюм ва сеюм низ дар он ҷо бихуфт. Дид, ки марди оҳангар ҷуз фароиз ба чизе намепардозад ва шабро зинда намедорад. Он гоҳ ба оҳангар гуфт: кароматеро, ки Худои Мутаъол махсуси ту гардонидааст, шунида будам, акнун ба аён бидидам, вале парастиши туро чандон наёфтам, ки шоистаи каромот бошад, акнун боз гӯ, ки сабаби каромот, ки ту дорӣ, чист?
Марди оҳангар гуфт: сабаби ин роз ба ту ҳадис кунам ва он ин аст, ки ман ба зане мафтун ва ҳарис будам. ӯро басе ба хештан даъват кардам, ба ҷиҳати покдомании вай бар ӯ даст наёфтам.
Соле қаҳтӣ пеш омад ва хӯрданӣ ба даст намеафтод ва дар миёни мардум гуруснагии бузург падид шуд. Рӯзе дар хонаи худ истода будам, ки дар бикӯфтанд. Берун омада он занро дидам, ки бар дар истода, ба ман гуфт: аз гуруснагӣ тоқатам рафт, аз барои Худо маро таъом деҳ.
Гуфтам: то ком бар ман набахшӣ, туро таъом надиҳам. Он зан гуфт: маро марг аз маъсияти Худо беҳтар аст. Ин бигуфт ва бозгашт.
Рӯзи дигар ба хона даромад ва аз гуруснагӣ меларзид. Ман таъом дар пеши ӯ ҳозир кардам, сиришк аз дидагон бирехт ва гуфт: “Аз барои Худо маро таъом деҳ”. Гуфтам: ҷуз ин ки маро ба хештан тамкин диҳӣ, чора нест. Он гоҳ таъом бар ҷой гузошт ва бирафт ва гуфт: “Марг барои ман аз азоби Худо хуштар аст”.
Пас он зан ду руз аз ман ғоиб буд. Пас аз ду рӯз бозомад ва дар бикӯфт. Ман берун рафтам, ӯро дидам, ки аз ғояти гуруснагӣ ба ҳалокат наздик аст ва тоқати сухан гуфтан надорад. Гуфт: “Маро гуруснагӣ ҳалок кард ва ҷуз ту ба касе рӯй натавонам овард, маро аз барои Худо сер кун”. Гуфтам: туро таъом надиҳам, магар ин ки коми ман бидиҳӣ.
Дар он соат нури иноят бар дилам тароват андохт ва бо худ гуфтам: вой бар ту, ин зане аст, ки ақлу дини ӯ ноқис аст ва аз гуруснагӣ тоқати сухангуфтанаш намонда, боз имрӯз ба фардо ҳаме афканад ва ба гуноҳ иқдом намекунад, валекин эй нафси шум, ту аз маъсияти Худо боз намегардӣ.
Пас тавба кардам ва таъом ба назди ӯ овардам ва ба ӯ гуфтам: бихӯр, ки ман ин таъом аз баҳри Худо ба ту додам. Дарҳол он зан сар бар осмон бардошт ва гуфт: Худовандо, агар ин рост мегӯяд, оташи дунё ва оташи охиратро бар вай ҳаром гардон.
Он мард гуфтааст, ки ман он занро ба таъом хӯрдан бигузоштам ва худ бархостам, ки оташ аз кӯра берун кунам. Шароре аз оташ бар ман биафтод ва аз қудрати Худо аламе аз ӯ наёфтам. Бо худ гуфтам: шояд даъвати ин зан ба иҷобат расида. Пас ахгаре ба даст гирифтам, ӯ маро низ насӯзонид. Он гоҳ ба назди зан даромадам ва ба ӯ гуфтам: Башорат бод туро, ки Худои Мутаъол даъвати туро иҷобат кард.
Аз китоби “Ҳазору як шаб”