Шоханабот ва Ҳофиз дарбраи ҳамин моҷаро ҳаст ки мегуяд :
Хоҷа Шамсиаддини Муҳаммад ; шогирди нонвоӣ буд . Ошиқи духтари яке аз арбобони шаҳр шуд . Ки духтаре буд зеборӯй баноми Шоханабот .
Дар канори нонвоӣ мактабхонае қарор дошт ки дар онҷо қуръон омӯзиш дода мешуд ва Шамсиддин дар авқоти бекории пушти дари ҷаласаи омӯзиш менишаст ва ба қуръони хондани онон гӯш медод . То инки рӯзе аз Шоханабот пайғомӣ шунид ки дар шаҳр пахш шуд “ ман аз миёни хостгоронам бо касе издивоҷ мекунам ки битавонад 100 дирҳам бароям биёварад ! “
100 дирҳам , пули зиёде буд ки аз ъӯҳдаи хеле аз мардуми он замон бар намеомад ки битавонанд ин пулро фароҳам кунанд
Иддае аз хостгорони Шоханабот пушаймон шуданд ва иддае дигар низ сахт талош карданд то битавонанд ин пулро фароҳам кунанд ва ӯ ро ки духтари зебо буд ва сирватманд ба ҳамсарӣ гузинанд
Дар байни хостгорони Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад низ ба масҷид маҳал рафт ва бо худои худ аҳди баст ки агар ин 100 дирҳамро битавонад фароҳам кунад 40 шаб ба масҷид равад ва то субҳ ниёйиш кунад .
ӯ кори худро бештар кард ва шабҳо низ ба масҷид мерафт ва розу ниёз мекард то ин ки дар шаби чиҳилум тавонист 100 дирҳамро фароҳам кунад ва шаб ба хонаи Шоханабот рафт ва эълом кард ки тавониста аст 100 дирҳам ро фароҳам кунад ва моил аст бо Шоханабот издивоҷ кунад .
Шоханабот ӯ ро пазируфт ва пазироии гармӣ аз ӯ кард ва эълом кард ки аз ин лаҳзаи Хоҷа Шамсиддини шавҳари ман аст . Шамсиддин бо Шоханабот дарбораи назре ки бо худои худ карда буд гуфт ва аз ӯ иҷоза хост то ба масҷид равад ва охирин шабро низ бо роз ва ниёз бипардозад то ба аҳди худ вафо карда бошад .
Аммо Шоханабот аз ин кор ҷилавгирӣ кард . Хоҷа Шамсиддин бо нороҳатӣ аз хонаи Шоханабот хориҷ шуд ва ба самти масҷид рафт вашаби чиҳилум ро дар онҷо сипарӣ кард . Саҳаргоҳ ки аз масҷид боз мегашт чанд ҷавони масти ханҷар ба даст ҷилави ӯ ро гирифтанд ва ҷомӣ ба ӯ доданд ва гуфтанд бинӯш ӯ ҷавоб дод ман мард худое ҳастам ки тоза аз ниёиш бо худо фориғ шудаам , наметавонам ин корро анҷом диҳам.
Аммо онон ханҷарро ба сӯй ӯ гирифтанд ва гуфтанд агар нанӯшӣ туро хоҳем кишт бинӯш , Хоҷа Шамсиддини аввалин ҷуръаро нӯшед онон гуфтанд чӣ мебинӣ гуфт : ҳеҷ ва гуфтанд : дигар бор бинӯш , нӯшед , гуфтанд : ҳол чӣ мебинӣ ?
Гуфт : ҳис мекунам аз оянда бохабарам ва гуфтанд : боз ҳам бинӯш , нӯшед , гуфтанд : чӣ мебинӣ ? гуфт : ҳис мекунам қуръонро аз барам ;у хоҷа он шаб ба хона рафт ва оғоз кард аз ҳифзи қуръон хондан ва шеър гуфтан ва аз ояндаи мардум гуфтан ва дигар суроғе ҳам аз Шоханабот нагирифт !
То инки овозаи ӯ ба гӯши шоҳ расед ва шоҳ ӯ ро назди худ талабед ва ӯ аз он пас ҳамдам шоҳ шуд ;у шоҳи лақаби Лисониллғайб ҳофиз ро ба ӯ дод .
( Листониллғайб чун аз ояндаи мардум мегуфт ва ҳофиз чун ҳофизи кули қуръон буд )
То инки Шоханаботи овозаи ӯ ро шунид ва фаҳмид ки назд шоҳ аст ва ба дунбол ӯ рафт аммо . . .
Ҳофиз ӯ ро нахост ва гуфт : зане ки маро аз худои худ дӯр кунад ба дарди зиндагӣ намехӯрад . . .
То ин ки бо воситаи шоҳ бо ҳам издивоҷ карданд .
Ин ҳама шаҳду шакар каз суханам мерезад
Аҷри сабрест казон шоха наботам доданд .
Агар ҳамаи мо бо ҳамин ҳикояти Ҳофиз зиндагии худро пеш бубарем қатъи ба яқин худованд дарҳои хушбахтӣ ва оқибат ба хайриро боз мекунад.
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро
ба холи ҳиндуяш бахшам самарқанду бухороро
биде соқӣ май боқӣ ки дар ҷаннат нахоҳт ёфт.
канори оби Рукн обод ду гулгушти мусало ро.
Ҳофизи Шерозӣ