• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Фархунда бод рӯзи нав

February 28, 2025
in Адабиёт ва ашъор
0
Аъзам Хуҷаста

Аъзам Хуҷаста

0
SHARES
36
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Фархунда бод рӯзи нав

(Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт,

Дар талоши қисмату номусу ном,

Боз як хуршед моро тарк гуфт,

Моҳи нав пайдо шуд андар уфқи шом,

Шаб ба хайр, эй ёру дӯстон, шаб ба хайр! (Устод Лоиқ))

ФАРХУНДА БОД РӮЗИ НАВ

Боз як рӯзи дигар оғоз шуд,

Ассалом, эй офтоб, эй осмон,

Шукри ин дам ки хушему зиндаем,

Ассалом ойинаҳо – эй дӯстон.

Рӯзи нав фархунда бод, эй ҳамватан,

Сабз бошӣ мисли гулҳои чаман!

Эй мусофир – раҳсипору раҳнавард,

Ҳамраҳат лутфи Худо, роҳат сафед.

Меравӣ, ғолиб раву ғоним биё,

Сарбаланду некному пурумед.

Рӯзи нав фархунда бод, эй ҳамватан,

Сабз бошӣ мисли гулҳои чаман!

Ҳар нафас бо шӯри нав бояд шукуфт,

Лаҳзаҳоро як-як аз сар офарид,

Ҳар тапиш-ҷашни бузурги сарнавишт,

Медиҳад аз зиндагӣ пайки навид.

Рӯзи нав фархунда бод, эй ҳамватан,

Сабз бошӣ мисли гулҳои чаман!

Зиндагӣ; зебо, фиребо, бошукӯҳ

Гоҳ агар бад менамояд, андак аст,

Бартакон аз дидаи қалбат ғубор,

Мушкил аз чангу ғубори айнак аст!

Рӯзи нав фархунда бод, эй ҳамватан,

Сабз бошӣ мисли гулҳои чаман!

Эй асируфтода дар чанги шитоб,

Як нафас биншин канори панҷара,

Ҳар нафас як шоҳкори зиндагист,

Хира шав дар растахези манзара.

Рӯзи нав фархунда бод, эй ҳамватан,

Сабз бошӣ мисли гулҳои чаман!

Чашмҳоро аз фуруғ оканда кун,

Аз шукӯҳи тозадидан, аз навӣ,

Боз кун оғӯши худ бар зиндагӣ,

То бубинӣ ки чи беғам мешавӣ!

Рӯзи нав фархунда бод, эй ҳамватан,

Сабз бошӣ мисли гулҳои чаман!

Эй насими субҳ- эй пайғомбар,

Атри гарми ишқ овар бар диёр,

Абрҳои яъсро бо худ бибар,

Ханда овар, хандаҳои бешумор.

Рӯзи нав фархунда бод, эй ҳамватан,

Сабз бошӣ мисли гулҳои чаман.

Ҷӯйҳо ойина бо худ мебаранд,

То куҷо? То баҳрҳои бекарон,

Гул ба гулдон ҳам муҳаббат мекунад,

Зинда бодо ишқҳои безабон.

Рӯзи нав фархунда бод, эй ҳамватан,

Сабз бошӣ мисли гулҳои чаман!

Аъзам Хуҷаста

Тоҷнек

Tags: Фархунда бод рӯзи нав
Previous Post

Байҳақӣ

Next Post

Оини ҳамсардорӣ

Related Posts

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Адабиёт ва ашъор

Ҳикояти марди тозамусалмон

February 26, 2026
Дамованд
Адабиёт ва ашъор

Дамованд

February 26, 2026
ҳофиз
Шеърҳо

Қуръон ва аҳодис дар осори Ҳофиз

February 26, 2026
Манобеи Шоҳнома
Адабиёт ва ашъор

Кохи баланди Фирдавсӣ

February 24, 2026
Қиматӣ дар шаҳри Мадина
Адабиёт ва ашъор

Водии оромиш

February 24, 2026
Маснавӣ
Шеърҳо

Достони паҳлавон ва хирс

February 22, 2026
Next Post
Оини ҳамсардорӣ

Оини ҳамсардорӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

March 3, 2026
Сураи Фотиҳа

Сураи муборакаи Фотиҳа

March 3, 2026

Recent News

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved