Фақири кӯр
Фақире ба дари хонаи бахиле омад, гуфт: Шунидаам, ки ту қадре аз моли худро назри ниёзмандон кардаӣ ва ман дар ниҳояти фақрам, ба ман чизе бидеҳ!
Бахил гуфт: Ман назри кӯрон кардаам.
Фақир гуфт: Ман ҳам кӯри воқеӣ ҳастам, зеро агар бино мебудам, аз дари хонаи Худованд ба дари хонаи касе мисли ту намеомадам.
Тоҷнек