• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Имон ва ваҳдат

Ваҳдат аз дидгоҳи Алӣ(а)

March 8, 2025
in Имон ва ваҳдат
0
Ваҳдат аз дидгоҳи Алӣ(а)

Ваҳдат аз дидгоҳи Алӣ(а)

0
SHARES
161
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ваҳдат аз дидгоҳи Алӣ(а)

Ваҳдат ва ягонагии уммат, дастоварди муҳимми нубуввати Расули Акрам(с)

Дар хутбаи якуми китоби “Наҳҷ-ул-балоға”, ки хутбаҳо, номаҳо ва калимоти ҳикматомези ҳазрати Алӣ(к) дар он ҷамъоварӣ шудааст, яке аз дастовардҳои муҳимми нубуввати Паёмбар(с) эҷоди ваҳдат ва ягонагии уммати исломӣ шуморида шудааст. Дар ин хутба, имом Алӣ(к) ба баёни вазъи парокандаи мардуми он замон ишора карда мефармояд: »Қабл аз беъсати Паёмбар(с) мардум дар мазоҳиби гуногун буданд, ҳавоҳои парешон доштанд ва ҷамъиятҳои парокандае буданд. Дастае худро ба махлуқ ташбеҳ мекард, гурӯҳе мулҳиду бедин буданд ва ҷамъе маъбудҳои дигаре ғайр аз Худо доштанд. Аммо Худованди Мутаол ба баракати вуҷуди он ҳазрат, онҳоро аз гумроҳӣ бираҳонид ва аз нодонӣ наҷот бахшид. Мардуми замин ҳар даста ба оине гардан ниҳода буданд ва ҳар гурӯҳ аз паи хоҳише афтода ва дар хидмати оине истода ё Худоро монанди офаридагон дониста ё сифате, ки сазовори ӯ нест, ба ӯ баста ё ба буте пайваста ва аз Худо гусаста. Парвардигор онҳоро аз гумроҳӣ ба растгорӣ кашонд ва аз торикии нодонӣ раҳонд”.

Гумроҳӣ ва нодонӣ аз иллатҳои тафриқа ва парокандагии мардум ва парастиши маъбудҳои мухталиф ва доштани мазоҳиби гуногун мебошанд, ки беъсати Паёмбар(с) ва раҳбарӣ ва рисолати он ҳазрат бо аз  байн бурдани ин мавонеъ, ваҳдат, улфат, тавҳид ва ягонагиро ба онҳо бозгардонд.

Ваҳдат омили иззат, шавкат ва қудрати умматҳо

Ҳазрати Алӣ(к) бо баёни саргузашти умматҳои гузашта ва илали пешрафт ё нобудиашон мефармояд: »Иззату сарбаландӣ ва пешрафту тараққии ҳар уммат, дар ваҳдату ягонагӣ ва ҳамбастагии онҳост ва ваҳдату иттиҳод бузургтарин омили қудрату шавкати як ҷомеа аст. Дар муқобил зиллату сарафкандагӣ ва суқути ҳар уммат дар тафриқа ва парокандагии онҳо буда ва тафриқаву ҷудоӣ ва ихтилоф сабаби асосии заъфу нобудии он ҷомеа ва уммат мебошад«.
Дар хутбаи 192, бо баёни саргузашти умматҳои гузашта мардумро ба ибрат гирифтан аз сарнавишти онҳо фаро хонда ва мусулмононро ба анҷоми корҳое, ки сабаби иззату шавкат ва қудраташон мешавад ташвиқ менамояд ва мефармояд:»Бингаред чӣ ҳоле доштанд, ҳангоме ки бо ҳам муттаҳид буданд, ҳадафу ормонашон як чиз, дилҳояшон ҳамоҳанг ва мувофиқ, дастҳо ва шамшерҳояшон дар як роҳ ва ҳадаф буд. Оё вақте ки чунин буданд, фармонравои ҷаҳон ва молики оламиён набуданд?!«

Ваҳдати давлату миллат

Ҳазрати Алӣ(к) ваҳдати давлат ва миллатро яке аз авомили асосии устувор мондани дин ва пешрафти уммат медонад. Ҳазрати Алӣ(к) дар хутбаи 216 Наҳҷ-ул-балоға, рӯи ин нукта таъкид мекунад, ки мардум бояд аз ҳокими мӯъмин ва одил итоат кунанд, зеро нофармонии онҳо сабаби пайдоиши ихтилоф байни муслимин, фарогир шудани фасод, шикасти Ислом ва зарба хӯрдани дин мегардад
Пас аз он ки имом итоати волиро бар мардум лозим донист, ин матлабро тавзеҳ медиҳад, ки итоат аз ҳокими одил ва мусулмон барои ҳифзи ваҳдати муслимин ва тақвияту устувор сохтани Ислом ва наҷоти мазлумин аз чанголи ситамгарон аст; барои кӯбидани душман ва қатъи умеди ӯст то мусулмонон бо камоли сарбаландӣ дар масири азамат қадам бардоранд.

Таъкиди Имом Алӣ(к) бар ҳифзи равобити иҷтимоӣ

Ҳар иҷтимое ниёз ба равобити байни афрод, хусусан робитаи байни аъзои тоифаи худро дорад ва ҳазрати Алӣ(к) ба ин нукта таваҷҷӯҳ намуда ва дар номаи 47 Наҳҷ-ул-балоға мефармояд: “Лозим аст равобити худро ҳифз кунед, дар роҳи Худо бахшиш намоед ва аз беэътиноӣ ва қатъи робита бо якдигар парҳез кунед”.
Имом Алӣ(к)дар паи ҳифзи робита ба бахшиш ҳам таваҷҷӯҳ менамояд, ки худ василае аст барои ҳифзи иртибот байни мусулмонон дар ҷомеаи исломӣ. Алӣ(к) ваҳдат ва якпорчагии байни афроди ҷомеаро сабаби пешрафти маънавии ҷомеа медонад; “Шумо ва ҳамаи фарзандонам ва аҳли хонаводаам ва касонеро, ки номаи ман ба ӯ бирасад супориш мекунам ба тарс аз Худо ва назм дар умури зиндагӣ ва эҷоди сулҳу оштӣ бо якдигар…”

Имом Алӣ(к) дар ин нома савоби ислоҳи байни ду нафарро болотар аз як сол намозу рӯза медонад. Ин ҳама савоб ба хотири ин аст, ки ихтилоф сабаб мешавад, ки афрод аз маънавият ақиб бимонанд. Бо бартараф шудани ихтилоф, ба маънавият бештар таваҷҷӯҳ шуда ва ибодатҳо авҷ мегиранд ва шахси ислоҳкунанда дар савоби онҳо саҳим аст.

Роҳҳои расидан ба ваҳдати исломӣ аз назари ҳазрати Алӣ(к)

Ваҳдат дар сояи илму маърифат ва шинохти саҳеҳ
Гумроҳӣва нодонӣаз авомили тафриқа ва парокандагии мардум ва парастиши маъбудҳои гуногун ва доштани мазоҳиби гуногун мебошад, ки беъсати Пайғамбар(с) ин мавонеъро аз пеши роҳ бардошт.
Дар хутбаи 166 имом Алӣ(к) ба ин масъала таваҷҷӯҳ менамояд, ки касби илму дониш ва маърифати Худо инсонро дар тамоми шууни зиндагӣ ба саодат мерасонад ва беэътиноӣ ба илму маърифати Худо, сабаби рушди туғён ва зулму ситам мегардад. Ба ҳамин ҷиҳат раҳбарони ҷомеа бояд барои расидан ба аҳдофи илоҳӣ, афкорро равшан гардонанд.

Дурӣ аз кинатӯзӣ, бухл, ҳасодат…

Ҳазрати Алӣ(к) бо баёни саргузашти қавмҳои гузашта, авомили иззату шавкати онҳо ва сабабаҳои нобудию шикасти онҳоро таҳлил намуда ва мусулмононро ба ибратгирӣ ва пешрафт ташвиқ менамояд.
Дар хутбаи 192 Наҳҷ-ул-балоға ба ин мавзӯъ ишора намуда мефармояд: “Онҳо аз ҳар коре, ки такягоҳашонро суст мекард, дурӣ меҷустанд. Корҳое монанди кинатӯзӣ, бухл, ҳасодат, рӯй гардондан ва дурӣ аз ҳамдигар…”

Гузашт ва бахшиш байни афроди ҷомеа

Имом Алӣ(к) мефармоянд: »Бидон, ки ҳеҷ кас нест, ки нисбат ба ваҳдату иттиҳод аз ман ҳаристар ва унсаш ба он аз ман бештар бошад…«  Имом(к) дар рафтор ва гуфтори хеш барои эҷоди ваҳдати муслимин, аз гузашту бахшиш истифода намуда ва ин равишро барои пайравонаш низ васият намудааст.

Дӯстӣ ва бародарии динӣ

Ҳазрати Алӣ(к) дӯстӣ ва бародариро василаи иртиботи байни афроди ҷомеа дониста ва бар ин масъала таъкиди зиёд намудаанд. Аз ҷумла фармоишоти эшон, дар номаи 31 Наҳҷ-ул-балоға, чунин аст: “Ҳангоми қатъи робита аз тарафи бародарат ту пайванд намо ва ҳангоми қаҳру дурӣ, лутфу наздикӣ кун ва дар муқобили бухлаш бахшиш кун ва дар замони дуриаш наздикӣ намо, ҳангоми сахтгириаш нармиш нишон бидеҳ ва ҳангоми узрхоҳияш қабули узр кун; ончунон ки гӯё ту бандаи ӯ ҳастӣ ва ӯ валинеъмати туст…”

Сухани поёнӣ

Аз баррасӣ ва мутолиаи манобеи исломӣ, мисли Қуръон, аҳодиси Набии Мукаррам – ҳазрати Муҳаммад(с), Наҳҷ-ул-балоға ва ҳамчунин аз баррасии манобеи таърихии зиндагонии анбиё ва авлиёи Худо, ба ин нукта мерасем, ки Ислом оини ваҳдат аст ва паёми Ислом даъват ба ваҳдату иттиҳоди уммати исломӣ аст.
Дар садри Ислом, футуҳот ва муваффақиятҳои беназири муслиминро мушоҳида менамоем, ки фақат ваҳдат ва ҳамбастагии онон боис шуд, қавме аз чанголи ҷаҳолат ва ақибмондагӣ бираҳад ва бар курсии ҳукумати ҷаҳони Ислом бинишинад.
Ҳазрати Алӣ(к)бо рафтору гуфтор ва бо суханону хутбаҳо ҳамеша уммати исломиро ба эҷод ва ҳифзи ваҳдат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ байни сафҳои муслимин ва афроди ҷомеа даъват намуда ва ба дастовардҳо ва натоиҷи ваҳдат ишора намуда ва роҳҳои саҳеҳ ва равшанро барои расидан ба ваҳдат ва якпорчагии уммати исломӣ баён кардааст.
Пайравони мактаби босафои ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) барои расидан ба аҳдофи бузурги худ, ки саодати абадӣ ва қурби Парвардигор аст, бояд аз роҳу равиш ва фармоишоти Расули Акрам(с) ва авлиёву авсиёи Худо ғофил намонанд ва асоси дини худро ба воситаи ваҳдату якпорчагӣ мустаҳкам намуда ва дини хешро, ки мояи саодату хушбахтӣ ва шукӯҳу сарбаландии эшон дар ҳарду олам аст аз ҳар газанде маҳфуз бидоранд.

(Акрамхон Зиёдулло)

Тоҷнек

Tags: Ваҳдат аз дидгоҳи Алӣ(а)
Previous Post

Ҳасрати подшоҳ

Next Post

Гузашту бахшиш байни афроди ҷомеа

Related Posts

Имом Хумайнӣ
Имон ва ваҳдат

Рӯзи Қудс – рӯзи иҷрои қавонини Ислом

March 27, 2025
Шайх Аҳмад Ёсин
Имон ва ваҳдат

Қудси Шариф ва Шайх Аҳмад Ёсин

March 27, 2025
Ниёиш
Имон ва ваҳдат

Ниёиш

March 24, 2025
Тасбеҳи Шаби Қадр
Имон ва ваҳдат

Тасбеҳи Шаби Қадр

March 24, 2025
Пурсишу посух
Имон ва ваҳдат

Пурсишу посухҳои қуръонӣ

March 19, 2025
Чанд асли исломӣ
Имон ва ваҳдат

Чанд асли исломӣ

March 10, 2025
Next Post
Гузашту бахшиш

Гузашту бахшиш байни афроди ҷомеа

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved