Моҷарои Фаластин
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Моҷарои Фаластин фақат ин нест, ки ду тараф бо ҳам даргиранд, балки масъала ин аст, ки як тараф, ишғолгар (оккупант) аст ва тарафе дигар аз сарзамини худ дифоъ мекунад ва ақлу урфу шаръ ҳукм мекунад, ки одам бояд ва воҷиб аст, ки аз сарзамини худ дифоъ кунад.
Фаластиниҳо наздик ба 80 сол аст, ки бо ишғолгар меҷанганд, қазияи яке ду соли ахир нест, умри ин моҷаро 80 сол аст.
Ва суннат ва қонуни таърих ин аст, ки ишғолгар саранҷом шикаст мехӯрад, ҳарчанд ба тӯл анҷомад, ин суннати таърих ва суннати Худост.
Як замон, дар қуруни вусто, Фаластин аз сӯйи салибиҳо ишғол шуд ва муддати 100 сол таҳти ишғоли салибиҳо қарор дошт ва саранҷом ба дасти Салоҳуддин Айюбӣ озод шуд, пас аз 100 соли ишғол. Ҳоло 80 сол аст таҳти ишғоли саҳюнистҳо, ки албатта қароин ҳамаи ҳокӣ аз он аст, ки анқарриб озод хоҳад шуд, зеро саҳюнистҳо бо вуҷуди ҳимояти аксари кишварҳои рӯйи замин аз онҳо ҳатто кишварҳои арабӣ, аммо дар ҳоли шикастанд, ба чашмонатон хоҳед дид, шикаст мехӯранд иншоаллоҳ!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Тоҷнек