Салоҳ ва табоҳи уммат
Паёмбари Акрам(с) фармуданд:
“Ду гурӯҳ аз уммати ман ҳастанд, ки агар салоҳ биёбанд, уммат салоҳ меёбад ва агар фосид шаванд, уммати ман фосид мешавад: уламо ва ҳукком”.
“Диловартарини мардум он аст, ки бар ҳавои нафс ғолиб ояд”.
“Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз дасту забони ӯ дар осойиш бошанд”.
“Дар рафтор бо занон, аз Худо битарсед, ва он чӣ дар бораи онон шояд, аз некӣ дареғ нанамоед”.
“Бадтарини мардум касе аст, ки гуноҳро набахшад ва аз лағзиш чашм напӯшад, ва боз аз ӯ бадтар касе аст, ки мардум аз газанди ӯ дар амон ва ба некии ӯ умедвор набошанд”.
“Наметавон ҳамаро ба мол розӣ кард, аммо ба ҳусни хулқ метавон”.
Тоҷнек