Ҷулонӣ: Мо ва Исроил душманони муштарак дорем
Ахбори байналмилал
Ба гузориши нашрияи Jewish Journal Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ, саркардаи гурӯҳи теруристии Ҳайати Таҳрир-уш-Шом, дар бораи равобити Димишқ ва Телавив гуфтааст:
“Даврони бомбборонҳои бепоён бояд поён ёбад. Мо душманони муштараке дорем ва метавонем нақши муҳимме дар амнияти минтақа ифо кунем”.
Саркардаи Ҳайати Таҳрир-уш-Шом (шохаи гурӯҳи теруристии Алқоида дар Сурия), ки худро раиси муваққати ин кишвар мехонад, дар як мусоҳибаи муфассал бо нашрияи яҳудиёни Омрико (Jewish Journal), ба вазъияти дохилии Сурия ва чашмандози ин кишвар пардохт.
Ӯ дар гуфтугӯ бо нашрияи Jewish Journal гуфт: “Мо чизе фаротар аз вайронаҳоро ба ирс бурдаем. Мо захмҳо, беэътимодӣ ва хастагиро ба ирс бурдаем. Аммо ҳамчунин умеде шикананда, аммо воқеиро ба ирс бурдаем. Гузашта дар гӯша ва хиёбонҳои Сурия ва дар байни ҳамаи хонаводаҳо ҳузур дорад. Вазифаи мо такрори он ё чизе нармтар нест, балки мо бояд чизе комилан ҷадид халқ кунем.”
Ҷулонӣ бо баёни ин ки аз ҳамаи ақаллиятҳо барои ҳузур дар раванди ҳукмронӣ бар Сурия даъват кардааст, гуфт: “Агар танҳо ман бошам, ки сӯҳбат мекунам, Сурия чизе наомӯхтааст. Мо аз ҳамаи садоҳо, секулор, мазҳабӣ, қабилаӣ, донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва рустоӣ даъват мекунем. Давлат акнун бояд гӯш диҳад, на ин ки фармон диҳад.”
Ӯ дар посух ба суоле дар бораи адами эътимоди мардум Сурия ба ин раванд гуфт: “Ман дархости эътимод намекунам. Ман дархости сабр дорам. Ман ва ин фарояндро масъул бидонед. Эътимод аз ин масир ба даст меояд.”
Саркардаи Таҳрир-уш-Шом дар посух ба суоле дар бораи равобити Димишқ ва Телавив гуфт: “Даврони бомбборонҳои бепоён бояд поён ёбад. Ҳеҷ миллате бо осмоне пур аз тарс шукуфо намешавад. Мо душманони муштараке дорем ва метавонем нақши муҳимме дар амнияти минтақа ифо кунем.”
Ба навиштаи Jewish Journal, Ҷулонӣ дар гуфтугӯ бо ин нашрия тамоюли худ барои бозгашт ба руҳи тавофуқи қатъномаи 1974 бо Исроилро “на фақат ба унвони хатти оташбас, балки ба унвони мабное барои хештандории мутақобил ва ҳифозат аз ғайринизомиён, бавежа ҷомеаи дурузиён дар ҷануби Сурия ва баландиҳои Ҷулон” иброз кард.
Ҷулонӣ афзуд: “Сулҳ бояд аз тариқи эҳтироми мутақобил ҳосил шавад, на аз рӯйи тарс. Мо дар ҷойе, ки садоқат ва масири равшан барои ҳамзистӣ вуҷуд дошта бошад, мушорикат хоҳем кард ва аз чизе камтар аз он дурӣ хоҳем кард.”
Саркардаи Таҳрир-уш-Шом ҳамчунин бо ишора ба дидори худ бо Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико гуфт: “Фориғ аз наҳваи тасвирсозии расонаҳо, ман ӯро марде сулҳталаб мебинам. Мо ҳар ду аз сӯйи як душман ҳадаф қарор гирифтаем. Тромп қудрат, аҳрум ва натоиҷро дарк мекунад. Сурия ба воситаи содиқе ниёз дорад, ки битавонад гуфтугӯро аз нав оғоз кунад. Агар имкони ҳамсӯйӣ вуҷуд дошта бошад, ки ба саботи минтақа ва амнияти Омрико ва муттаҳидонаш кӯмак кунад, ман омодаи ин гуфтугӯ ҳастам. Ӯ танҳо касест, ки метавонад ин минтақаро бозсозӣ кунад.”
Бахши хабарии Тоҷнек