Паём ва табрики Оятуллоҳ Хоманаӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Лозим медонам ба миллати бузурги Эрон табрик арз бикунам
Байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, дар севвумин паём, хитоб ба мардум гуфт: “Ба миллати Эрон табрик арз мекунам, режими саҳюнӣ дар зери заработи Ҷумҳурии Исломӣ тақрибан аз по даромад ва леҳ шуд.”
Матни комили паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шарҳи зерин аст:
Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим.
Салому дуруди фаровон ба миллати азиз ва бузурги Эрон. Аввалан ёди шаҳидони гаронқадри ҳаводиси ахирро гиромӣ медорам; сардорони шаҳид, донишмандони шаҳид, ки ҳаққан ва инсофан арзишманд буданд барои Ҷумҳурии Исломӣ ва хидмат карданд ва имрӯз дар пешгоҳи Парвардигор подоши хадамоти барҷастаи худашонро дарёфт мекунанд, иншоаллоҳ!
Лозим медонам ба миллати бузурги Эрон табрик арз бикунам. Чанд табрик ба миллат арз мекунам:
Яке, табрики пирӯзӣ бар режими ҷаълии саҳюнист. Режими саҳюнӣ бо он ҳама ҳаёҳу, бо он ҳама иддао, дар зери заработи Ҷумҳурии Исломӣ тақрибан аз по даромад ва леҳ шуд. Фикри ин ки чунин заработе аз сӯйи Ҷумҳурии Исломӣ мумкин аст бар режим ворид бишавад, дар зеҳни онҳо хутур намекард; ва иттифоқ афтод.
Худоро сипос мегузорем, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи мо кӯмак кард; тавонистанд аз дифоъи чандлояи пешрафтаи онҳо убур кунанд ва бисёре аз манотиқи шаҳрӣ ва низомии онҳоро зери фишори мушакҳои худашон ва бо таҳоҷуми қавии силоҳи пешрафтаи худашон бо хок яксон кунанд! Ин яке аз бузургтарин неъматҳои илоҳӣ аст; ин нишондиҳандаи он аст, ки режими саҳюнистӣ бидонад, ки таъарруз (таҷовуз) ба Ҷумҳурии Исломии Эрон барояш ҳазиназост, ҳазина барои ӯ эҷод мекунад, ҳазинаи сангин барои ӯ ба вуҷуд меоварад ва эҷод мекунад.
Ва биҳамдиллоҳ ин иттифоқ афтод; ифтихораш мутааллиқ ба нерӯҳои мусаллаҳ ва мардуми азизамон аст, ки ин нерӯҳои мусаллаҳро аз даруни худ эҷод карданд, тарбият карданд, пуштибонӣ карданд ва дасти онҳоро барои анҷоми якчунин кори бузурге фароҳам карданд, қавӣ карданд.
Табрики дуввум марбут ба пирӯзии Эрони азизамон бар режими Омрикост. Режими Омрико вориди ҷанги мустақим шуд, чун эҳсос кард, ки агар ворид нашавад, режими саҳюнистӣ ба куллӣ нобуд хоҳад шуд. Вориди ҷанг шуд барои ин ки ӯро наҷот бидиҳад, лекин ҳеч дастоварде аз ин ҷанг надошт. Ба марокизи ҳастаии мо ҳамла карданд, ки албатта ин ба таври мустақил дар хӯри пайгирии ҷазоӣ дар додгоҳҳои байналмилалӣ аст. Аммо натавонистанд кори муҳимме анҷом бидиҳанд.
Раиси ҷумҳури Омрико дар шарҳи он чи воқеъ шуда буд, бузургнамоии ғайримутаорафе (ғайри оддие) кард; маълум шуд, ки ба ин бузургнамоӣ эҳтиёҷ дорад; ҳар касе мешунид он ҳарфҳоро, мефаҳмид, ки дар зери зоҳири ин ҳарфҳо як ҳақиқати дигаре вуҷуд дорад. Коре натавонистанд анҷом бидиҳанд; ба мақсуде, ки доштанд, натавонистанд бирасанд ва бузургнамоӣ мекунанд, то ҳақиқатро бипӯшонанд ва мактум нигаҳ доранд.
Инҷо ҳам Ҷумҳурии Исломӣ пирӯз шуд ва мутақобилан Ҷумҳурии Исломӣ силии сахте ба гунаи Омрико навохт; ба яке аз пойгоҳҳои муҳимми Омрико дар минтақа, пойгоҳи Алудайд, ҳамла кард ва хасороте ворид кард. Ҳамон касоне, ки дар он қазия бузургнамоӣ карда буданд, дар ин қазия саъй карданд кӯчакнамоӣ кунанд; бигӯянд ҳеч иттифоқе наяфтода, дар ҳоле, ки иттифоқи бузурге афтода буд.
Ин ки Ҷумҳурии Исломӣ дастрасӣ дошта бошад ба марокизи муҳимми Омрико дар минтақа ва ҳар вақт муқтазӣ донист (лозим донист), алайҳи онҳо иқдом бикунад, ин ҳодисаи кӯчаке нест, ҳодисаи бузурге аст, дар оянда ҳам ин ҳодиса қобили такрор аст; дар сурате, ки таъаррузе сурат бигирад, ҳазинаи душман ва ҳазинаи мутаъарриз қатъан ҳазинаи болое хоҳад буд.
Табрики севвум, табрики иттиҳод ва иттифоқи фавқулъодаи миллати Эрон аст. Биҳамдиллоҳ як миллати дар ҳудуди 90 миллион ҷамъият, якпорча, яксадо, шона ба шона, дар канори ҳам, бидуни ҳеч гуна тафовуте дар хостаҳо ва дар мақосиде, ки иброз мекунанд истоданд, шиор доданд, ҳарф заданд, аз рафтори нерӯҳои мусаллаҳ ҳимоят карданд. Баъд аз ин ҳам ҳамин хоҳад буд. Миллати Эрон бузургвории худашро, шахсияти барҷаста ва мумтози худашро нишон дод дар ин қазия ва нишон дод, ки дар ҳангоми лозим, як садо аз ин миллат шунида хоҳад шуд ва биҳамдиллоҳ ин иттифоқ афтод.
Нуктае, ки ман мехоҳам ба унвони як нуқтаи асосии ароизам арз бикунам ин аст, ки раисиҷумҳури Омрико дар яке аз баёноташ ва изҳороташ гуфт, Эрон бояд таслим бишавад. “Таслим бишавад”! Баҳси ғанисозӣ дигар нест, баҳси санъати ҳастаӣ нест, баҳси таслими Эрон аст. Албатта ин ҳарф барои даҳони раисиҷумҳури Омрико хеле бузург аст. Эрони боазамат, Эрони бо ин таърих, Эрони бо ин фарҳанг, Эрони бо ин азми пӯлодини миллӣ, исми “таслим” барои якчунин кишваре мояи истеҳзои касоне аст, ки миллати Эронро мешиносанд.
Лекин ин изҳори ӯ як ҳақиқатеро ошкор кард; омрикоиҳо аз аввали инқилоб бо Эрони Исломӣ машғули муъориза ҳастанд, панҷа меафкананд, ҳар дафъае ҳам як баҳонае доранд: як бор ҳуқуқи башар аст, як бор дифоъ аз демукросӣ аст, як бор ҳуқуқи зан аст, як бор ғанисозӣ аст, як бор асли масъалаи ҳастаӣ аст, як бор масъалаи сохти мушак аст; баҳонаҳои гуногуне меоваранд. Аммо ботини қазия як чиз бештар нест ва он “таслими Эрон” аст. Қаблиҳо намегуфтанд инро, чун ин қобили қабул нест; дар ҳеч мантиқи башарӣ қобили қабул нест, ки ба як миллате бигӯянд, биёед таслим бишавед. Аз ин рӯ онро зери ановини дигаре пинҳон мекарданд. Ин шахс ошкор кард он ҳақиқатро, нишон дод ва фаҳмонд, ки омрикоиҳо фақат ба таслими Эрон розӣ мешаванд ва на ба камтар аз он. Ва ин як нуқтаи муҳимме аст.
Миллати Эрон бидонанд, (иллати) муъоризаи бо Омрико ин аст ва ин иҳонати бузург ба миллати Эронро омрикоиҳо доранд. Ва чунин иттифоқе ҳам ҳаргиз нахоҳад афтод; ҳаргиз нахоҳад афтод.
Миллати Эрон миллати бузурге аст, Эрон кишвари қавӣ ва паҳноваре аст, Эрон дорои тамаддуни куҳане аст; сарвати фарҳангӣ ва тамаддунии мо садҳо баробар бештар аз Омрико ва амсоли Омрикост. Ин ки касе таваққӯъ кунад, ки Эрон таслими кишвари дигаре бишавад, ин яке аз он мӯҳмалгӯиҳои ғалате аст, ки яқинан мояи истеҳзои афроди хирадманд ва афроди доно воқеъ хоҳад шуд.
Миллати Эрон азиз аст ва азиз хоҳад буд, пирӯз аст ва пирӯз хоҳад буд ба тавфиқи илоҳӣ.
Ва умедворем Худои Мутаол ин миллатро дар зери сояи алтофи худаш ҳамеша бо иззат ва шараф маҳфуз бидорад, дараҷоти Имоми бузургавор (Имом Хумайнӣ (р))-ро олӣ кунад ва ҳазрати Бақийятуллоҳ (Арвоҳуно фидоҳ!)-ро аз ин миллат розӣ ва хушнуд кунад ва кӯмаки он бузургвор, пуштибони ин миллат бошад.
tajnek.com