Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан,
Оташи дилро зи шӯхӣ домани афсун мазан.
То ҷунунфаввора аз чашмам нагардад хуни дил,
Наштари ғам бар раги ҷони мани маҳзун мазан.
Аҳли дилро чинии хотир бувад аз ҳад латиф,
Пеши онон, эй сухангӯ, ҳарфи номавзун мазан.
Гар ҳарифи маънии нозук наӣ, хомӯш бош,
Яъне санги фаҳми каҷ бар шишаи мазмун мазан.
То нагардад аз ҳуҷуми ишқ шаҳри сина танг,
Аз ҳавас беҳуда сар бар кӯҳу бар ҳомун мазан.
Барканад ишқи маҷоз охир зи беху бун туро,
Аз ҳалоки худ чу марҷон панҷа дар ин хун мазан.
Шуҳрат офат дар камин дорад, макун изҳори ҳол,
Бо ливои карру фар ту хайма дар берун мазан.
Ҷуз мазаллат нақди вақти худ набинӣ оқибат,
Ҳалқаи боби тамаъ аз ҳирси нафси дун мазан.
Хушк мегардад зи савдо мағзи фитрат дар сарат,
Захма аз табъи ҳавоӣ бар раги конун мазан.
Эй гул, аз рашкаш чу дил хун кардаӣ дар ғунчагӣ,
Лофи ҳамрангӣ кунун бо он лаби майгун мазан.
Чун зи лаълу холи ӯ лабрези кайфият шудам,
Ҷавҳарӣ, дигар ба ман дам аз маю афюн мазан.
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Тоҷнек