Манъи вуруд ба баҳр барои мардумони Ғазза
Байналмилал
Манъи комили вуруд ба баҳр, барои мардуми Ғазза
Ишғолгарон охирин манбаи зиндагӣ ва ҳаёти мардуми муҳсирашудаи Ғаззаро низ бастанд.
Неруҳои ишғолгари Исроил, бо нашри як изҳорот, эълом карданд, ки вуруд ва истифодаи сокинони Ғазза аз дарё, ба таври комил мамнӯъ мешавад.
Ин иқдом як марҳилаи ҷадид дар шадидтар кардани муҳосираи иқтисодӣ ва ғизоӣ барои мардуми Ғазза ба шумор меравад.
Сайди моҳӣ яке аз охирин манобеи ғизоии мардуми муҳосирашудаи Ғазза буд, ки қаблан низ ҳамроҳ бо таҳдиди мустақими киштиҳои ҷангии Исроил ва хатари ҳамлаи мусаллаҳона рӯбарӯ мешуд.
Тоҷнек