Демократҳои Амрико: Бӯҳрони Ғазза ба нуқтаи инифҷор расидааст
Ахбори байналмилал
Демократҳои Амрико: Тромп масъули муҳосираи Ғазза аст
Раҳбари демократҳои Маҷлиси намояндагони ИМА, Ҳаким Ҷефриз, изҳор дошт, ки бӯҳрони башарӣ дар навори Ғазза ба нуқтаи фурӯпошӣ расида ва дигар қобили таҳаммул нест.
Ӯ таъкид кард, ки гуруснагӣ ва куштори кӯдакон ва ғайринизомиёни фаластинӣ ҳеҷ гоҳ қобили қабул нест ва Вашингтон бояд зуд иқдом кунад.
Ӯ хостори он шуд, ки ҳукумати Доналд Трамп аз нуфузи худ болои Исроил истифода карда, фавран барои анҷоми муҳосира ва фиристодани кӯмакҳои башардӯстона чора андешад.
Тоҷнек