Гобсек
Навиштаи Оноре де Балзак
Тарҷумаи Холида Айнӣ
Бо пешгуфторе аз “Садои Шарқ”
Қиссаи машҳури нависандаи қарни 19 Фаронса Оноре де Балзак «Гобсек» барои хонандаи тоҷик бештар ба воситаи муқоисаи он бо қиссаи ҳамчунин машҳури устод Садриддин Айнӣ «Марги судхӯр» маълум мебошад. Аммо тибқи назарпурсии маҳдуде, ки «Садои Шарқ» анҷом дод, маълум гардид, ки аксар ин қиссаро мутолиа накардаанд. Хусусан, аз тарҷумаи он, ки ба қалами фарзанди устод Садриддин Айнӣ, Холида Айнӣ анҷом ва дар соли 1955 аз тарафи Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба чоп расидааст, камтар касоне хабардоранд. Эҳтимоли қавист, ки ин кор бо ҳидояти устод Садриддин Айнӣ ва зери назари эшон анҷом шуда бошад. Устод Айнӣ ҳам шояд ба воситаи ин тарҷума аз ин қиссаи Балзак дар айёми охири зиндагӣ солҳо баъд аз таълифи қиссаи «Марги судхӯр» ошно гардидааст.
Ҳайати эҷодии «Садои Шарқ» тасмим гирифт, ки ин тарҷумаи нодирро, ки имрӯз ҳатто дар бисёре аз китобхонаҳо пайдо намешавад, ба хонандагони худ пешкаш намояд.
Оноре де БАЛЗАК
Ба барон Баршу де Пеноэн.
Аз ҳамаи дастпарварони коллеҷи Вандом зоҳиран фақат ману ту соҳаи адабиётро интихоб намудем – бедарак мо дар он синну соле, ки бояд танҳо ба саҳифаҳои De Viris дода мешудем, ба фалсафа дода нашуда будем. Мо боз ҳангоме вохӯрдем, ки ман ин достонро менавиштам, ту бошӣ бар болои асари бисёр аълоят дар бораи фалсафаи немисӣ меҳнат мекардӣ. Инак мо ҳарду ба қобилияти худ хиёнат накардем.
Умед дорам, чӣ қадар, ки гузоштани номи ту дар ин ҷо ба ман хуш бошад, дидани он дар ин ҷо ба ту низ ҳамон қадар хуш хоҳад буд.
Рафиқи шарикдарси деринаи ту де Балзак.
Боре дар зимистони соли 1820-1830 дар меҳмонхонаи виконтесса1 де Гранле ду меҳмоне, ки аз хешони ӯ набуданд, то соати яки шаб нишаста монданд. Яке аз онҳо – ҷавони зебое, занги соати болои каминро2 шунида зуд видоъ кард. Вақте ки аз ҳавлӣ овози чархи аробаи ӯ мебаромад, виконтесса дар хона танҳо мондани бародараш ва дӯсти деринаи оилаашонро, ки пайти бозии пикетро ба охир мерасонданд, дида ба духтараш наздик шуд, духтарак дар пеши камин истода гӯё нақши панҷараи онро бодиққат аз назар мегузаронид, вале бешубҳа ба садои кабриолети (аробаи) дур шудаистода гӯш медод, ки ин шӯбҳаи модарро қавитар кард.
– Камилла, агар ту дар оянда ҳам бо граф де Ресто монанди имшаба рафтор кунӣ ман маҷбур мешавам, ба ӯ дигар иҷозат надиҳам, ки ба хонаи мо биёяд. Гуфтаи маро гӯш кун, бачаякам, агар ба меҳру муҳаббати ман боварӣ дошта бошӣ, имконият деҳ, ки дар ҳаёт ба ту роҳбарӣ намоям. Дар синни ҳаждаҳ духтарон наметавонанд на дар бораи гузашта, на дар бораи оянда ва на дар бораи баъзе талаботи ҷамъият фикру мулоҳиза кунанд. Ман ба ту танҳо як нуқтаеро шарҳ медиҳам: ҷаноби де Ресто модаре дорад, ки занест ба фурӯ бурдани давлати миллионӣ қобилиятнок, шахси пастнажод – фамилияи духтаронаи ӯ Горио мебошад ва дар ҷавонияш ӯ овозаи бад бароварда буд. ӯ ба падараш хеле бад рафтор кардааст ва ба ростӣ, ӯ сазовори ин гуна писари хуб нест. Графи ҷавон ӯро аз ҳад зиёд дӯст медорад ва бо садоқати фарзандона ба ӯ ёрмандӣ мерасонад, ки ба ҳар гуна ситоиш арзанда аст. Ва чӣ гуна ӯ ба хоҳару додараш ғамхориҳо мекунад! Хулоса, кирдори ӯ дар ҳақиқат хеле зебо аст, вале, – илова намуд виконтесса бо тарзи маънидорӣ, – то вақте ки модараш зинда аст, аз ҳеҷ як оилаи некнажод падару модарон ҷуръат намекунанд, ки ба ин ҷавони дилкашоянда ҷиҳози духтари худро супоранд.
– Ман чанд суханеро аз гуфтугӯи шумо бо мадмуазел де Гранле шунида мондам ва бисёр мехоҳам, ки ба он мудохала намоям, – бо ҳиссиёти баланд изҳор намуд дӯсти деринаи оила, ки дар боло зикр шуда буд – Ман бурдам, граф, – гуфт ӯ ба ҳарифи худ муроҷиат карда. Шуморо мегузораму ба ёрмандии хоҳарзодаатон мешитобам.
– Ана, ин дар ҳақиқат гӯши қонуншиноси ҳақиқист! – гӯён хитоб намуд виконтесса, Дервили азиз, Шумо чӣ тавр он чизеро, ки ман ба Камилла гуфтам, шунида тавонистед? Ман – ку бо ӯ бо овози бисёр паст пичир-пичир мекардам.
– Ман ҳамаро аз чашмони шумо пай бурдам, – гӯён ҷавоб дод Дервил ба креслои чуқури пеши камин нишаста истода.
Тағои Камилла дар паҳлуи хоҳарзодааш нишаст ва хонуми де Гранле ба курсии пасти созвор байни духтараш ва Дервил ҷой гирифт.
– Виконтесса, вақти он аст, ман ба шумо воқеаеро нақл кунам, ки шуморо водор намояд, фикратонро дар бораи мавқеи граф Эрнест де Ресто дар ҷамъият табдил диҳед.
– Воқеаеро?! – бо ҳиссиёти пурзӯр гуфт Камилла.- Зудтар нақл кунед, ҷаноби Дервил!
Қонуншинос ба хонуми де Гранле назаре андохт, ки аз он ӯ фаҳмид- ҳикоя барояш аҳамиятнок хоҳад буд. Виконтесса де Гранле бо сарваташ ва бо покнажодияш яке аз мӯътабартарин хонумҳои маҳаллаи Сен Жермен буд ва албатта мумкин аст аҷиб намояд, ки як қонуншиноси парижӣ ҷуръат мекард, бо ӯ чунин озодона гап занад ва дар меҳмонхонаи ӯ бетакаллуфона рафтор кунад, вале инро шарҳ додан хеле осон аст. Хонуми де Гранле ба Фаронса ҳамроҳи хонаводаи карол баргашта дар Париж маскан кард ва дар вақтҳои аввал ба нафақае, ки Людовики XVIII аз маоши шахсии худ таъин карда буд, рӯз мегузаронид, ки ин ҳолат барояш тоқатнопазир буд. Дервили қонуншинос тасодуфан фаҳмид, ки ҳангоми аз тарафи Республика фурӯхта шудани, қасри Гранле нодурустиҳои расмӣ роҳ дода шуда будааст ва ӯ маълум кард, ки ин хона ба виконтесса пас гардонида шавад. Бо супориши виконтесса ӯ мурофиа сар кард ва дар он ғолиб баромад. ӯ аз муваффақият ҷасорат пайдо карда, бо паноҳгоҳи куҳансолон мурофиаи шӯрангез сар кард ва муваффақ шуд, ки ба виконтесса бешаҳои дар Лиснэ будаашро пас гардонида диҳанд. Баъд ӯ ҳуқуқи виконтессаро ба соҳиб будан ба якчанд аксияи канали Орлеана ва ҳавлиҳои хеле бузурге, ки император ба идораҳои ҷамъиятӣ бахшида буд, устувор гардонид. Молу мулки хонуми де Гранле, ки дар натиҷаи корчаллонии вакили ҷавон аз нав ба даст дароварда шуда буд, акнун ба ӯ тақрибан шаст ҳазор франк даромади солона медод; дар ҳамин асно дар бораи додани подоши зарарҳое, ки муҳоҷирон дида буданд, қарор баромад ва виконтесса маблағи зиёде гирифт. Ин қонуншинос, ки каси бениҳоят ҳалолкор, донишманд ва хушхулқ буд, дӯсти хонадони Гранле гардид. Бо рафтори худ нисбат ба хонуми де Гарнле ӯ сазовори эҳтиром гардид ва дар беҳтарин хонадонҳои Сен – Жермен миҷозҳо пайдо кард, аммо ӯ, чунон ки каси манфиатпараст мекарда бошад, аз ҳусни таваҷҷуҳи онҳо истифода набурд. ӯ ҳатто таклифи виконтессаро низ рад кард, ки ӯро ташвиқ менамуд контораашро фурӯшад ва ба идораи адлия гузарад, чаро ки дар он ҷо бо мадади виконтесса метавонад хеле ба зӯдӣ ба мартабаҳои баланд расад. Ба ғайр аз хонаи хонуми де Гранле, ки дар он ҷо баъзе шабҳоро мегузаронид ӯ ба ҷамъомади аъёну ашроф танҳо барои идомаи ошноӣ мерафт. ӯ худро хушбахт мепиндошт, ки манфиати хонуми де Гранлеро бо ҷидди чаҳд ҳимоя карда, дар айни ҳол истеъдоди худро низ нишон дод, вагарна контораи ӯ хавфи завол ёфтан дошт, зеро ӯ чун қонуншиноси корчаллон кунҷков набуд. Аз он вақте ки Граф Эрнест де Ресто дар хонаи виконтесса пайдо шуд, Дервил хайрхоҳии Камилларо нисбат ба ин ҷавон пай бурда, чун олуфтае, ки худ сокини хиёбони д, Антен буда ба наздикӣ ба ҷамъияти ашрофи маҳаллаи Сен- Жермен роҳ ёфта бошад, меҳмони ҳаррӯзаи хонуми де Гранле гардид. Чанд рӯз пеш аз шаби тасвиршуда ӯ дар базме мадмуазел де Гранлеро дучор шуда ба ӯ бо чашмонаш Графро нишон дода гуфт:
– Афсӯс, ки ин писараки ҷавон соҳиби ду-се миллион нест! Рост нест?
– Чаро «афсӯс?» Ман инро бадбахтӣ ҳисоб намекунам, – ҷавоб дод ӯ. – Ҷаноби де Ресто одами хеле болаёқат ва бомаърифат аст ва ба назари вазире, ки ба назди ӯ де Ресто фиристода шудааст, ҳамчун одами хуб ба шумор меравад. Ман ҳеҷ шаку шубҳае надорам, ки аз ӯ одами дурусти ба назар намоёне мебарояд. Ва ҳангоме, ки ин «писараки ҷавон» дар сари ҳукумат менишинад, сарват худаш ба дасти ӯ медарояд.
– Дуруст аст, вале агар ӯ худи ҳозир давлатманд мебуд!
– Агар ӯ давлатманд мебуд… сурх шуда такрор кард Камилла, – хайр чӣ мешуд, ҳамаи духтароне, ки дар инҷо рақсида истодаанд, бар болои ӯ талош мекарданд, – илова намуд ӯ иштироккунандагони кадрилро3 нишон дода.
– Ва он гоҳ, – гуфт қонуншинос, – мадмуазел де Гранле ягона оҳанрабои назари ӯро ба худ мекашидагӣ намегардид. Шумо зоҳиран сурх шудед –ку, – ин чӣ бошад? Шумо ба ӯ муҳаббат доред? Хуб, гӯед,…
Камилла аз курсӣ ҷаста хест.
«ӯ ба гарф дил додааст» – андеша кард Дервил. Камилла фаҳмид, ки Дервил меҳри ӯро нисбат ба Эрнест де Ресто меписандад ва аз он рӯз эътиборан ба қонуншинос илтифоти махсус нишон медодагӣ шуд. Вале то ин гоҳ бо вуҷуди он, ки ба ӯ маълум буд, оилаи онҳо аз бисёр ҷиҳатҳо аз Дервил миннатдор аст, ӯ нисбат ба қонуншинос аз дилбастагии дӯстона бештар эҳтиром ҳис мекард ва дар муомилааш бо вай аз меҳрубонӣ дида, бештар эҳтиром мушоҳида карда мешуд. Дар рафтори ӯ чизе буд, ки ба ҳадду – ҳудуди аз тарафи одоби муошарат дар байни онҳо таъин шуда ишора мекард. Миннатдорӣ – ин қарзест, ки фарзандон онро начандон борағбатона аз падару модар мерос мегиранд.
Идома дорад…
Манбаъ: Садои Шарқ
Тоҷнек