• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Шайхи Ишроқ – Суҳравардӣ

August 2, 2025
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Шайхи Ишроқ -Суҳравардӣ

Шайхи Ишроқ -Суҳравардӣ

0
SHARES
12
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Шайхи Ишроқ – Суҳравардӣ

Машоҳир ва номоварон

Шаҳобуддин Яҳё ибни Ҳабаш ибни Амираки Суҳравардӣ мулаққаб ба Мақтул ва Шайхи Шаҳид ва Шайхи Ишроқ, дар соли 549 ҳ.қ (мусодиф бо 1154 милодӣ) дар рустои Суҳравард (аз рустоҳои шаҳристони Занҷони Эрон) мутаваллид шудааст.

Суҳравардӣ дарсҳои ибтидоиро дар маҳзари Маҷдуддини Ҷилӣ дар Мароға фаро гирифт. Сипас ба Исфаҳон — ки дар он замон яке аз марокизи муҳимми фарогирии улум ба шумор меомад — сафар кард ва дуруси олияро дар маҳзари Заҳируддини Қорӣ ба поён расонд. Шоёни зикр аст, ки Фахруддини Розӣ дар мадрасаи Исфаҳон аз дӯстони самимии Суҳравардӣ буд.

Суҳравардӣ ба шаҳрҳои мухталифи ҷаҳони ислом сафар мекард, то таҳқиқот ва маълумоти худро комил кунад ва ҳақиқатро, ки дар тамоми зиндагонияш дунболи он мегашт, пайдо кунад. Дар сафараш ба Шом (Сурия) бо Малик Зоҳир ибни Салоҳуддини Айюбӣ дидор кард. Ва аз он ҷо, ки Малик Зоҳир сӯфия ва донишмандонро дӯст медошт ва тамоми талошашро барои гиромӣ доштани онон сарф мекард, аз Суҳравардӣ хост, то дар Ҳалаб сокин шавад. Суҳравардӣ ҳам даъвати ӯро пазируфт ва дар ин шаҳр сукно гузид.

Аз он ҷо, ки Суҳравардӣ афкор ва ҳақоиқеро, ки бештари мардум наметавонистанд дарк кунанд, бо сароҳат баён медошт, душманонаш ӯро ба зиндиқ будан муттаҳам карданд. Ба ҳамин далел фуқаҳои замон фатвои қатли ӯро содир карданд ва Малик Зоҳир ӯро зиндонӣ кард ва дар зиндони қалъаи Ҳалаб дар соли 587 ҳ.қ мусодиф бо 1191 милодӣ (яъне дар синни 37 солагӣ) хафа карданд ва саранҷоми Суҳравардӣ ҳамон саранҷоми Мансури Ҳаллоҷ гардид.

Аз Суҳравардӣ осор ва таълифоте барҷой мондааст, ки муҳимтарини онҳо Ҳикмати Ишроқ мебошад.

Ҳикмати Ишроқ

Суҳравардӣ касест, ки мактаби фалсафии Ишроқро поярезӣ карда. Мактаби Ишроқ ҳам фалсафа аст ва ҳам нест. Фалсафа аст аз ин ҷиҳат, ки дар ёфтани ҳақоиқ ақлро манбаъ мешуморад, аммо ақлро танҳо марҷаи шинохт намедонад. Ирфон аст аз ин назар, ки кашфу шуҳуд ва ишроқро шарифтарин ва баландмартибатарин марҳилаи шинохт мешиносад. Ӯ ба сахтӣ бар Ибни Сино метозад ва аз куллиёт ва мусули Афлотун дифоъ мекунад. Бар ҳастишиносии Ибни Сино эрод мегирад, ки чаро изҳор дошта, ки дар ҳар шаъйи мавҷуд, вуҷуд амре ҳақиқӣ аст ва моҳият амре эътиборӣ ва барои таҳаққуқ мӯҳтоҷи вуҷуд аст?! Дар ҳоле ки тибқи Ҳикмати Ишроқ, моҳият амре ҳақиқӣ аст ва вуҷуд амре эътиборӣ.

Китоби Ҳикмати Ишроқ, муҳимтарин асари фалсафии Суҳравардӣ, дар воқеъ ба назарияи Ибни Сино барои таъсиси Ҳикмати Машриқӣ ҷомеаи амал пӯшонд. Ӯро зиндакунандаи ирфони ориёӣ ва падидоварандаи Ҳикмати хусравонӣ медонанд.

Суханоне зебо аз забони Суҳравардӣ

* Аз ҳеч чизе шигифтзада намешавӣ ҳангоме ки бидонӣ, бахшиши Худованд поённопазир аст ва хондани Қуръон бар ту бойиста аст бад-он гуна ки тасаввур кунӣ Қуръон танҳо барои ту нозил шудааст ва агар ин вижагиҳоро дар худат биёбӣ, ба дурустӣ, ки растгор шудаӣ.

* Ҳақиқат ягона хуршеде аст, ки чун бурҷҳои мухталифи як шаҳр ё роҳҳои ғайри аслӣ ба суратҳои мутафовите дида мешавад, вале дар асл як ҳақиқати воҳид аст.

* Ҳеч кас танҳо бо таҳаммули сахтии фаровон аҳли маърифат намешавад, магар бо маъориф ва мукошифоте, ки касб мекунад.

* Нуқтаи оғозини ҳикмат (фалсафа), буридан аз дунё, миёнаи он дидани нури илоҳӣ ва саранҷомаш расидан ба номутаноҳӣ аст.

* Ҳар кас, ки аз хаймаҳои шигифтангези биҳиштиён ба ваҷд наёяд, дар зумраи ғофилин, ва ҳар кас, ки шавқи ҳузур дар меҳмонии Худовандро надошта бошад, дар зумраи хосирин, ва ҳар кас, ки аз партавҳои анвори наздиккунанда ба Худованд (муқаррабони боргоҳи илоҳӣ) лаззат набарад, аз маҳрумин аст.

* То метавонӣ, барои охиратат дуо кун ва он қадр, ки саъй мекунӣ, аз Худованд подошашро бихоҳ, чун аъмолат ҳаргиз аз байн намераванд.

* Саъй кун, имрӯзат беҳтар аз дирӯзат бошад, вагарна дучори зиён хоҳӣ шуд. Розат ва ҳар он чиро аз паёмадҳояш, ки бар ту фишор меоварад, бо фаромӯш карданашон, тоза кун. Ҳамеша маргро дар зеҳнат ёдоварӣ кун ва посдори мардум бош, то мардум ҳам посдори ту бошанд ва кори имрӯзро ба фардо маяндоз, ки фардо бо гирифториҳои хосси худ хоҳад омад.

* Саъй кун, дар корҳоят устувор бошӣ, ки мардони устувор эҷодкунандаи ҳаводис ҳастанд.

* Касоне ки бар ҳақ пофишорӣ мекунанд, мавонеъ бар онон таъсире надоранд ва балоё ононро нороҳат намекунанд; чун балоё роҳҳое ҳастанд, ки Худованд барои корвони мардони бузург таъйин кардааст, ки агар он роҳҳоро паймуданд, саранҷом онро хоҳанд ёфт ва натиҷаҳояш бар онҳо ошкор мегардад. Ҳар сарзамине, ки ба яке аз масоиб дучор нагардад, дар орзуи касби пирӯзӣ хоҳад монд.

* Гуруснагӣ ва шаббедорӣ беҳтарин дӯстоне ҳастанд, ки бо онон метавон душманро бо тамоми орзуҳояшон тазъиф кард ва аз шарри дуздон дар амон буд.

* Худовандро барои он ки дӯсташ дорӣ парастиш кун, на барои он ки аз ӯ метарсӣ; чун парастиш аз рӯйи тарс дини фурӯмоягон аст.

* Эй инсон! Вуҷудатро ба беҳтарин ваҷҳ тарбият кун ва онро аз палидӣ пок гардон, ки арзиши корҳо ба зоҳираш аст.

* Аз фикри палид ғофил набош, чун монанди самме, ки холис шудааст бо вуҷуди мизони андакаш кушанда аст ва ту набояд бигзарӣ, ки нерӯи палидӣ туро заъиф кунад. Мушкилоти кучакро аз роҳ бардор пеш аз он ки мушкилоти бузургтар туро дарбар гирад, ва бо қалбе бедор ва ҳушёр рафтор кун ва дар ҷойгоҳи бузурге қарор бигир, ки ту партаве аз нур мебошӣ.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тоҷнек

Source: Шайхи Ишроқ -Суҳравардӣ
Via: Шайхи Ишроқ -Суҳравардӣ
Tags: Шайхи Ишроқ -Суҳравардӣ
Previous Post

Амрико Маҳмуд Аббосро таҳрим кард

Next Post

Бахшиши Худованд поённопазир аст

Related Posts

Саидуддини Фарғонӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
Ниёиш
Ниёгони гузаштаи мо

Мутафаккири бедор

February 9, 2026
Мирзо Улуғбек
Ниёгони гузаштаи мо

Мирзо Улуғбек

February 7, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Ниёгони гузаштаи мо

Охирин васияти Амиралмӯъминин

February 7, 2026
Дониши Ғаззолӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Дониши Ғаззолӣ

February 3, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Мавзӯоти доғ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Next Post
Қуръон

Бахшиши Худованд поённопазир аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

March 3, 2026
Сураи Фотиҳа

Сураи муборакаи Фотиҳа

March 3, 2026

Recent News

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

March 3, 2026
Сураи Фотиҳа

Сураи муборакаи Фотиҳа

March 3, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved