• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Ироқчӣ: Эрон ва Тоҷикистон як миллатанд

August 2, 2025
in Мавзӯоти доғ
0
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

0
SHARES
16
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ироқчӣ: Эрон ва Тоҷикистон як миллатанд

Байналмилал

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ташреҳи сафари якрӯзааш ба Душанбе, бо баёни ин ки Эрон ва Тоҷикистон як миллат ҳастанд, гуфт: “Иштирокоти камназири фарҳангӣ, тамаддунӣ, забонӣ ва таърихӣ, бистари арзишманде барои тақвияти пайвандҳои бародарона ва таҳкими муносиботи ҳамаҷониба байни ду миллат фароҳам овардааст.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон, ки рӯзи чаҳоршанбе (30 июл) сафаре якрӯза ба Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дошт, дар гузорише дар бораи ин сафар гуфт: “Рӯзи чаҳоршанбе дидори кӯтоҳи якрӯза аз Тоҷикистон доштам.”

Вай, ки дар нахустин сафари расмиаш дар раъси ҳайате ба Тоҷикистон рафт ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард, афзуд: “Ҳадафи аслии ин сафар, пайгирии ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар бахусус дар ҳавзаи иқтисодӣ ва пружаҳое аст, ки вуҷуд дорад ва ҳамин тавр машваратҳои минтақаӣ, ки ҳамвора байни мо буда ва алъон дар шароити ҷадид аҳаммияти бештареро пайдо мекунад.”

Вазири умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон бо зикри ин нукта, ки Эрон ва Тоҷикистон аз як решаи муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ бархӯрдоранд, унвон кард: “Мо ду миллати ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дорои таърихи муштарак ва дар воқеъ як миллат ҳастем ва ин, заминаҳои ҳамкорӣ байни ду кишварро бисёр бештар аз ҳолати маъмул мекунад.”

Ироқчӣ идома дод: “Хушбахтона дар чанд соли ахир ҳамкориҳои мо ва табодулоти тиҷории мо пешрафти қобили мулоҳизае доштааст.”

Вай бо ишора ба сафари соли гузашта (2024)-и Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон изҳор дошт: “Сафари раисиҷумҳур Пизишкиён ба Тоҷикистон, нуқтаи атфе дар ин робита буд ва сафари ман дар асл барои пайгирии тавофуқоти сафари раисиҷумҳур бахусус дар ҳавзаи иқтисодӣ сурат гирифт.”

Ироқчӣ тавзеҳ дод: “Дар сафари раисиҷумҳур ба Тоҷикистон, як ҳайати бузурги тиҷорӣ ва бозаргонӣ, раисиҷумҳурро ҳамроҳӣ мекарданд ва ҳамоиши муштараке баргузор шуд ва биҳамдиллоҳ масири хуберо тай мекунем.”

Вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон гуфт: “Ба лиҳози сиёсӣ алъон мавозеъи ду кишвар бисёр наздик аст. Тоҷикистон ҳамлаи ахири режими саҳюнистӣ ва Омрико ба Эронро маҳкум кард ва дар канори Ҷумҳурии Исломии Эрон истод ва эъломи ҳамбастагӣ ва ҳимоят аз Эрон кард, ки аз назари мо бисёр арзишманд буд.”

Вай дар ин робита дар сафҳаи инстогроммаш низ навишт: “Рӯзи чаҳоршанбе, ҳаштуми мурдодмоҳи 1404, дар сафаре кӯтоҳ ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури мӯҳтарам ва оқои Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи ин кишвар, дидор ва гуфтугӯ доштам.”

Вазири умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон унвон кард: “Меҳвари ин гуфтугӯҳо, тавсиа ва таъмиқи равобити дуҷониба ва густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ буд.

Ироқчӣ баён кард: “Иштирокоти камназири фарҳангӣ, тамаддунӣ, забонӣ ва таърихӣ байни Эрон ва Тоҷикистон, бистари арзишманде барои тақвияти пайвандҳои бародарона ва таҳкими муносиботи ҳамаҷониба байни ду миллат фароҳам овардааст.”

Ин нахустин сафари расмии Ироқчӣ ба Тоҷикистон пас аз тасаддии Вазорати умури хориҷа буд. Вай деймоҳи соли гузашта Масъуди Пизишкиёнро дар сафар ба Душанбе ҳамроҳӣ карда буд.

Farsnews

Тоҷнек

Source: Ироқчӣ: Эрон ва Тоҷикистон як миллатанд
Via: Ироқчӣ: Эрон ва Тоҷикистон як миллатанд
Tags: Ироқчӣ: Эрон ва Тоҷикистон як миллатанд
Previous Post

Абдуллоҳ Нафисӣ: Бо вуҷуди гардиши озоди иттилоот дар Эрон, нуфузи исроилиҳо тааҷҷубовар нест

Next Post

Нуқтаи оғозини ҳикмат

Related Posts

Саранҷоми ҳамлаҳои бидуни натиҷаи Арабистони Саудӣ ба Яман
Мавзӯоти доғ

Саранҷоми ҳамлаҳои бидуни натиҷаи Арабистони Саудӣ ба Яман

July 29, 2026
Ҳамлаи хасмонаи Амрико ва Саудӣ ба Найнавои Ироқ
Мавзӯоти доғ

Ҳамлаи хасмонаи Амрико ва Саудӣ ба Найнавои Ироқ

July 29, 2026
Эъломи талафоти ҷонии Амрико дар ҷанги 13-рӯза
Мавзӯоти доғ

Эъломи талафоти ҷонии Амрико дар ҷанги 13-рӯза

July 29, 2026
Ҳамлаи ҳавоии Эрон ва баёнияи CENTCOM
Мавзӯоти доғ

Ҳамлаи ҳавоии Эрон ва баёнияи CENTCOM

July 29, 2026
Аксҳое аз шуҳадои Ҳашди Шаъбӣ
Мавзӯоти доғ

Аксҳое аз шуҳадои Ҳашди Шаъбӣ

July 29, 2026
Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт
Мавзӯоти доғ

Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

July 19, 2026
Next Post
Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

Нуқтаи оғозини ҳикмат

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Саранҷоми ҳамлаҳои бидуни натиҷаи Арабистони Саудӣ ба Яман

Саранҷоми ҳамлаҳои бидуни натиҷаи Арабистони Саудӣ ба Яман

July 29, 2026
Ҳамлаи хасмонаи Амрико ва Саудӣ ба Найнавои Ироқ

Ҳамлаи хасмонаи Амрико ва Саудӣ ба Найнавои Ироқ

July 29, 2026
Эъломи талафоти ҷонии Амрико дар ҷанги 13-рӯза

Эъломи талафоти ҷонии Амрико дар ҷанги 13-рӯза

July 29, 2026
Ҳамлаи ҳавоии Эрон ва баёнияи CENTCOM

Ҳамлаи ҳавоии Эрон ва баёнияи CENTCOM

July 29, 2026

Recent News

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Саранҷоми ҳамлаҳои бидуни натиҷаи Арабистони Саудӣ ба Яман

Саранҷоми ҳамлаҳои бидуни натиҷаи Арабистони Саудӣ ба Яман

July 29, 2026
Ҳамлаи хасмонаи Амрико ва Саудӣ ба Найнавои Ироқ

Ҳамлаи хасмонаи Амрико ва Саудӣ ба Найнавои Ироқ

July 29, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved