Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ: Роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом ваҳдат бар меҳвари муштаракот аст
Муносибатҳо: Ҳафтаи Ваҳдат
Паёми Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, яке аз мароҷеи тақлиди мусалмонони шиа, ба 39-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ
Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, яке аз мароҷеи тақлиди мусалмонони шиа, дар паёме хитоб ба меҳмонони Конфронси ваҳдат гуфт: “Шумо андешамандон фақат ба сухан гуфтан аз ваҳдат басанда накунед, балки роҳкорҳои амалӣ ва пойдор барои таҳаққуқи он ироа намоед.”
Ба гузориши хабаргузории Тақриб, паёми Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ба 39-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ ба шарҳи зер аст:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
الحمد لله رب العالمين والصلاة علي نبيه رحمة للخلق أجمعين وعلى آله الطاهرين وأصحابه المنتجبين
الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الْأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوبًا عِنْدَهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُمْ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الخَبَائِثَ وَيَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَالأغلال الَّتِي كَانَتْ عَلَيْهِمْ فَالَّذِينَ آمَنُوا بِهِ وَعَزَّرُوهُ وَنَصْرُوهُ وَاتَّبَعُوا النُّورَ الَّذِي أُنْزِلَ مَعَهُ أُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
Дар оғози сухан лозим аст милоди пурхайру баракати раҳматун лилъоламин, Муҳаммади Мустафо (с)-ро ба ҳамаи мусалмонон ва ба хусус шумо меҳмонони азиз табрику таҳният арз намоем ва ҳамчунин аз ҳамаи баргузоркунандагон ва ширкаткунандагон дар ин ҳамоиши муҳим ва бузург ташаккур ва қадрдонӣ намоем ва умедворам ин ҳамоиш гоме муассир дар ҳамгароӣ ва тақоруб ва иттиҳоди мусалмонон бардорад.
Худованди Мутаол дар ин ояти шарифа, нахуст ба вазоифи муҳимми Паёмбар (с) ишора ва дар идома пайравони ӯро тавсиф намудааст; пайравоне, ки бо имон ба Худованд ӯро ёрӣ намуда ва бо табаият аз нуре, ки ҳамроҳи ӯст, ба растгорӣ даст меёбанд.
Он авсоф ҳамон нукоте аст, ки уммати ислом бояд сарлавҳаи зиндагии хеш қарор диҳанд, ки агар бар ҳавли ин меҳвар ҷамъ шаванд ва имони хешро тақвият намуда ва бо ҳар чи дар тавон доранд, Паёмбарро ёрӣ диҳанд ва дини ислом ва Қуръони Каримро улгуи зиндагии хеш бидонанд, дилҳои онон ба якдигар наздик хоҳад шуд.
Ҳамаи шумо азизон медонед, ки роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом ваҳдат бар меҳвари муштаракот аст, ҳарчанд дар бархе масоил миёни фирақи исломӣ тафовутҳое вуҷуд дорад, аммо таъкид бар усул ва пойбандӣ ба аҳдофи воҳид садде муҳкам дар баробари тавтиаҳои тафриқаангез аст ва уламои ислом бояд бо ҳушёрӣ иҷозаи ихтилоф ва ифтироқ дар миёни мусалмононро надиҳанд. Имрӯз беш аз ҳар замони дигаре уммати исломӣ ниёзманди бозгашт ба асли асил ва ҳаётии ваҳдат дорад:
إِنَّ هَذِهِ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَأَنَا رَبُّكُمْ فَاعْبُدُونِ
Беш аз ду сол аз ҳамла ба яке аз муҳимтарин марзҳои дунёи ислом яъне Байтулмуқаддас ва ба хоку хун кашидани бародарон ва хоҳарони мусалмони мо дар Ғазза, имтиҳони душворе барои ҷаҳони ислом ва хусусан уламои он падид овардааст.
Гуруснагӣ, ташнагӣ ва муҳосираи сар то сар ин минтақаро дарбар гирифтааст ва ҳар рӯз дар муқобили чашмони мо ва балки ҳамаи дунё кӯдакон беҳуш ва модарон берамақтар мешаванд ва ваҳшигарӣ ва дарандаагии режими саҳюнистӣ ҳамчунон идома дорад, ин ҷо дигар на танҳо баҳси як миллати мазлум, ки меъёри озмоиши виҷдони башарият матраҳ аст.
Вазифаи бисёр муҳимми шумо азизон дар ин конфронс ин аст, ки фақат ба сухан гуфтан аз ваҳдат басанда накунед, балки роҳкорҳои амалӣ ва пойдор барои таҳаққуқи он ироа намоед, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ, эҷоди ҷабҳаи расонаии муштарак алайҳи ҷанги равонии душман ҳимояти воқеӣ аз миллати Фаластин ва муқобила бо тарҳҳои таҷзияталбонаи истикбор.
Инҷониб умедворам, ки ин ҳамоиш дар таҳаққуқи ҳар чи бештар ваҳдат миёни уммати исломӣ ва дар як калима, эътилои ислом ва муслимин гомҳои муфиде бардорад.
وَلَيَنْصُرَنَّ الله مَنْ يَنْصُرُهُ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ
tajnek.com
Тоҷнек