Озарбойҷон мизбони Конфронси хохомҳои Урупо хоҳад буд
Ахбори байналмилал
Конфроси намояндагони хохомҳои Урупо аз 4 то 6 ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти Озарбойҷон баргузор мешавад ва беш аз 500 намоянда аз кишварҳои мухталиф дар он ширкат хоҳанд кард.
Ба гузориши пойгоҳи саҳюнистии Stmegi, ин рӯйдод, ки ба 70-умин солгарди Конфронси хохомҳои Урупо ихтисос дорад, барои аввалин бор дар як кишвари мусалмон баргузор мешавад.
Бар пояи ин гузориш, қарор аст дар ин конфронс, густариши Тавофуқномаҳои Иброҳим бо пайвастани Озарбойҷон ба он мавриди баҳс қарор гирад. Интизор меравад, Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, дар он ширкат кунад.
tajnek.com
Тоҷнек