Нуфузи паҳподи яманӣ дар осмони Исроил
Ахбори байналмилал
Гузоришҳои расонаӣ аз нуфузи як паҳподи яманӣ дар осмони Исроил ва фаъол шудани ожирҳои хатар дар ин минтақа ҳикоят доранд.
Ба гузориши Алҷазира, артиши режими саҳюнистӣ аз нуфузи як паҳпод ба минтақаи “Водӣ Араба” хабар дод.
Ҳамчунин гузориш шуда, ки ожирҳои хатар ба далели нуфузи як паҳпод дар минтақаи “Беъруссабъ” ба садо даромадаанд.
Хабарнигори Алҷазира аз фаъол шудани ожирҳои хатар наздики фурудгоҳи “Ромун” дар шимоли Илот хабар дод. Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ низ гузориш дод, ки ҳарими ҳавоии фурудгоҳи “Ромун” баъд аз нуфузи ин паҳпод баста шудааст.
tajnek.com
Тоҷнек