Сурия дар остонаи таҷзия ва фурӯпошӣ
Reuters: Сурия дар остонаи таҷзия
Байналмилал
Дар ҳоле, ки 9 моҳ аз рӯйи кор омадани давлати шӯришиёни сурӣ мегузарад, ки ин кишвар беш аз пеш дар остонаи таҷзия ва тақсим шудан қарор гирифтааст.
Хабаргузори Reuters дар гузорише ба баррасии вазъияти Сурия пас аз рӯйи кор омадани шӯришиён ба саркардагӣ Абӯмуҳаммади Ҷулонӣ пардохт.
Дар ин гузориш омадааст:
”Раисиҷумҳури Сурия, Аҳмад Шаръ, тайи 9 моҳе, ки қудратро ба даст гирифта, муваффақиятҳое дошта, аммо набарди аслии пеш рӯйи ӯ ҳифзи инсиҷоми кишваре аст, ки ба шиддат дучори шикофҳои қавмӣ ва мазҳабӣ шудааст.”
Дар шимоли шарқи Сурия, нерӯҳои курд пас аз 14 сол ҷанги дохилӣ ҳамчунон дар баробари идғом дар сохтори давлат муқовамат мекунанд ва хостори тадвини Қонуни асосии ҷадиде барои ба расмият шинохтани ҳуқуқи худ ҳастанд. Дар ҷануби шарқ, ҷомеаи дурзиҳо пас аз даргириҳои хунин бо нерӯҳои давлатӣ ошкоро хостори истиқлол шудаанд. Дар шимоли ғарб низ, яке аз раҳбарони ҷомеаи алавӣ ҳушдор додааст, ки давлати Шаръ мавҷудияти ононро ба хатар андохта, бавежа пас аз он ки шибҳинизомиёни наздик ба давлат дар моҳи март садҳо ғайринизомиро қатли омм карданд.
Нигаронии ақаллиятҳои сурӣ аз хушунатҳои фирқаии давлати Ҷулонӣ
Хабарнигорони Reuters моҳи гузашта ба манотиқи алавӣ, масеҳӣ ва дурзӣ сафар карданд ва бо даҳҳо тан аз сокинон ва раҳбарони маҳаллӣ гуфтугӯ карданд. Бисёре аз онон аз сиёсатҳои давлати Шаръ ва мавҷи хушунатҳои фирқаӣ пас аз барканории Башшор Асад ибрози хашм карданд.
Яке аз аҳолии дурзии минтақаи Сувайдо бо ишора ба даргириҳои чанд моҳ пеш гуфт: “Чӣ тавр метавонем ба давлате эътимод кунем, ки тонкҳояшро ба сӯйи мардуми худаш мегирад? Онҳо моро ба самти таҷзия савқ медиҳанд.”
Дурзиҳо ба дунболи истиқлол аз Сурияи таҳти ҳокимияти Ҷулонӣ
Шайх Ҳикмат Ҳиҷрӣ, раҳбари маънавии дурзиҳо, ахиран ошкоро хостори истиқлол шуд ва нерӯҳои мавриди ҳимояти давлатро ба талош барои “ҳазфи дурзиҳо” муттаҳам кард. Ӯ ҳатто аз Исроил бобати ҳамалоташ ба корвонҳои артиш дар Сувайдо ва сохтмони вазорати дифоъ дар Димишқ ташаккур кард.
Дар бахшҳое аз Сувайдо, ҷангҷӯёни дурзӣ постҳои бозрасӣ барпо карда, ҷоддаҳоро контрол мекунанд ва шӯроҳои маҳаллӣ ташкил додаанд. Дар тазоҳуроти моҳи гузашта, мӯътаризон парчамҳои Исроилро дар канори парчами рангоранги дурзӣ ба эҳтизоз дароварданд ва хостори истиқлол шуданд. Мақомоти Сурия Исроилро ба доман задан ба ихтилофоти фирқаӣ барои бесубот кардани кишвар муттаҳам кардаанд.
Ҷулонӣ дар талош барои муттаҳид боқӣ мондани Сурия
Давлати Шаръ ҳар гуна федерализм ё тақсими кишварро рад карда ва таъкид дорад, ки қасд дорад Сурияро муттаҳид нигаҳ дорад. Яке аз мақомоти олирутбаи Сурия, ки хост номаш фош нашавад, гуфт, оштӣ дар Сувайдо мусталзими бозгашти оворагон ва мубодилаи асирон миёни шибҳинизомиёни вобаста ба давлат ва дурзӣ аст, аммо афзуд, “шикофҳо бисёр амиқанд ва тармими онҳо солҳо замон мебарад.”
Бо вуҷуди ваъдаи давлат барои муҷозоти омилони кушторҳо ва боздошти чанд мақоми вазорати кишвар ва дифоъ, миёнҷигарон мегӯянд, пешрафти андаке ҳосил шуда ва як “эътилофи ақаллиятҳо” дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки аз ҳимояти Исроил бархӯрдор аст.
Моҳи гузашта, 400 намоянда аз гурӯҳҳои ақаллият аз ҷумла курдҳо, алавиҳо ва дурзиҳо дар Ҳасака гирди ҳам омаданд ва хостори Қонуни асосии ҷадиде барои тазмини ҳуқуқи ақаллиятҳо шуданд. Яке аз раҳбарони алавӣ дар ин нишаст ҳушдор дод, ки давлати Шаръ идеологияи ифротиро ба номи дин таҳмил мекунад ва ин амр “бақои ақаллиятҳоро таҳдид мекунад.”
Ҷулонӣ аз раҳбарии Алқоида то дидор бо Тромп
Шаръ, ки собиқаи раҳбарии Алқоида ва ҷоизаи 10 миллион долларӣ барои сараш вуҷуд дошт, дар моҳи май муваффақ шуд ҳимояти раисиҷумҳури Омрико, Дунолд Тромпро ба даст оварад. Пас аз он, Иёлоти Муттаҳида бештари таҳримҳо алайҳи Сурияро лағв кард. Қарор аст Шаръ дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал суханронӣ кунад; иттифоқе таърихӣ пас аз 60 соли ғайбати раҳбарони Сурия.
Бо ин ҳол, коршиносон ҳушдор медиҳанд, агар Шаръ натавонад ақаллиятҳоро оштӣ диҳад, сармояи сиёсии худро аз даст хоҳад дод ва танҳо бар бахше аз кишвар тасаллут хоҳад дошт.
Курдҳо чолиши аслии давлати Ҷулонӣ
Дар шимоли шарқи Сурия, тавофуқе, ки дар март бо миёнҷигарии Омрико ҳосил шуд ва қарор буд дороиҳои нафтӣ ва гозӣ ба давлати марказӣ вогузор шавад, ҳанӯз иҷро нашудааст. Мақомоти курд мӯътақиданд, Қонуни асосии муваққати Шаръ ҳуқуқи ақаллиятҳоро тазмин намекунад.
Ба гуфтаи манобеъ, Туркия, ки ҳомии аслии давлати Шаръ аст, аз ин бунбаст хашмгин шуда ва мумкин аст аз иқдоми низомӣ алайҳи курдҳо ҳимоят кунад. Димишқ аз Онқоро хоста, то поёни сол фурсати бештаре барои музокира бидиҳад.
Нерӯҳои демукротики Сурия (SDF), ки бо ҳимояти Омрико шакл гирифтанд, даҳҳо ҳазор разманда доранд. Яке аз аъзои ин шӯро ба Reuters гуфт: “Мо аз идғом бо давлати марказӣ ҳимоят мекунем, аммо ин идғом бояд бар асоси широкати воқеӣ ва ба расмият шинохтани ҳуқуқи ҳамаи гурӯҳҳо бошад.”
Хашми амиқи алавиёни сурӣ аз ҳукумати Ҷулонӣ
Дар манотиқи алавинишин, куштори садҳо ғайринизомӣ дар моҳи март, хашми амиқе эҷод кардааст. Бархе акнун ошкоро аз таҷзия ё ҳифозати байналмилалӣ сухан мегӯянд. Як мағозадори алавӣ гуфт: “Ҷавонон ҷуръати хуруҷ аз русторо надоранд; дастгирӣ ва қатл фарогир аст. Ҷомеаи алавӣ маҳкум ба марг шудааст.”
Дар ҳамин ҳол, анҷуманҳои алавӣ дар хориҷ аз кишвар дар ҳоли лоббигарӣ бо давлатҳои ғарбӣ ва ҳатто Исроил барои ҳимоят аз ақаллиятҳо ва фишор ҷиҳати эҷоди низоми федералӣ ҳастанд.
Ҷомеаи масеҳиёни Сурия низ бо вуҷуди дур мондан аз шадидтарин хушунатҳо, ояндаи мубҳам мебинад. Дар Водиалансорӣ ё дараи масеҳиён, сокинон суннатҳои мазҳабии худро ҳифз кардаанд, аммо бисёре мегӯянд, агар худмухтории бештаре ба даст нёваранд, ночор ба муҳоҷират хоҳанд шуд.
Як ҷавони масеҳӣ дар Димишқ гуфт: “Дар ин кишвар эҳсоси амният надорем. Танҳо орзуям ин аст, ки битавонам аз Сурия хориҷ шавам, аммо тавони молиашро надорам”.
tajnek.com
Тоҷнек