Ҳалокати теъдоде аз саҳюнистҳо ҳамзамон бо дидори Нетонёҳу ва Тромп
Ҳалокат ва ҷароҳати 11 низомии саҳюнист ҳамзамон бо дидори Натонёҳу ва Тромп
Байналмилал
Расонаҳои исроилӣ аз вуқӯъи ҳодисаи амниятии бисёр душвор барои низомиёни саҳюнист дар шаҳри Ғазза ҳамзамон бо дидори Натонёҳу ва Тромп хабар медиҳанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси гузориши аввалия, дар натиҷаи шиллики рокети зидди зиреҳ ба самти тонке дар шаҳри Ғазза аз сӯйи размандагони муқовимат, дастикам 9 низомии саҳюнист шадидан захмӣ шуданд, ки бино ба гузоришҳо пойи бархе аз онҳо қатъ шудааст.
Бархе расонаҳои исроилӣ низ аз ҳалокати 2 низомии саҳюнист дар шаҳри Ғазза хабар медиҳанд.
Ин расонаҳо тасреҳ карданд, ки талафоти ин амалиёти муқовимат бо истифода аз болгардҳои артиш ба бемористонҳои Телавив ва Беъруссабъ интиқол ёфтаанд.
Расонаҳои фаластинӣ низ аз даргириҳои шадид байни муҷоҳидони муқовимат ва низомиёни ишғолгар дар шимоли хиёбони Шифо дар шаҳри Ғазза ҳамзамон бо парвози густардаи болгардҳои исроилӣ хабар медиҳанд.
Бино ба навиштаи ин расонаҳои фаластинӣ, ин камини муқовимат шомили ҳадаф гирифтани як тонки исроилӣ ва як дастгоҳи булдозер ва сипас инфиҷори чандин бомб канори ҷодда ба ҳангоми расидани нерӯҳои кӯмакии исроилӣ ба маҳалли камин будааст.
tajnek.com
Тоҷнек