• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор Машоҳир

Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

December 5, 2025
in Машоҳир
0
муваффақият

муваффақият

0
SHARES
23
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

Мактаби инсоният

Носируддиншоҳ (яке аз шоҳони Қочор дар Эрон) дар сафари Хуросон, ба ҳар шаҳре, ки ворид мешуд, тибқи маъмул тамоми табақот ба истиқбол ва диданаш мерафтанд ва мавқеи ҳаракат аз он шаҳр низ ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, то ин ки вориди Сабзавор шуд.

Дар Сабзавор низ умуми табақот аз ӯ истиқбол ва дидан карданд. Танҳо касе, ки ба баҳонаи инзиво ва гӯшанишинӣ, аз истиқбол ва дидан худдорӣ кард, ҳаким ва файласуф ва орифи маъруф, Ҳоҷӣ Мулло Ҳодии Сабзаворӣ буд. Аз қазо танҳо шахсияте, ки шоҳ дар назар гирифта буд дар тӯли роҳи мусофирати Хуросон ӯро аз наздик бибинад, ҳамин мард буд, ки тадриҷан шӯҳрати умумӣ дар ҳамаи Эрон пайдо карда буд ва аз атрофи кишвар уламо ва донишҷӯён ба маҳзараш шитофта буданд ва донишгоҳи азиме дар Сабзавор ташкил ёфта буд.

Шоҳ, ки аз он ҳама истиқболҳо ва диданҳо ва курнишҳо ва тамаллуқҳо хаста шуда буд, тасмим гирифт худаш ба дидани ҳаким биравад. Ба шоҳ гуфтанд:

— Ҳаким шоҳу вазир намешиносад.

Шоҳ гуфт:

— Вале шоҳ ҳакимро мешиносад.

Ҷараёнро ба ҳаким иттилоъ доданд. Вақт таъйин шуд ва як рӯз дар ҳудуди зуҳр шоҳ фақат ба иттифоқи як нафар пешхидмат ба хонаи ҳаким рафт. Хонае буд соддаву муҳаққар бо асбобу лавозими бисёр содда. Шоҳ зимни сӯҳбатҳо гуфт:

— Ҳар неъмате шукре дорад. Шукри неъмати илм тадрису иршод аст, шукри неъмати молу сарват, кӯмак ва дастгирӣ аст, шукри неъмати салтанат ҳам албатта анҷоми ҳоҷатҳост, аз ин рӯ ман майл дорам шумо аз ман чизе бихоҳед, то тавфиқи анҷоми онро пайдо кунам.

— Ман ҳоҷате надорам, чизе ҳам намехоҳам.

— Шунидаам шумо як замини зироатӣ доред, иҷоза бидиҳед дастур диҳам он замин аз молиёт муоф бошад.

— Дафтари молиёти давлат мазбут аст, ки аз ҳар шаҳре чӣ қадр вусул шавад. Асоси он бо тағйироти ҷузъӣ ба ҳам намехӯрад. Агар дар ин шаҳр аз ман молиёт нагиранд, ҳамон маблағро аз дигарон зиёдтар хоҳанд гирифт, то маҷмӯе, ки аз Сабзавор бояд вусул шавад, такмил гардад. Шоҳ розӣ нашавад, ки тахфиф додан ба ман ё муоф шудани ман аз молиёт, сабаби фишор бар ятимон ва бевазанон гардад. Ба илова, давлат, ки вазифа дорад ҳофизи ҷону моли мардум бошад, ҳазина ҳам дорад ва бояд таъмин шавад. Мо бо ризо ва рағбат, худамон ин молиётро медиҳем.

Шоҳ гуфт:

— Майл дорам имрӯз дар хидмати шумо таом бихӯрам ва аз ҳамон ғизои ҳар рӯзи шумо бихӯрам, дастур бифармоед ноҳори шуморо биёваранд.

Ҳаким бидуни он ки аз ҷо ҳаракат кунад, фарёд кард:

— Ғизои маро биёваред!

Фавран оварданд, табақе чӯбин, ки бар рӯи он чанд қурс нон ва чанд қошуқ ва як зарф дӯғ ва миқдоре намак дида мешуд. Ҷилави шоҳ ва ҳаким гузоштанд. Ҳаким ба шоҳ гуфт:

— Бихӯр, ки нони ҳалол аст, зироати он дастранҷи худам аст.

Шоҳ як қошуқ хӯрд, аммо дид ба чунин ғизое одат надорад ва аз назари ӯ қобили хӯрдан нест. Аз ҳаким иҷоза хост, ки миқдоре аз он нонҳоро ба дастмол бибандад ва таяммунан ва табаррукан ҳамроҳи худ бибарад.

Пас аз чанд лаҳза, шоҳ бо як дунё буҳту ҳайрат хонаи ҳакимро тарк кард.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Райҳонатул-адаб”)

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Ҳикояти шоҳ ва ҳаким
Via: Ҳикояти шоҳ ва ҳаким
Tags: Ҳикояти шоҳ ва ҳаким
Previous Post

Сафсатагӯӣ

Next Post

Ирфон ва тасаввуф ба забони содда

Related Posts

Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино
Машоҳир

Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино

January 7, 2026
Кеши меҳр
Машоҳир

Кеши меҳр

November 14, 2025
Аҳмадшоҳи Масъуд
Машоҳир

Шери Панҷшер – Аҳмадшоҳи Масъуд

September 10, 2025
Ато Муҳаммадҷонов
Машоҳир

Ато Муҳаммадҷонов

September 2, 2025
Че Гевара
Машоҳир

Сукути дӯстонро ба ҳангоми ниёз фаромӯш намекунем

July 29, 2025
Мартин Хайдеггер
Машоҳир

Муруре бар андешаҳои Мартин Хайдеггер

June 8, 2025
Next Post
Ирфон ва тасаввуф ба забони содда

Ирфон ва тасаввуф ба забони содда

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved