• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Омили пешрафт

January 1, 2026
in Мавзӯоти доғ
0
Мушкил дар нашинохтани низоми сиёсии Эрон аст

Мушкил дар нашинохтани низоми сиёсии Эрон аст

0
SHARES
7
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Омили пешрафт

Андешкадаи Қалам

Омили пешрафти мо аз назари дониш ва биниш кадом аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мухотаби навиштори ҳозир бештар азизоне ҳастанд, ки аз вуҷуди андеша ва назари мухолиф, изҳори нороҳатӣ мекунанд…

Вуҷуди андеша ва назари мухолифи андешаи мо, на танҳо зарару зиёне надорад, балки омили пешрафти мо аз назари дониш ва биниш аст. Агар ҷомеае – ҳар ҷомеае – дар ноҳияи улуми инсонӣ пешрафт дошта, ин пешрафт бештар марҳуни вуҷуди оро ва назароти мухталиф ва мутазориб дар он ҷомеа будааст. Ихтилофи назар ва табодули оро ва баҳсу гуфтугӯ, ғайр аз ҷанҷолҳо ва аҳёнан кашмакашҳои физикӣ аст. Асосан, кашмакашҳои физикӣ инҳо натиҷаи набуди афкори мухолиф дар як ҷомеа аст, на баръакс. Ҳоло равшантар ва бо мисол тавзеҳ бидиҳам. Масалан, вақте дар ҷомеа як андеша ва як фикри мухолифи ақидаи шумо матраҳ мешавад ва бовари шуморо ва масоилеро, ки пеши шумо то имрӯз мусаллам будааст-ро зери суол мебарад, албатта бо далел, он вақт ҳамин худаш сабаб мегардад, ки шумо ба суроғи китоб биравед ва аз нав ва бо умқи бештар, ба мутолеа бипардозед ва ё аз касе, ки огоҳ ба ин масоил аст тавзеҳ бихоҳед. Ва дар ин сурат, аз ду ҳолат берун нест; ё он ки бароятон маълум мешавад, боваре, ки то ба ҳол доштаед, бепоя ва асос будааст, ва ё он ки ба далел ва бурҳони муҳкамтаре даст хоҳед ёфт, ки нодурустии афкори мухолифи шуморо бармало месозад. Яъне, дар ҳар ду сурат, ба нафъ ва суди шумо анҷомида, на ба зарару зиёни шумо. Ва ин аст пешрафти воқеӣ.

Дар торихи худи мо мусалмонон, агар ҷойе пешрафте суроғ дорем, мебинем, ин пешрафт марҳуни вуҷуди ихтилоф ва тазоруби оро ва баҳсҳое будааст, ки миёни уламо воқеъ мешуда. Агар фалосифаи мо мисли Форобӣ ва Бӯалӣ, дар арсаи фалсафа масоили нав ва тозаеро ба армуғон овардаанд, бештари ин навовариҳо ба баракати шубаҳот ва ишколоте будааст, ки мутакаллимон бар орои фалсафӣ ворид мекарданд. Ҳамин тарҳи ишколот боис мешуд, ки фалосифаи мо бештар таъаммуқ ва ғавр бикунанд ва дар натиҷа масоили тозаро ба армуғон оваранд. Агар ишколоти Имом Ғаззолӣ (р) – ва соири мутакаллимони мо – бар масоили фалсафӣ набуд, имрӯз мо китобе ба номи “Таҳофутут-таҳофут” аз Ибни Рушдро, ки воқеан як шоҳкор аст, надоштем. Агар ишколоти мутакаллимоне мисли Иҷӣ ва Тафтозонӣ ва ғайра набуд, ҳаргиз фалсафаи исломӣ ба ин пухтагие имрӯза дар дастраси мост, намерасид.

На танҳо дар арсаи фалсафа, балки дар соири ҳавзаҳо низ масъала аз ҳамин қарор аст. Агар ишколот ва шубаҳоти даҳриюне (атеистҳое) мисли Ибни Абилавҷоъ ва Абӯшокири Дайсонӣ набуданд, оё мо имрӯза дар арсаи илми калом, ин пухтагиеро, ки дар китобҳои каломӣ ва эътиқодии худ мебинем, суроғ доштем? Ҳаргиз.

Асосан, ин худи исломи мост, ки барои тарҳи ақоиди мухолиф маҷол додааст. Як китобе ҳаст маъруф ба “Тавҳиди Муфаззал”, ки шахсе ба номи Муфаззал дар ин китоб ривоятҳоеро аз Имом Содиқ (а) дар заминаи Худошиносӣ гирд овардааст. Ин ривоятҳо дар воқеъ посухҳои Имом Содиқ (а) аст ба шубаҳот ва ишколоте, ки Муфаззал аз забони даҳриюн (атеистҳо) ба Имом Содиқ (а) тарҳ карда. Ҳол, ба муқаддимаи ин китоб, ки тавассути Муфаззал навишта шуда таваҷҷӯҳ бифармоед:

* * *

“Поёни рӯз буд. Дар Равза, миёни қабр ва минбари Расули Худо (с) нишаста будам ва дар бораи шарофат ва фазилатҳои худододӣ ва бартарии ҷойгоҳи волои ҳазрати Паёмбар (с), ки ҷумҳури уммат нисбат ба онҳо огоҳ набуданд, меандешидам. Дар ин ҳол будам, ки ногоҳ Ибни Абилавҷоъ (яке аз атеистҳои маъруфи он даврон) ворид шуд ва дар ҷойе нишаст, ки метавонистам суханашро бишнавам. Он гоҳ яке аз ёронаш назди ӯ расид ва нишаст. Ибни Абилавҷоъ лаб ба сухан гушуд ва гуфт:

— Бешак, соҳиби ин қабр (яъне ҳазрати Паёмбар (с)) дар тамоми ҳолатҳояш ба мунтаҳои дараҷаи камол, шарофат ва азамат расида буд.

Ёраш гуфт:

— Ӯ доное буд, ки иддаъои мартибае бас азим ва манзилате бас бузург кард ва бар ин иддаъои худ мӯъҷизаҳое овард, ки ақлҳоро мағлуб ва фаҳмҳоро нотавон ва саргашта намуд. Хирадпешагон барои дарки ҳақиқати онҳо дар дарёи хурӯшони андеша фурӯ рафтанд ва саргашта ва ноком ва тиҳидаст бозомаданд. Он гоҳ, ки андешамандон ва фасеҳон ва хатибон даъваташро ба ҷон пазируфтанд, мардум дигар гурӯҳ-гурӯҳ ба динаш даромаданд. Номи ӯ бо номи Худой қарин гашт ва рӯзона панҷ бор дар азон ва иқома ин фарёд аз азонгоҳи ибодатгоҳҳо ва ҳар ҷойе, ки даъвати ӯ бад-он ҷо роҳ ёфтааст, дар дашту саҳро ва кӯҳу дарё ба ҳаво хост, то ҳар соат ёдаш тоза монад ва рисолаташ ба хамӯшӣ нагарояд.

Ибни Абилавҷоъ гуфт:

— Сухан аз Муҳаммад (с)-ро бигузор ва бигузар, ки ақли ман дар бораи ӯ саргашта ва андешаам дар кори ӯ гумроҳ ва бастааст. Дар бораи розу решаи кори ӯ сухан бигӯ, ки мардум бад-он сабаб онро мепӯянд.

Сипас (Ибни Абилавҷоъ) ба баёни оғози хилқат ва падид омадани ашё пардохт, ки ҳеч пардозиш, тадбир ва тақдире набуда ва офариниш созанда ва тадбиргар ва офаридгоре надорад, балки ҳама чиз худ ба худ ва бидуни тадбири мудаббире падид омада ва дунё ҳамеша чунин буда ва чунин хоҳад буд…

Муфаззал мегӯяд: (Бо шунидани ин суханони нораво) чунон ба хашму ғазаб омадам, ки инон аз кафам берун рафт ва (хитоб ба ӯ) гуфтам:

— Эй душмани Худо! Дар дини Худоят илҳод меварзӣ ва Худовандеро, ки ба некӯтарин сурат ва комилтарин офариниш падидат овард ва туро то бад-ин ҷо расонида, инкор мекунӣ?! Агар дар даруни хеш нек андеша кунӣ ва ҳисси латифи ту дар хато наяфтад, ҳар ойина далелҳо ва бурҳонҳои рубубият ва осори санъати созандаро дар вуҷудат нуҳуфта ва нишонаҳо ва далоили Хуованди Мутаъолро дар офаринишат равшан меёбӣ.

Ибни Абилавҷоъ (пас аз шунидани оҳанги тунди суханони Муфаззал) гуфт:

— Эй мард! Агар аз мутакаллимонӣ (яъне агар аз уламои дониши тавҳид ва ақоид ҳастӣ), бо ту сухан мегӯем. Он гоҳ, дар сурате ки (бар мо пирӯз шудӣ ва) ҳақро назди ту ёфтем, аз ту пайравӣ хоҳем кард, аммо агар аз инон нестӣ, ҳеч сухан магӯй. Ту агар аз ёрон ва асҳоби (Имом) Ҷаъфари Содиқ ҳастӣ, бидон, ки ӯ бо мо ин гуна сухан намегӯяд ва ҳамонанди ту бо мо муҷодила намекунад. Ӯ беш аз он чӣ ту аз мо шунидӣ, аз мо шунида, аммо ҳеч гоҳ суханро бо фуҳшу дашном олуда нанамудааст. Ӯ ҳамвора дар суханони худ шикебо, бовиқор, андешагар ва устувор буда ва ҳеч замоне ба сутуҳ намеомад ва хулқаш танг намегашт ва барнамеошуфт. Балки ибтидо нек ба суханони мо гӯш фаро медиҳад ва мекӯшад, ки далели моро ба дурустӣ дарёбад, мо низ ҳама чизи худро ба миён меоварем. Ва ҳангоме ки (суханони мо тамом мешавад ва) мепиндорем ӯро маҳкум кардем (ва бар ӯ пирӯз шудем), ногоҳ бо сухане кӯтоҳ ва андак, (бар мо ғолиб меояд), далеламонро мешиканад ва моро таслими далели худ мекунад, ба гунае ки ҳеч посухе дар ҷавоб ба далоилаш намеёбем. Ҳол, агар аз ёрони ӯйӣ, ту низ бо мо чун ӯ сухан бигӯ…” (Поёни қисмате аз муқаддимаи Муфаззал бар китоби Тавҳид)

Ва акси ин, агар дар ҷомеа андеша ва орои якнавохт ҳоким бошад ва касе ҳаққи изҳори ақидаи мухолифи он надошта бошад, афроди ин ҷомеа мунҷамид ва шахшуда ба бор хоҳанд омад. Зеро хотирашон ҳамеша ҷамъ аст. Якчунин ҷомеаеро хатари фурӯрезӣ (дар ноҳияи андеша ва фикр) таҳдид мекунад.

Тоҷнек

tajnek.com

 

Source: Омили пешрафт
Via: Омили пешрафт
Tags: Омили пешрафт
Previous Post

Равобити Созмони кишварҳои турк бо андешкадаҳои амрикоӣ

Next Post

Дигарандешӣ

Related Posts

Зарурати бозгашти пораи тан ба ватан
Мавзӯоти доғ

Зарурати бозгашти пораи тан ба ватан

March 16, 2026
Фармондеҳи ҳавофазои Сипоҳ: Бо мушакҳои сангин ду маркази Исроилро ҳадаф қарор додем
Мавзӯоти доғ

Фармондеҳи ҳавофазои Сипоҳ: Бо мушакҳои сангин ду маркази Исроилро ҳадаф қарор додем

March 16, 2026
Лориҷонӣ
Мавзӯоти доғ

Посухи Лориҷонӣ ба подоши 10 миллион долларии Амрико

March 16, 2026
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт
Мавзӯоти доғ

Қолибоф: Омрико пиёданизомашро барои Исроил дар чархи гӯшт андохтааст

March 15, 2026
Ироқчӣ-Аббос
Мавзӯоти доғ

Эрон: Тангаи Ҳурмуз фақат барои Амрико ва муттаҳидонаш баста аст

March 15, 2026
Жопун: Киштие ба дархости Тромп ба тангаи Ҳурмуз намефиристем
Мавзӯоти доғ

Жопун: Киштие ба дархости Тромп ба тангаи Ҳурмуз намефиристем

March 15, 2026
Next Post
Тарсондан – зулми бузург

Дигарандешӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Зарурати бозгашти пораи тан ба ватан

Зарурати бозгашти пораи тан ба ватан

March 16, 2026
Фармондеҳи ҳавофазои Сипоҳ: Бо мушакҳои сангин ду маркази Исроилро ҳадаф қарор додем

Фармондеҳи ҳавофазои Сипоҳ: Бо мушакҳои сангин ду маркази Исроилро ҳадаф қарор додем

March 16, 2026
Лориҷонӣ

Посухи Лориҷонӣ ба подоши 10 миллион долларии Амрико

March 16, 2026
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Қолибоф: Омрико пиёданизомашро барои Исроил дар чархи гӯшт андохтааст

March 15, 2026

Recent News

Зарурати бозгашти пораи тан ба ватан

Зарурати бозгашти пораи тан ба ватан

March 16, 2026
Фармондеҳи ҳавофазои Сипоҳ: Бо мушакҳои сангин ду маркази Исроилро ҳадаф қарор додем

Фармондеҳи ҳавофазои Сипоҳ: Бо мушакҳои сангин ду маркази Исроилро ҳадаф қарор додем

March 16, 2026
Лориҷонӣ

Посухи Лориҷонӣ ба подоши 10 миллион долларии Амрико

March 16, 2026
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Қолибоф: Омрико пиёданизомашро барои Исроил дар чархи гӯшт андохтааст

March 15, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Зарурати бозгашти пораи тан ба ватан

Зарурати бозгашти пораи тан ба ватан

March 16, 2026
Фармондеҳи ҳавофазои Сипоҳ: Бо мушакҳои сангин ду маркази Исроилро ҳадаф қарор додем

Фармондеҳи ҳавофазои Сипоҳ: Бо мушакҳои сангин ду маркази Исроилро ҳадаф қарор додем

March 16, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved