Маънои озодихоҳӣ
Андешагоҳ
Ҷумалоте аз Сайидҷамол
Озодихоҳӣ як орзуст, ба даст овардани он кору пайкор мехоҳад ва инсонро водор ба пазириши қурбонӣ ва исор ва қабули хатарҳо ва мушкилот мегардонад.
* * *
Пешво ҳамон касест, ки мардумро ба аъмолу афъоли худ раҳбарӣ мекунад, на ба авомиру ақволи худ.
* * *
Агар ҷоҳилон ҳоким шаванд, назму насақи ҷомеа аз ҳамдигар муталошӣ гардад.
* * *
Пасттарини мардум касест, ки зиндагии худро дар марги дигарон меҷӯяд ва бузургтарини онҳо ҳамон касест, ки зиндагии дигаронро гарчӣ як нафар ҳам бошад, дар бадали марги худ мехоҳад.
tajnek.com
Тоҷнек




















