Ман ҳоҷате надорам!
Сабки зиндагии як донишманди ҳаким
Носируддиншоҳ дар сафари Хуросон, ба ҳар шаҳре, ки ворид мешуд, тибқи маъмул тамоми табақот ба истиқбол ва диданаш мерафтанд, мавқеъи ҳаракат аз он шаҳр низ ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, то ин ки вориди Сабзавор шуд.
Дар Сабзавор низ умуми табақот аз ӯ истиқбол ва дидан карданд. Танҳо касе, ки ба баҳонаи гӯшанишинӣ, аз истиқбол ва дидан худдорӣ кард, ҳаким ва файласуф ва орифи маъруф Мулло Ҳодии Сабзаворӣ буд. Аз қазо, танҳо шахсияте, ки шоҳ дар назар гирифта буд, ки дар тӯли роҳи мусофирати Хуросон ӯро аз наздик бибинад, ҳамин мард буд, ки шӯҳрати умумӣ дар ҳамаи Эрон дошт ва аз атрофу акнофи кишвар туллоб ба маҳзараш шитофта буданд ва мадрасаи азиме дар Сабзавор ташкил ёфта буд.
Шоҳ, ки аз он ҳама истиқбол ва диданҳо ва курнишҳо ва тамаллуқҳо хаста шуда буд, тасмим гирифт худаш ба дидани Ҳаким Сабзаворӣ биравад. Ба шоҳ гуфтанд: Ҳаким шоҳу вазир намешиносад. Шоҳ гуфт: вале шоҳ Ҳакимро мешиносад.
Ҷараёнро ба Ҳаким иттилоъ доданд. Таъйини вақт шуд ва як рӯз дар ҳудуди зуҳр шоҳ фақат ба иттифоқи як нафар пешхидмат ба хонаи Ҳаким рафт. Хонае буд муҳаққар бо асбоб ва лавозими бисёр содда. Шоҳ зимни сӯҳбатҳо гуфт:
— Ҳар неъмате шукре дорад, шукри неъмати илм тадрис ва иршод аст, шукри неъмати мол кӯмак ва дастгирӣ аст, шукри неъмати салтанат ҳам албатта анҷоми ҳавоиҷ аст, бинобар ин ман майл дорам шумо аз ман чизе бихоҳед, то тавфиқи анҷоми онро пайдо кунам.
— Ман ҳоҷате надорам, чизе ҳам намехоҳам.
— Шунидаам шумо як замини зироъатӣ доред, иҷоза бидиҳед дастур диҳам, то он замин аз молиёт маъоф бошад. Дафтари молиёти давлат мазбут аст, ки аз ҳар шаҳре чӣ қадр вусул шавад. Асоси он, бо тағйироти ҷузъӣ ба ҳам намехӯрад.
— Агар дар ин шаҳр аз ман молиёт нагиранд, ҳамон маблағро аз дигарон зиёдтар хоҳанд гирифт, то маҷмӯе, ки аз Сабзавор бояд вусул шавад, такмил гардад. Шоҳ розӣ нашаванд, ки тахфиф додан ба ман ё маъоф шудани ман аз молиёт, сабаби таҳмиле бар ятимон ва бевазанон гардад. Ба илова, давлат, ки вазифа дорад ҳофизи ҷону моли мардум бошад, ҳазина ҳам дорад ва бояд таъмин шавад. Мо бо ризо ва рағбат худамон ин молиётро медиҳем. Шоҳ гуфт:
— Майл дорам имрӯз дар хидмати шумо ғизо сарф кунам ва аз ҳамон ғизои ҳар рӯзи шумо бихӯрам. Дастур бифармоед, то наҳори шуморо биёваранд.
Ҳаким бидуни он ки аз ҷо ҳаракат кунад, фарёд кард:
— Ғизои маро биёваред!
Фавран оварданд. Табақе чӯбин, ки бар рӯйи он чанд қурс нон ва чанд қошуқ ва як зарфи дӯғ ва миқдоре намак дида мешуд. Ҷилави шоҳ ва Ҳаким гузоштанд. Ҳаким ба шоҳ гуфт:
— Бихӯр, ки нони ҳалол аст, зироъат ва ҷуфткории он дастранҷи худам аст.
Шоҳ як қошуқ хӯрд, аммо дид ба чунин ғизое одат надорад ва аз назари ӯ қобили хӯрдан нест. Аз Ҳаким иҷоза хост, ки миқдоре аз он нонҳоро ба дастмол бибандад ва таяммунан ва табаррукан ҳамроҳи худ бибарад. Пас аз чанд лаҳза, шоҳ бо як дунё буҳту ҳайрат, хонаи Ҳакимро тарк кард.
tajnek.com
Тоҷнек

















