Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт
Байналмилал
Николас Мадуро аз дер боз иддао мекард, ки Доналд Трамп қасд дорад ӯро аз қудрат сарнагун созад, то ба захираҳои ғании нафти Венесуэла дастрасӣ пайдо кунад. Ин иддао солҳо аз ҷониби Вашингтон пайваста рад мешуд.
Бо вуҷуди ин, пас аз рабуда шудани Мадуро ва ҳамсараш, президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп ба таври ошкоро эълон кард, ки хостори дастрасии Амрико ба майдонҳои нафтии Венесуэла мебошад. Ин изҳорот боис шуд, ки иддаоҳои қаблии раиси ҷумҳури Венесуэла дубора дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо ва таҳлилгарон қарор гирад.
Бар асоси арзёбиҳои расмӣ, ҳаҷми захираҳои нафтии Венесуэла беш аз 300 миллиард бушка баровард мешавад, ки онро ба бузургтарин соҳиби захираҳои нафт дар ҷаҳон табдил медиҳад.
Ин таҳаввулот дар ҳоле сурат мегирад, ки баҳсҳо дар бораи ангезаҳои воқеии иқдомҳои Иёлоти Муттаҳида нисбат ба Венесуэла ҳамчунон дар сатҳи байналмилалӣ идома доранд.
Ҳарчанд Тромп дар паёме гуфтааст: Ман дар ҳоли ҳозир, дар фикри фурӯши нафти Венесуэла ҳастам.
tajnek.com
Тоҷнек
















