Тарсондан – зулми бузург
Мактаби инсоният
Паёмбари Акрам(с) фармуданд:
Бадтарини уммати ман касоне ҳастанд, ки мардум эшонро гиромӣ медоранд аз тарси бадии эшон. Ба дурустӣ, ки аз ман нест ҳар ки чунин бошад
***
Ҳеч мусалмонеро натарсонед; зеро тарсондани мусалмон зулмест бузург.
***
Ба дурустӣ бадтарин (фард аз миёни) мардум дар рӯзи қиёмат касе аст, ки мардум аз тарси баддаҳонии ӯ, аз вай фосила бигиранд.
***
Ҳар ки гуноҳе ва хоҳиши ҳароме ӯро пеш ояд ва аз тарси Худо онро тарк намояд, Ҳақ Таъоло ҷаҳаннамро бар ӯ ҳаром гардонад ва ӯро аз тарси бузурги қиёмат эман гардонад.
tajnek.com
Тоҷнек



















