Одоби муошират
Сабки зиндагӣ
Дар мавриди Расули Акрам(с) омадааст, ки он ҳазрат дар миёни ҷамъ, башшош ва кушодарӯ ва дар танҳоӣ, симои маҳзуну мутафаккир дошт.
Ҳаргиз ба рӯи касе хира нигоҳ намекард ва бештари авқот чашмҳояшро ба замин медӯхт.
Ағлаб дузону менишаст ва пойи худро пеши ҳеч кас дароз намекард.
Дар салом кардан ба ҳама, ҳатто бардагон ва кӯдакон, пешдастӣ мекард ва ҳар гоҳ ба маҷлисе ворид мешуд, наздиктарин ҷойро ихтиёр менамуд. Иҷоза намедод касе ҷо барояш холӣ кунад.
Сухани ҳамнишини худро қатъ намекард ва бо ӯ тавре рафтор мекард, ки тасаввур мешуд ҳеч кас назди Расули Худо (с) аз ӯ гиромитар нест.
Беш аз ҳадди лузум сухан намегуфт, ором ва шумурда сухан мегуфт ва ҳеч гоҳ забонашро ба дашном ва носазо олуда намесохт.
Ҳар гоҳ аз рафтори касе озурда мегашт, нороҳатӣ дар симояш намоён мешуд, вале калимаи гила ва эътироз бар забон намеовард.
Аз беморон иёдат менамуд ва дар ташйеъи ҷаноза ҳузур меёфт.
Ҷуз дар мақоми додхоҳӣ, иҷоза намедод касе дар ҳузури ӯ алайҳи дигаре сухан бигӯяд ва ё ба касе дашном бидиҳад ва ё бадгӯӣ намояд.
Тоҷнек
tajnek.com



















