Як ҳикояти таърихӣ аз рӯзгори хушомадгӯён ва чоплусон
Ёддошти профессор Сайфуллоҳ Муллоҷон
Холид ибни Абдуллоҳ ал-Қасрӣ аз воизони замони умавӣ буд, ки ҳар чӣ супориш медоданд, бар минбар ҳамонро мегуфт. Гоҳе бо дастур ва гоҳе бо дарёфти зару сим.
Ӯ рӯзе болои минбари Макка рафт ва шуруъ кард ба таърифу тамҷиди Ҳаҷҷоҷи Юсуф – волии ситампешаву саффок дар Ироқу Ҳиҷоз. Дар охири суханронӣ гуфт: “Итоат аз Ҳаҷҷоҷ бар ҳар мусулмоне воҷиб аст”.
Чанд рӯз нагузашта буд, ки Сулаймони Абдумалик (715-717), ки тоза ба қудрат расида буд, ба Холид нома навишта, дастур дод, ки “маъмур ҳастӣ Ҳаҷҷоҷро носазо гӯӣ ва дар баробари ҷамъият айбҳои вайро зоҳир созиву русво кунӣ ва аз ӯ изҳори безориву нафрат намоӣ”. Зеро робитаи Сулаймон бо Ҳаҷҷоҷ аслан хуб набуд ва Сулаймон аз ситамгарии ӯ огоҳӣ дошт.
Холид муддате дар ин андеша буд, ки суханони чанд рӯз қабли худро дар хутбаи намози ҷумъа чӣ гуна тавҷеҳ кунад. Саранҷом барои фиреби мардуми авом, ки лаҳзае фикри худро ба кор намеандохтанд, роҳи тоза андешид ва чунин ба суханони худ шуруъ кард: “Иблис яке аз фариштагони осмон буд ва тазоҳур ба ибодат мекард, ба тавре ки малоика мегуфтанд, Иблис аз мо беҳтару бештар ибодат мекунад. Вале Худо ба ботини баду тинати ӯ доно буд ва замоне ба ӯ амр кард, ки Одамро саҷда кунад. Иблис сарпечӣ кард ва фариштагон аз ботини бади Иблис огоҳ шуданду ӯро лаънат карданд.
Ҳикояти малоика шабеҳи ҳикояти мост. Мо низ зоҳиран медидем, ки Ҳаҷҷоҷ аз халифа ва амир итоат мекунад, хаёл мекардем, ки ӯ назди амир муҳтарам аз дигарон аст, валекин Худованд амирро аз найранг ва бадии тинати Ҳаҷҷоҷ огоҳ сохт. Худованд мехост ӯро русво кунад ва ин мавзуъро ба дасти амир Сулаймон ибни Абдумалик ҷорӣ кард. Бинобар ин, амир ӯро лаънат кард, шумо ӯро лаънат кунед, Худо ӯро лаънат кунад”.
Тоҷнек




















