Меҷӯям ба ҳарсӯ одаме
Он яке бо шамъ бармегашт рӯз,
Гирди бозоре, дилаш пуришқу сӯз.
Булфузуле гуфт ӯро, к-эй фалон!
Ҳин, чӣ меҷӯйӣ ба сӯйи ҳар дукон?
Ҳин, чӣ мегардӣ ту ҷӯён бо чароғ
Дар миёни рӯзи равшан? Чист лоғ?
Гуфт: меҷӯям ба ҳар сӯ одаме,
Ки бувад ҳайй аз ҳаёти он даме.
Ҳаст марде? Гуфт: ин бозор пур
Мардумонанд охир, эй донои ҳур!
Гуфт: хоҳам мард, бар ҷодай дураҳ,
Дар раҳи хашму ба ҳангоми шараҳ.
Вақти хашму вақти шаҳват, мард ку?
Толиби марде давонам кӯ ба кӯ.
Ку дар ин ду ҳол марде дар ҷаҳон?
То фидои ӯ кунам имрӯз ҷон.
(Ҳазрати Мавлоно)
Тоҷнек
tajnek.com
Source:
Меҷӯям ба ҳарсӯ одаме




















