• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Гуфторе аз Вил Дуронт

February 14, 2026
in Адабиёт ва ашъор
0
Оё дуо кунам ё талош кунам?

Оё дуо кунам ё талош кунам?

0
SHARES
12
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Гуфторе аз Вил Дуронт

Бахше аз дебочаи китоби “Лаззоти фалсафа”

Чаро ин рӯзҳо фалсафа дигар маҳбуб нест?

Чаро фарзандони ӯ, яъне улум, дороии ӯро миёни худ тақсим кардаанд ва худи ӯро бо носипосию хушунате ҷонфарсотар аз бодҳои сахти зимистонӣ аз дар берун рондаанд, ҳамчунон ки фарзандони шоҳ Лир бо ӯ карданд?

Рӯзгоре буд, ки тавонотарин мардон барои ҷонсупорӣ дар роҳи фалсафа омода буданд, чунон ки Суқрот шаҳодат дар роҳи фалсафаро бар гурез аз баробари душманони он тарҷеҳ дод ва Афлотун ду бор ҷони худро ба хатар андохт, то давлате мубтанӣ бар ҳикмату фалсафа ташкил диҳад.

Марк Аврелий Антонин (имперотури Рум) онро аз тоҷу тахти худ дӯсттар медошт ва Ҷордано Бруно (кашиш, файласуф ва кайҳоншиноси итолиёӣ) ба хотири вафодорӣ ба фалсафа, зинда ба оташ афканда шуд.

Рӯзгоре буд, ки подшоҳон ва попон аз ӯ метарсиданд ва барои ҷилавгирӣ аз заволи ҳукумати худ, пайравони ӯро ба зиндон меандохтанд. Отен (Афина) Прутогурос (Протагор, аз суфастоиёни пешосуқротӣ дар Юнони бостон)-ро аз худ биронд.

Искандария дар баробари Гипатия (зани юнонӣ, ки ба унвони нахустин зани барҷастаи риёзидон шинохта мешавад), ба ларза даромад.

Яке аз попони бузург, бо фурӯтанӣ дар садади ҷалби дӯстии Дезидерий Эразм Роттердамский (донишманд, файласуф ва адиби ҳоландӣ) баромад.

Подшоҳон ва ноибуссалатанаҳо Волтер (аз номдортарин файласуфон ва нависандагони асри рӯшангарӣ)-ро аз сарзамини худ берун карданд ва чун таъзими ҷаҳони мутамаддинро дар баробари қалами ӯ диданд, аз ҳасад бар худ бипечиданд.

Дионисий ва писараш ҳукумати Сиракузаро ба Афлотун пешниҳод карданд.

Кӯмаки шоҳонаи Искандар Арастуро донишмандтарин марди таърих сохт.

Подшоҳии донишманд, Фрэнсис Бэкон (сиёсатмадор ва файласуфи англисӣ)-ро то пешвоии Ангилис боло бурд ва аз ӯ дар баробари душманонаш пуштибонӣ кард.

Фредерики бузург ҳангоме ки нимашаб сардорони пурзарқу барқаш ба хоб мерафтанд, бо шуаро ва фалосифа ба шабнишинӣ мепардохт ва бар нуфуз ва султаи ҷовид ва ҳукумати бекаронашон ғибта мехӯрд.

Рӯзгори дурахшоне буд он гоҳ ки фалсафа ҳамаи манотиқи улумро зери пари худ дошт ва пешоҳанги тамоми пешрафтҳои илмию ақлӣ буд. Дар он рӯзгор фалсафа мӯҳтарам буд ва чизе шарифтар аз дӯст доштани ҳақиқат набуд.

Искандар, Диоген (файласуфи юнонӣ)-ро пас аз худ аввалин шахс медонист, ва Диоген аз Искандар мехост ба каноре биравад, то бадани шоҳонаи ӯ офтобро аз ӯ бознагирад.

Сиёсатмадорон, соҳибназарон ва ҳунармандон ба рағбат ба суханони Спиноза (файласуфи ҳоландӣ) гӯш медоданд.

Даҳ ҳазор толиби илм роҳи Порисро дар пеш гирифтанд, то аз Абеляр ҳикмат омӯзанд.

Фалсафа, он пирдухтари камрӯе набуд, ки дар бурҷе баста ба гӯшае биншинад ва аз зиндагии хашини ин ҷаҳон дурӣ гузинад; чашмони дурахшони ӯ аз рӯшании рӯз наметарсиданд. Ӯ ҳамвора худро ба хатар меафканд ва дар дарёҳои ношинос ба сафарҳои дуру дароз мепардохт.

Оё он ки рӯзе ёру надими шоҳон буд, акнун метавонад ба манотиқи тангу борике, ки дар он зиндонӣ шудааст, хурсанд шавад?

Партави рангоранги фалсафа, рӯзе то ториктарин гӯшаҳои руҳ метофт ва онро гармию рӯшанӣ мебахшид, аммо имрӯз бандаи шармсори гунаҳкори улуми гуногун ва пойбанди усули мадрасӣ шудааст.

Он ки рӯзе дар мамлакати ақл маликаи пуркибру нозе буд ва ходимони хушбахташ ӯро мепарастиданд, имрӯз он ҳама зебоиро аз даст дода ва андӯҳгин дар каноре истодааст ва мавриди таваҷҷӯҳи касе нест.

Фалсафа имрӯз маҳбуб нест, зеро руҳи хатарҷӯиро аз даст додааст; пешрафти ногаҳонии улум манотиқи паҳновари собиқи ӯро яке пас аз дигарӣ аз даст гирифтааст;

Кайҳоншинохт ҷои худро ба нуҷум ва заминшиносӣ додааст.

Фалсафаи табиӣ ба зиштшиносию физика бадал гаштааст ва дар ҳамин рӯзгори мо равоншиносии фалсафӣ аз танаи илмуннафси собиқ сар бар задааст.

Ӯ ҳамаи масоили воқеӣ ва қатъиро аз каф дода ва дигар бо табиати модда ва сирри ҳаёту нушӯ сару кор надорад.

Масъалаи ирода, ки фалсафа дар бораи озодии он дар садҳо маъракаи фикрӣ ворид шуда буд, акнун дар зери чархҳои зиндагии нав хурд шудааст.

Рӯзгоре баҳс дар масоили марбут ба давлат, хосси ӯ буд, вале акнун майдони тохту този мардуми кӯтаҳназаре шуда ва касе дар он боб, аз фалсафа машварат намеҷӯяд.

Барои фалсафа дигар чизе ҷуз қуллаҳои сарди мобаъдуттабиа ва муаммоҳои кӯдакона дар бораи кайфияти маърифат ва муноқишоти муғлақ дар илми ахлоқ намондааст ва онҳо низ таъсире дар сарнавишти инсон надоранд.

Ҳатто рӯзе хоҳад омад, ки ин қисматҳо низ аз вай гирифта шавад ва улуми навине падид ояд, ки дар ин масоил бо хатту андоза ва паргор баҳс кунад. Шояд аслан рӯзе биёяд, ки дунё фаромӯш кунад, ки фалсафае буда, ки рӯзгоре дилҳоро такон медода ва афкори мардумро раҳбарӣ мекардааст…

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Гуфторе аз Вил Дуронт
Via: Гуфторе аз Вил Дуронт
Tags: Гуфторе аз Вил Дуронт
Previous Post

Пуркортарин донишманди таърих

Next Post

Идеулужии миллӣ – 2

Related Posts

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Адабиёт ва ашъор

Ҳикояти марди тозамусалмон

February 26, 2026
Дамованд
Адабиёт ва ашъор

Дамованд

February 26, 2026
ҳофиз
Шеърҳо

Қуръон ва аҳодис дар осори Ҳофиз

February 26, 2026
Манобеи Шоҳнома
Адабиёт ва ашъор

Кохи баланди Фирдавсӣ

February 24, 2026
Қиматӣ дар шаҳри Мадина
Адабиёт ва ашъор

Водии оромиш

February 24, 2026
Маснавӣ
Шеърҳо

Достони паҳлавон ва хирс

February 22, 2026
Next Post
Идеулужии миллӣ - 2

Идеулужии миллӣ - 2

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

April 5, 2026
Даҳ амалиёти кӯбандаи Ҳизбуллоҳ дар 24 соат

Даҳ амалиёти кӯбандаи Ҳизбуллоҳ дар 24 соат

April 5, 2026
Мавҷи 96 амалиёти "Ваъдаи содиқ-4"

Мавҷи 96 амалиёти “Ваъдаи содиқ-4”

April 5, 2026
Вазоратхонаҳои Кувайт

Кувайт: Муҷтамаи вазоратхонаҳо мавриди ҳадаф қарор гирифтааст

April 5, 2026

Recent News

Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

April 5, 2026
Даҳ амалиёти кӯбандаи Ҳизбуллоҳ дар 24 соат

Даҳ амалиёти кӯбандаи Ҳизбуллоҳ дар 24 соат

April 5, 2026
Мавҷи 96 амалиёти "Ваъдаи содиқ-4"

Мавҷи 96 амалиёти “Ваъдаи содиқ-4”

April 5, 2026
Вазоратхонаҳои Кувайт

Кувайт: Муҷтамаи вазоратхонаҳо мавриди ҳадаф қарор гирифтааст

April 5, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

April 5, 2026
Даҳ амалиёти кӯбандаи Ҳизбуллоҳ дар 24 соат

Даҳ амалиёти кӯбандаи Ҳизбуллоҳ дар 24 соат

April 5, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved