• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор Машоҳир

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
in Машоҳир
0
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

0
SHARES
10
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ (995-1077), дабир ва муаррихи маъруф ва соҳиби китоби гаронмояи “Таърихи Байҳақӣ”.

Аз ӯ муаррихон ва зиндагиноманависон бо унвонҳои Хоҷа, Шайх, Котиб, Имом ва Амид ёд кардаанд. Зодаи Байҳақ буд, ки номи деринаи бахше аз Хуросон ва дарбаргирандаи Сабзавори кунунӣ будааст.

Байҳақӣ дабири Султон Маҳмуд буд ва пас аз ӯ дабири Султон Масъуд Ғазнавӣ ва Султон Фаррухзод. Пас аз Султон Фаррухзод, Байҳақӣ инзиво ихтиёр кард ва аз дидагон пинҳон шуд.

Муҳимтарин асари ӯ “Таърихи Байҳақӣ” ҷузъи мероси куҳани фарҳангии мардумони Эронзамин аст. Ин асар дар канори доштани насри шево ва пурлатофату равон, баёнгари таърих, тафаккур ва биниши дарбориён ва то ҳадде мардумони асри худ аст. Ин асари беҳамто дар воқеъ намоёнгари гузор аз силсилаи Сомонӣ ба унсури турк аст.

Сомониён, ки нигини бошукӯҳи тамаддун ва фарҳанги Эронзамин буданд аз миён рафтанд, аммо суннат ва мероси худро барои турктаборон ва бавежа Ғазнавиён барҷой гузоштанд. Дарбори Ғазнавӣ ҳаргиз аз бозофаринии фарҳангӣ бознаистод ва адибони фаровон аз ҷумла Абулфазли Байҳақиро дар даруни худ ҷой дод.

Байҳақӣ бо кӯшиши фаровон на танҳо асаре адабӣ офарид, балки рухдодҳои гуногуни таърихиро барои мо ба сабт расонид. Рухдодҳое ҳамчун достони Ҳасанаки вазир, ки бо насре шево, на танҳо таърихро барои мо ба сабт расониданд, ки шеваи либос пӯшидан, тавсифҳои минтақаи ҷуғрофиёӣ, боғҳои Хуросон, шаҳрҳо, ҳадоёи дарбориён, тафаккур ва андешаи дарбориён ва вазиронро низ ба мо ҳадия додааст.

Вазифаи яко-яки мост, ки қадр бидонем кӯшишҳои фаровони ин нависандаи гаронқадрро ва ҳар аз гоҳе ҳамгом бо ӯ ба сафар дар гузаштаҳои сарзамини худ биравем ва равони ӯро бо бозхонии навиштаҳояш гиромӣ бидорем.

Манбаъ: Таърихи Байҳақӣ, тадвини дуктур Раҳбар

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто
Via: Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто
Tags: Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто
Previous Post

Фарқи дин ва фалсафа

Next Post

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Related Posts

Эҳёгари афкори динӣ
Машоҳир

Эҳёгари афкори динӣ

February 18, 2026
Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ
Машоҳир

Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ

February 14, 2026
Эҳёгари афкори динӣ
Машоҳир

Рӯъёи Иқбол

February 14, 2026
Пуркортарин донишманди таърих
Машоҳир

Пуркортарин донишманди таърих

February 14, 2026
Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино
Машоҳир

Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино

January 7, 2026
муваффақият
Машоҳир

Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

December 5, 2025
Next Post
Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
Ҳанӯз ёд дорам

Фарқи дин ва фалсафа

February 18, 2026
Эҳёгари афкори динӣ

Эҳёгари афкори динӣ

February 18, 2026

Recent News

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
Ҳанӯз ёд дорам

Фарқи дин ва фалсафа

February 18, 2026
Эҳёгари афкори динӣ

Эҳёгари афкори динӣ

February 18, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved