• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
in Адабиёт ва ашъор
0
Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем
0
SHARES
25
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Нигоҳе ба торих

Аҳроми Мисрро бардагон насохтаанд. Солиёни сол аст, ки ин тасаввур байни мардум роиҷ аст, аммо шавоҳид нишон медиҳад, ки ин гуна нест. Мақбараи бархе аз коргарон канори аҳром кашф шудааст. Агар инҳо барда буданд, ҳаргиз мақбара ва гӯре надоштанд, он ҳам канори аҳром.

 

Ба гузориши Rewind, ҳамаи мо дар зиндагӣ ҳаддиақал як бор таърихи ҷаҳон ва ҳаводису иттифоқоти гузаштаро мутолиа ва дар ташхиси дурустии воқеаҳо ва ё ғалат будани онҳо ба муаррихон эътимод кардаем.

 

Аммо гоҳе мумкин аст мутахассисон дар умури таърихӣ ҳам бо таваҷҷӯҳ ба равиши таҳқиқӣ ва мутолиотии худ, дар сабти ҳаводис иштибоҳоте карда бошанд, ки баъдҳо донишмандони дигар бо ироаи санаду мадрак, онҳоро тасҳеҳ кардаанд. Дар ин матлаб 30 мавриди таърихиро, ки мардум ба онҳо бовар кардаанд барраси кардаем:

1) Голиле (Galileo Galilei) аввалин касе набуд, ки назарияи “замин даври хуршед мечархад”-ро ироа кард. Балки қабл аз ӯ дар қарни севвуми қабл аз милод ин назарияро Ористорхус Сомусӣ (Aristarchus Samos) матраҳ кард ва баъд аз ӯ ҳам Никуло Куперник дар қарни 16 милодӣ ба он таваҷҷӯҳ кард.

2) Дар таърих омада, ки Нерун (Nero) ҳангоми суқути Имперотурии Рум дар ҳоли навохтани виюлун будааст. Бояд таваҷҷӯҳ дошт дар замони ҳамла ба Рум ӯ аслан дар онҷо набуда, илова бар ин ки виюлун то он замон ҳанӯз сохта нашуда буд.

3) Мегӯянд имперотурии Искандари Мақдунӣ бузургтарин имперотурӣ дар тӯли таърихи ҷаҳон аст. Аммо бояд гуфт, ки чунин нест. Аз лиҳози вусъати футуҳот ва лашкаркашиҳо имперотурии муғулҳо бузургтар буда; ва ҳатто дар миқёс бо кишваргушоиҳои дигар низ кучактар будааст.

4) Дар таърих омада, ки Кристуфер Колумб (Christopher Columbus = Христофор Колумб) собит кард, ки замин гирд аст. Аммо воқеан намедонем чаро чунин боваре миёни мардум роиҷ аст? Гирд будани замин аз замони Арасту мавриди баҳси донишмандон будааст.

5) Нопулеун Бунопорт (Napoleon Bonaparte) он қадрҳо ҳам, ки мегӯянд, кӯтоҳқад набудааст. Ӯ 5.7 инч (дюйм) будааст, ки барои замони худаш қадде мутавассит ба шумор мерафта.

6) Дар достонҳо гуфта шуда, ки Мори Онтунет (Marie Antoinette, вопасин малика пеш аз инқилоби кабири Фаронса) ба деҳқонони фаронсавӣ таваҷҷӯҳ карда ва ба атрофиён дастур дода, ки ба онҳо кек бидиҳанд. Аммо ин масъала ҳаргиз иттифоқ наёфтодааст. Жон Жок Русу дар шарҳи зиндагиномаи худ эътироф карда, ки ин достонро ба малика нисбат дода, дар ҳоле ки малика дар замони вуқӯъи достон 10 сола будааст.

7) Далели оташсӯзии бузурги Шикогу (Чикаго дар 10 октябри соли 1871) лагади як гов ба чароғи тавила набудааст. Баъдҳо ин хабарро дар рӯзномаҳо такзиб карданд, аммо иллати он ҳеч вақт гуфта нашуд.

8) Бенҷомин Фронклин (Benjamin Franklin) электриситаро ихтироъ накард. Ҷараёни барқ муддатҳо қабл аз ӯ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Ӯ ҷараёни барқеро, ки дар раъду барқ буд исбот кард.

9) Муҳокимаи ҷодугарони шаҳри Salem (дар соли 1692) иттифоқ афтодааст ва 20 нафар ҷони худро аз даст доданд, аммо онҳо дар оташ насӯхтанд, балки эъдом ва ё зери семент қарор гирифтанд ва леҳ шуданд.

10) Эбнер Доблдей (Аbner Doubleday) бисболро ихтироъ накард. Ин як достони омиёнаи аҷибу ғариб аст.

11) Дар зиндагиномаи Ҷурҷ Вошингтун навиштаанд, ки ӯ дарахти гелосеро, ки падараш алоқаи зиёде ба он дошт бо табар шикаст ва хурд кард ва вақте роҷеъ ба он аз ӯ суол карданд дурӯғ нагуфт. Ин як достони дурӯғин аст, ки аввалин бор Parson Weems шарҳ дода.

12) Пол Ревир (Paul Revere) ҳаргиз ҳангоми саворкории маъруфи худ фарёд назада “Бритониё меояд!” (дар хилоли ҷанги Омрико ва Бритониё). Ин тасаввуроти ғалатро Водзурес Лунфлог вориди шеър кардааст. Дар воқеъ ӯ танҳо саворкор набуда, ба ғайр аз ӯ се ё панҷ саворкори дигар ҳам буданд, ки хабари наздик шудани артиши Бритониёро доданд.

13) Войкингҳо (викингҳо) ҳаргиз рӯйи кулоҳи худ шох надоранд. Тақрибан ҳар тасвире, ки аз войкингҳо мебинем, бо мӯйҳо ва кулоҳҳои аҷибу ғариб аст, ва нукта ин ҷост, ки то ба ҳол касе онҳоро аз наздик надидааст, тасвири килосики войкингҳои шохдор дар соли 1876 дар уперои (операи) Ричорд Вогнер барои аввалин бор ба намоиш гузошта шуд.

14) Гуфта мешавад, дар қуруни вусто хеле аз афрод ба 30-солагӣ, ки мерасиданд, мемурданд. Дуруст аст, ки нархи умед ба зиндагӣ дар он солҳо бисёр поин буда, аммо мардум байни 21 то 64 сол умр мекарданд.

15) Бенҷомин Фронклин пешниҳод накард, ки “бӯқаламун” ба ҷойи “уқоб” намоди миллии Омрико бошад. Ӯ намоди уқобро дӯст надошт, аммо пешниҳодаш тасвири ҳазрати Мӯсо буд.

16) Аҳроми Мисрро бардагон насохтаанд. Солиёни сол аст, ки ин тасаввур байни мардум роиҷ аст, аммо шавоҳид нишон медиҳад, ки ин гуна нест. Мақбараи бархе аз коргарон канори аҳром кашф шудааст. Агар инҳо барда буданд, ҳаргиз мақбара ва гӯре надоштанд, он ҳам канори аҳром.

17) Нозиҳо мағлуби зимистони Русия нашуданд. Аввал ин ки ҷанг дар поиз буд ва ин фасл пур аз бориши борон дар Русия аст ва заминҳо лағзанда ва ботлоқҳои фаровоне ба вуҷуд меомад. Дар воқеъ тонкҳои нозӣ дар гилу лой фурӯ мерафтанд, ва дуввум ин ки нозиҳо тавассути русҳо муҳосира шуданд, на ин ки дар барф гир карда бошанд.

18) Бумиёни омрикоӣ (сурхпӯстҳо) шикорчӣ набуданд. Бештари онҳо кишоварз буданд ва ин фарз ба василаи нажодпарастон матраҳ шуд, то тавҷеҳе бошад барои ин ки битавонанд онҳоро ба роҳатӣ бикушанд.

19) Нинҷоҳо фақат сиёҳ намепӯшанд. Аввал аз ҳама ин ки нинҷоҳо воқеӣ ҳастанд ва вуҷуд доштанд. Дуввум ин ки кори нинҷоҳо ҷосусӣ буд, бинобар ин монанди ҳамаи мардум либос мепӯшиданд то ношинохта боқӣ бимонанд.

20) Ҷон Броун девона набуд. Ҷон Броуни омрикоӣ касе буд, ки таассуби зидди бардадории шадиде дошт ва бо 18 нафар аз дӯстонаш ба анбори муҳиммоти Ҳорпрез Фирии Вирҷиниё ҳамла кард ва ба тасарруфи худаш даровард. Тасаввуре, ки ҳама аз ӯ доранд, чашмоне ваҳшӣ ва мӯҳои ба ҳам рехта аст. Дар воқеъ ӯ дар назари мардум девона буд. Аммо дар воқеъ ин гуна набуд ва дифоъиёти ӯ қабл аз эъдомаш ва чеҳраи орому хандони ӯ қабл аз марг ва бӯсае, ки бар пешонии кӯдаке сиёҳпӯст мезанад, хилофи ин иддаоро собит мекунад.

21) Бардадорӣ аз ҷануби Омрико марсум нашудааст, балки бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ кард, ки дар соли 1720 аксари омрикоиҳо барда доштанд.

22) Инки Эйнштейн дар кӯдакӣ хинг буда ва риёзиро намефиҳмида ҳарфи дурусте нест. Ӯ аз синни навҷавонӣ дар риёзӣ бисёр қавӣ буд. Шояд ин достон аз замоне матраҳ шуд, ки ӯ дар имтиҳони вурудии дабиристон қабул нашуд, он ҳам барои ин ки имтиҳон ба забони фаронсавӣ буд.

23) Артиши 300 нафараи Спартан бо артиши эрониён наҷангид. Онҳо 7000 нафар буданд ва танҳо 300 нафари онҳо аҳли Спартан буданд.

24) Калисои котулик алайҳи назарияи Куперник (замин даври хуршед мегардад) барнахост. Дар воқеъ Куперник барои калисо кор мекард ва назарияҳояшро зери назари онҳо мунташир мекард. Дар асл котуликҳо чандин сол коре ба ин назария надоштанд ва ҳатто бо истифода аз он бо прутестонҳо мубориза карданд.

25) Глодиётурҳои (гладиаторҳои) Руми бостон ҳаргиз барои марг намеҷангиданд. Онҳо дар майдони набард асосан муҷоз ба куштан набуданд, зеро ҳар як аз онҳо сармояе барои соҳибонашон буданд.

26) Достони Пукоҳунтес (Pocahontas = духтари сурхпӯст), ки анимейшани он низ сохта шудааст, воқеӣ аст. Албатта ӯ бо Ҷон Исмит издивоҷ накард. Ҳамсари ӯ Ҷон Рулф буд, ки баъд аз издивоҷ низ ба суръат аз Урупо хориҷ шуданд.

27) Ҳелен Келер (Helen Keller) нависандаи ғайрисиёсӣ набуд. Ӯ як сусиёлист буд, ки ба ҷойгоҳи занон дар ҷомеа ҳам таваҷҷӯҳи вежае дошт. Ӯ душмани аслии Вилсун (раисиҷумҳури солҳои 1913-1921 Омрико, ки ба нажодпарастӣ ва бераҳмӣ шӯҳрат дошт) буд.

28) Ван Гуг (Vincent van Gogh) гӯши худро ба хотири девонагӣ ва аз рӯйи асабоният набурид. Ба назар мерасад дар соли 1888 дар як дуел гӯши худро аз даст дод. Албатта, ки ӯ аз бемории руҳӣ-равонӣ ҳам ранҷ мебурд.

29) Вилём Ҳенри Ҳорисун (William Henry Harrison) ба хотири як суханронии тӯлонӣ намурд. Муаррихон мегӯянд, ки ӯ дар як рӯзи боронии сард дар як суханронии тӯлонӣ ҷони худро аз даст дод, дар ҳоле, ки имрӯза ба ин натиҷа расиданд, ки табрӯда (брюшной тиф) иллати марги ӯст.

30) Ричорди севвум (Richard III) кӯзапушт набуд. Дар соли 2012 скелети вай кашф шуд. Сутуни фақароти ӯ мунҳанишакл буд, аммо на ба андозае, ки пушти ӯро хамида кунад.

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем
Via: Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем
Tags: Дурӯғҳои торихиеки боварашон кардаем
Previous Post

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Related Posts

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто
Машоҳир

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
Эҳёгари афкори динӣ
Машоҳир

Эҳёгари афкори динӣ

February 18, 2026
Чаро ғамгин бошам?
Адабиёт ва ашъор

Чаро ғамгин бошам?

February 18, 2026
Ҷабр аст ё ихтиёр
Шеърҳо

Ҷабр аст ё ихтиёр

February 18, 2026
Таъсири мутолиа бар кӯдакон
Адабиёт ва ашъор

Таъсири мутолиа бар кӯдакон

February 15, 2026
Оё дуо кунам ё талош кунам?
Адабиёт ва ашъор

Ормони дуздӣ

February 15, 2026

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
Ҳанӯз ёд дорам

Фарқи дин ва фалсафа

February 18, 2026
Эҳёгари афкори динӣ

Эҳёгари афкори динӣ

February 18, 2026

Recent News

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
Ҳанӯз ёд дорам

Фарқи дин ва фалсафа

February 18, 2026
Эҳёгари афкори динӣ

Эҳёгари афкори динӣ

February 18, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved