Моҳи рамазон – моҳи тавба
(Бахше аз дарсҳои хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ)
“Моҳи мубораки Рамазон яъне аҷин шудани руҳу ҷисм бо ҳақиқати тавҳиди олам. Дар ин айём ҳолу ҳавои ҳаёту зиндагӣ ранги дигаре дорад ва инсон ба ростӣ дарк мекунад, ки дар фазои хосс ва истисноӣ қарор гирифтааст.
Ба муносибати моҳи Рамазон таваҷҷӯҳ кунем ба
وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي
(“Ва намозро фақат барои ёди ман (Худо) бапо дор!” (Сураи Тоҳо, ояти 14)) Ин яке аз дастуроти корбурдӣ аст. Намоз барои зикр аст, барои ёд аст, намозро барои зикри Худо маҳфуз бидоред. Имрӯз мо агар чунончи инро дар мавриди худамон амал кунем, ки инро ҳамаи мо метавонем амал кунем, намозро бо таваҷҷӯҳ бихонем ва дар намоз диламонро ба ҷойи дигаре наспорем ва намозро барои зикри Худои Мутаол бихонем, ин яқинан таъсироти фаровоне дар эътилои руҳии мо хоҳад дошт, ҳамчунин
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَصُوحًا
(“Эй касоне, ки имон овардаед! Тавба кунед тавбаи холисе…” (Сураи Таҳрим, ояти 8)), ки ин рӯзҳо рӯзҳои тавба аст, рӯзҳои истиғфор аст, рӯзҳои руҷӯъ ба Парвардигор аст. Умедворем иншоаллоҳ Худои Мутаол ба ҳамаи оҳоди миллати мо ва ба ҳамаи оҳоди мусалмонон тавфиқ диҳад, ки битавонанд вазоифи моҳи Рамазонро, вазоифи исломиро анҷом диҳанд.”
Тавба аз гуноҳ дар моҳи Рамазон яъне чӣ?
“Яке аз баракоти ин дидори рамазонӣ, баҳрамандӣ аз фазои маънавии моҳи Рамазон аст. Дар фақароти дуои воридшуда барои рӯзҳои моҳи Рамазон мехонем:
وَهذا شَهرُ الصّیام، وَهذا شَهرُ القیام، وَهذا شَهرُ الاِنابَة
وَأَنیبوا اِلی ربِّکُم
وهذا شَهرُ التَّوبَة، وَهذا شَهرُ المَغفِرَةِ وَالرَّحمَة
Ин моҳ ва ин фазо, ин хусусиётро дорад.
Тавбаи мо аз кадом гуноҳ аст? Хуб, сар то пои инсон ва амсоли банда, гуноҳ ҳастем, лекин гуноҳон ду ҷуранд: як гуноҳе аст, ки фақат ба худи инсон зарба ворид мекунад, як гуноҳе аст, ки судури он аз инсон ба дигарон зарба мезанад. Чизеро, ки ин дандон инсон мазқ мекунад ва меҷавад, гоҳе як чизи сахте аст, худи дандон мешиканд, ба ҷойи дигаре зарар намерасад, аммо гоҳе инсон бо ин дандон ғизоеро мехӯрад, ки кабиди (ҷигари) инсонро аз кор меандозад, кабид тақсире надошт, тақсири ин дандон буд, тақсири ин даҳон буд.
Гуноҳони мо гоҳе ин ҷурӣ аст. Мо як ҳаракатеро анҷом медиҳем, як суханеро мегӯем, як роҳеро меравем, ки ҷомеа зарар мекунад, кишвар зарар мекунад, ин ҷур гуноҳон, гуноҳони бузурге аст. Фармуд:
وَاتَّقُوا فِتْنَةً لَا تُصِيبَنَّ الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْكُمْ خَاصَّةً
(“Ва битарсед аз балое, ки чун ояд, танҳо махсуси ситамкорони шумо набошад (балки ҳамаро фаро гирад)…” (Сураи Анфол, ояти 25)) Гоҳе касе зулме мекунад, ҷазое, ки Худои Мутаол барои он зулм қарор медиҳад, фарогир аст ва ҷомеаро фаро мегирад. Аз чунин зулме, аз чунин фитнае бояд парҳез кард. Ин хитоб ба мо масъулин аст, оҳоди мардум мухотаб ба ин хитоб нестанд, мо масъулин ҳастем, ки ҳам метавонем коре кунем, ки зиёни он ба ҷомеа бирасад, ҳам метавонем аксаш амал кунем, коре кунем, ки нафъи он ба ҷомеа бирасад.”
Нигоҳе ба “Алмизон”-и Аллома Таботабоӣ
Марҳуми Аллома Таботабоӣ (р) дар тафсири ин ояти шарифаи сураи Нисо, ки:
مَا أَصَابَكَ مِنْ حَسَنَةٍ فَمِنَ اللَّهِ وَمَا أَصَابَكَ مِنْ سَيِّئَةٍ فَمِنْ نَفْسِكَ
(“Ҳар чи аз анвоъи некӯӣ ба ту расад, аз ҷониби Худост ва ҳар бадӣ расад, аз худи туст…” (Сураи Нисо, ояти 79)) — як баёне доранд. Мефармоянд, ки ҷомеаҳои башарӣ, ҷомеаи кишвар, як ҷомеаи хосси як маҳдуда як ҳувияти мустақилле дорад, як ҳувияти ваҳдонӣ дорад ғайр аз ҳувияти афрод, яъне ҷомеаи як кишвар бо як нигоҳ мисли як инсони воҳид аст. Ҳамчуноне ки дар инсон воҳиди як узв мумкин аст амале анҷом бидиҳад, ки бақияи аъзоро даргир кунад, дар ҷомеа ҳам ҳамин ҷур аст, як узв мумкин аст коре кунад, ки ҳамаро даргир кунад.
Ҳаводисе барои ҷомеа пеш меояд, иддае бегуноҳанд дар он ҳодиса, пас чӣ тавр мешавад гуфт, ки
وَمَا أَصَابَكَ مِنْ سَيِّئَةٍ فَمِنْ نَفْسِكَ
Эшон мефармоянд, на, ҳамин дуруст аст, ҳамин ҷо ҳам
فَمِنْ نَفْسِكَ
аст, мунтаҳо нафси як мавҷуди васеъе ба номи ҷомеа аст, ки як ҷузъе аз ӯ гуноҳе карда. Хуб, агар бино бошад, ки аз чунин гуноҳе мо парҳез кунем, хеле бояд муроқиб бошем, эҳтиёҷ дорад ба муроқибат, ба диққат. Ин фазои моҳи Рамазон инро боисте ба мо таълим бидиҳад, инро боисте ба худамон талқин кунем, воқеан эҳсоси масъулият кунем, ҳар ҷо ҳастем.”
tajnek.com
Тоҷнек



















