Паёми сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ба мутаҷовизон
Ахбори байналмилал
Паёми маънодори сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мутаҷовизон бо бозхонии таърих
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар паёме дар шабакаи Х, бо дарҷи тасвири сангнигораи пирӯзии Шопури аввали Сосонӣ бар имперотури Рум, навишт:
“Румиён тасаввур мекарданд, ки Рум маркази олам аст; аммо эрониён ин таваҳҳумро дарҳам шикастанд. Лашкаркашии Марк Юлий Филипп Август (Marcus Iulius Philippus Augustus = Филиппи Араб) ба самти шарқ алайҳи Имперотурии Сосониён, мунҷар ба пирӯзии румиён нашуд, балки ба сулҳе бо шартҳои Шопури аввал хатм шуд. Имперотур ночор шуд бо воқеият канор биёяд”.
Тоҷнек



















